Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД алайҳи рафтани тоҷикон ба Сурия дар Русия таблиғ мекунад


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми дирӯз 18 нафар ҷавонони фаъолро барои мулоқот бо ҷавонони тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Русия ба Маскав фиристод.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳадафи ҷилавгирии ҷавонони тоҷик аз пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои тундгаро, гурӯҳи таблиғотии худро ба Русия фиристод. Ба ин ҳайат 18 нафар ҷавонон шомил мебошанд. Дар назар аст, дар ин мулоқотҳо мавзӯъи ҷилавгирӣ аз имкони шомилшавии онҳо ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва тундгаро матраҳ шавад.

Ин барои нахустин бор аст, ки як гурӯҳи ҷавонон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳадафи ҷилавгирии ҷавонон бо гурӯҳҳои тундгаро ба Русия фиристода мешавад.

Ин гурӯҳи мавсум ба “Пешоҳанг”, ҳамчунин, ҳамкориҳои мақомоти Вазорати корҳои дохила бо ҷамъиятҳои тоҷикон донишҷӯёну созмонҳои ҷавонон дар Русияро фаъолтар намуда, роҳҳои ҷилавгирии ҷавононеро, ки кӯшиши ба Сурияву Ироқ рафтанро мекунанд, баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, силсилаи мулоқоти ин гурӯҳ бо ҷавонону донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар мактабҳои олии Россия таҳсил менамоянд, дар назар дошта шудааст.

Дирӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо гурӯҳи “Пешоҳанг” мулоқот карда ва масъалаи зарурати сафари ин гурӯҳ ба Русияро дар миён гузоштааст. Ҷаноби Раҳимзода зикр кардааст, ки аксари ҷавонони тоҷик, ки ба қасди таҳсилу кор ба Русия мераванд, аз тарафи гурӯҳҳои махсуси марбут ба созмонҳои террористӣ ба Сурияву Ироқ ҷалб карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода дар моҳи июни соли равон бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев дар Душанбе дар масъалаи ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани тоҷиконро баррасӣ карда буд. ВКД мегӯяд, дар ин вохӯрӣ ҷаноби Колоколтсев ваъда дода буд, ки "барои ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Русия чораҳои мушаххас андешида хоҳад шуд".

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз ифротӣ шудани тоҷикон дар Русия ва рафтанашон аз майдонҳои кори ин кишвар ба майдонҳои ҷанг дар Сурия шадидан ибрози нигаронӣ кардаанд. Худи Рамазон Раҳимзода моҳи марти соли ҷорӣ дар як дидораш бо гурӯҳи донишҷӯён дар Душанбе гуфт, 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Сурия рафтаанд.

Тибқи оморҳои расмӣ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG