Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Ӯзбакистон овозхонҳоеро, ки аз ҳақи ҳунарнамоӣ маҳрум шуда буданд, “афв” карда, барояшон дубора дарҳои кору эҷодро боз карданд. Дар миёни онҳое, ки дубора иҷозати иҷрои оҳангу мусиқиро пайдо карданд, Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Ортиқ Отаҷонов, Бобомурод Ҳамдамов ва Обид Асомов мебошанд. Барои ин овозхонҳо иҷозат дода шуд, ки дар саҳнаҳои калон консерт дода кори худро дар телевизиону радио муаррифӣ кунанд.

Шералӣ Ҷӯраев, ки шурӯъ аз соли 1993 ба истилоҳ “персона нон грата” буд ва ҳақ надошт консертҳояшро дар толорҳои бузург ва телевизиону радиои маҳаллӣ барпо кунад, рӯзи 27 сентябр дубора “сафед” шуд. Равшанбек Омонов, як ёвари Шералӣ Ҷӯраев, ҳунарманди мардумии Ӯзбакистони шӯравӣ гуфт, ин хушхабарро ба ӯ ёвари иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев телефонӣ расондааст. Омонов гуфт, “дар хонаи Шералӣ Ҷӯраев он рӯз зиёфати калон доданд.

То имрӯз садои ӯро танҳо дар маъракаҳои арӯсӣ мешуниданду бас, ҳоло роҳаш ба саҳнаи калон боз шуд. Рӯзи сешанбе ҳамчунин муҷаввизи писараш Шоҳҷаҳон Ҷӯраев ҳам барқарор шуд. Мақомоти иттиҳодияи эстрадии “Ӯзбекнаво” омада Шоҳҷаҳонро табрик карданд ва ба дасташ муҷаввизи нав супурданд. Бо вуҷуди ин ки Шералӣ-ака соҳиби муҷаввиз буданд, ба таври ғайрирасмӣ барояшон ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои калони ҷамъиятӣ манъ буд. Ман худам шоҳиди занги телефонии масъулини котиботи Шавкат Мирзиёев шудам”, гуфт Равшанбек Омонов.

Ҳамон рӯзи 27 сентябр мақомот ба овозхони дигари маъруф Юлдуз Усмонова иҷозат доданд, ки ба саҳнаи ҳунар баргардад. Омонов дар нақли ин ҳодиса гуфт, ки як намояндаи ҳукумат як даста гул дар даст ба хонаи Усмонова омад ва ӯро табрик кард. “Юлдуз дар ғояти шодӣ ашк рехт ва аз Шавкат Миромонович ташаккур кард”, гуфт ӯ.

Як рӯз пеш аз ин ҳазлкаши маъруф Обид Асомови 54-сола ҳам иҷозат ҳунарнамоӣ дар Ӯзбакистонро ба даст овард. Қарори ғайрирасмии манъи ҳунарнамоии ӯ дар саҳнаҳои калон 10 сол амал мекард. Шоир Муҳаммад Исмоил, ки дар доираҳои шоу-бизнеси Ӯзбакистон маъруф аст, гуфт, ки Мирзиёев аҳли ҳунару қаламро эҳтиром мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо шахсан ба аёдати онҳо меравад. Дар миёни “афвшудаҳо” Ортиқ Отаҷонов ва Бобомурод Ҳамдамов ҳам ёд мешаванд. Илова ба ин, овозхонҳои маъруф аллакай дар феҳрасти ҳунармандоне мебошанд, ки барои ширкат дар консертҳои ҳунарии давлатӣ машварат дода шудаанд.

Равшанбек Омонов гуфт, баъди даргузашти Ислом Каримов дар асл “бисёр овозхонҳо оҳи сабук кашиданд”.

Вале айни замон, ба навиштаи радиои Озодлик – бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ, Шавкат Мирзиёев ҳам дар бархӯрд бо баъзе ҳунармандон муносибати хос ва гоҳо манфӣ доштааст. Як ходими консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд дар сӯҳбат бо Озодлик гуфтааст, ки шахсан Мирзиёев баҳори соли ҷорӣ ҳунарманди дигари маъруф Абдулазиз Каримро ба хотири қабули шаҳрвандии Туркияаш маҳкум кард. “Ӯро хоини давлат номид, аз ҳама ҷоизаву унвонҳо маҳрум кард, аз ҷумла аз унвони Артисти хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, ки соли 2003 ба даст оварда буд.

Радиои Озодлик менависад, ки дар давоми 10 соли охир тахминан даҳ овозхони маъруфи Ӯзбакистон ба таври ғайрирасмӣ аз ҳақи овозхонӣ маҳрум шуда буданд. Дар миёни онҳо – Фаррух Зокиров, Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Обид Асомов, Фирӯза Ҷумъаниёзова ва дигарҳо мебошанд.

Дар аксар ҳолатҳо манъи ҳунарнамоии онҳо баъди он содир шуд, ки онҳо нахостанд дар маъракаҳои давлатӣ ва ё арӯсиҳои аъзои ҳукумат кор кунанд.

XS
SM
MD
LG