Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба таҷлили "бе таоми" мавлуди паёмбар иҷоза дод


Масҷиди марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, барои таҷлил аз мавлуди паёмбари Ислом расман иҷоза дод, вале аз сокинон хост, ки ин маъракаро бе додани ошу зиёфат баргузор кунанд. Дар қарори расмии Шӯрои уламо таъкид шудааст, ин маросим дар ҳамаи масҷидҳои кишвар рӯзи 9 декабр баргузор ва аз натиҷаи он "ҳисоботи хаттӣ пешниҳод хоҳад шуд".

Дар Тоҷикистон солҳои гузашта мавлуди паёмбар дар хона ва маҳфилҳои ҷудогона таҷлил мешуд.

Як мусоҳиби мо дар Шӯрои уламо гуфт, қарор рӯзи 2 декабри имсол дар Душанбе қабул ва барои иҷро ба ҳамаи имом-хатибон ирсол гардидааст. "Қобили зикр аст, ки мавлуди паёмбар яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад", - афзуд ӯ.

Ҳар сол 12 моҳи рабеулаввал, ки ин дафъа ба ибтидои декабр рост омадааст, пайравони дини Ислом рӯзи мавлуди паёмбар Муҳаммадро ҷашн мегиранд. Ин ид миёни мусалмонон бо номҳои "милоди набӣ", "мавлуди шариф", "рӯзи набӣ" ё "мавлуди расул" низ маъруф аст. Дар рӯзи мавлуд асосан имом-хатибон мавъиза ироа карда ва қиссаҳои марбут ба рӯзгори паёмбарро ба сокинон мерасонанд.

Дар ҳоле ки тарафдорони мавлуди паёмбар ин ҷашнро бештар ба унвони маросими зикри хайр медонанд, гурӯҳе аз мухолифонаш, баръакс, ба унвони "як бидъат" мешиносанд. Як рӯҳонӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "ин рӯз чандон пояи шаръӣ надорад. Агар асл медошт, худи паёмбар ин амалро ба ҷой меоварданд. Ё ба уммат мерасонданд."

Дар Тоҷикистон солҳои гузашта мавлуди паёмбар дар хона ва маҳфилҳои ҷудогона таҷлил шуда, барои ҷашн гирифтан ё нагирифтани он қарори расмӣ содир намешуд. Амониддини Назмиддин, як сокини вилояти Суғд, гуфт, дар гузашта дар манзили онҳо китоби мавлуди паёмбарро хонда, дар бораи ӯ сӯҳбату ривоятҳои зиёд мешуниданд.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

"Як рӯзи хос буд. Фақат дар бораи паёмбар сӯҳбат мешуд. Албатта, ғизоҳои хуб ҳам омода мешуд ва ин ҷойи бадӣ надошт, ба фикрам", - гуфт ӯ. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, аммо солҳои охир дар пайи афзоиши муҳоҷирати сокинон то ҳадде шукӯҳи чунин маҳфилҳо дар минтақаҳо коста шудааст ва кам касон барои таҷлил аз ин рӯз дар хонаҳояшон омодагии ҷиддӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон гуфтанд, шояд Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо додани иҷозаи расмӣ талош кардааст, тарафдорияш аз Исломи муътадилро ба намоиш гузошта ва дили то ҳадде сардшудаи бархе аз пайравони Исломро дубора ба худ гарм намояд. Онҳо мегӯянд, вазъи дину диндорӣ дар Тоҷикистон то соли 2009, яъне замони тасвиби қонуни нави дин дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа хеле беҳтар буд, аммо баъдан талоши мақомот барои таҳти назорати шадид гирифтани фаъолияти масоҷиду имом-хатибон мухолифатҳои зиёдро ба бор оварда ва кишварро дар раддабандии озодиҳои мазҳабӣ низ чанд зина ба қафо партофт.

Мавлуди паёмбари Ислом бори нахуст расман дар Миср, дар замони ҳукумати шиаҳои Фотимиён, таҷлил шудааст. Дар замони Фотимиён дар баробари мавлуди паёмбар, милоди ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотима ва инчунин, халифа, яъне имоми давр низ ҷашн гирифта мешуд. Пайравони аҳли суннат мавлуди паёмбарро дар охирҳои қарни дувоздаҳум дар Сурия таҷлил карданд. Аммо чун ҳукумати Фотимиён аз миён рафта буд, доираи таҷлили он ҳам маҳдуд буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG