Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза барои фошсозии омилони сӯхтор дар "Корвон"


Нуршед Машрабов, мудири бозори "Корвон"
Нуршед Машрабов, мудири бозори "Корвон"

Раҳбарияти бозори «Корвон»-и Душанбе, барои пайдо кардани омилони сӯхтор, ҷоиза таъйин кардаанд.

Ба гуфтаи Нуршед Машрабов, мудири бозори "Корвон", сарфи назар аз кору вазифа, ҳар нафаре, ки гунаҳкори оташсӯзиро бо таъйид ва тасдиқи ҳамаҷониба пайдо мекунад, соҳиби ҷоизаи 150 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд.

Таъйини ҷоиза барои пайдо кардани омилини сӯхтор дар ҳолест, ки қаблан оқои Машрабов барқасдона будани ҳодисаи сӯхтор дар бозори "Корвон"-ро аз эҳтимол дур надонист. Ба қавли ӯ, оташсӯзии бозори "Корвон" аз чаҳор нуқта сар задааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 12-уми сентябр дар маҳалли сӯхтори бозори "Корвон" сохтмони бозори ҷадид оғоз мешавад. Нуршед Машрабов, мудири бозори «Корвон» рӯзи душанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳамарӯза ҳудуди 200 мошин партов ва хокистарро аз маҳали сӯхтор берун мебаранд.

Вай гуфт, ки сохтмони бозори нав дар маҳалли сӯхтор бо ҷойгир кардани 2000 дӯкон бунёд карда мешавад. Ба қавли Нуршед Машрабов, ҳоло комиссияи махсус сабабҳо ва ҳаҷми зарари ворида бар асари отушсӯзиро меомӯзад.

Шоми панҷуми сентябр "Корвон" - яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар коми оташ рафт, ки бар асари он садҳо дӯкон ба хокистар мубаддал шуданд ва ба тоҷирон миллионҳо сомонӣ зиён ворид шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр бо пахши баёнияи расмии худ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор бозори савдои яклухтфурӯшӣ (оптовый)-и "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид."

Субҳи рӯзи 7-уми сентябр комиссияи махсуси иборат аз кормандони ВКД ва Додситонии кул ба таҳқиқи иллатҳои сӯхтор ва хисороти сӯхтор дар бозори "Корвон" оғоз карданд.

Бо ин вуҷуд, то кунун сабаби аслии сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон" расман аз сӯи мақомот баён нашудааст. Вале иддае ҳам тахмин мезананд, ки ин сӯхтор дар пайи истифодаи балони газ сурат гирифтааст. Иддаи дигар ҳам ноқили барқро "гунаҳкор" медонанд.

Эътирози тоҷирони "Корвон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG