Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди тунди муфтии аъзами Арабистон аз филми “Муҳаммад”


Саҳнае аз филми "Муҳаммад"

Саҳнае аз филми "Муҳаммад"

Баландпоятарин рӯҳонии Арабистони Саъудӣ аз филми эронии “Муҳаммад” ба шиддат интиқод карда онро як филми “маҷусӣ” номидааст.

Баландпоятарин рӯҳонии Арабистони Саъудӣ рӯзи чоршанбеи 2 сентябр аз филми эронӣ ба номи “Муҳаммад” ба шиддат интиқод карда онро як филми “маҷусӣ” донистааст. Шайх Абдулазиз Ашшайх, муфтии аъзами Арабистон дар мусоҳибае бо рӯзномаи арабзабони “Алҳаёт” сохту таҳияи филми коргардони эронӣ Маҷиди Маҷидӣ “Муҳаммад”-ро аз назари шаръӣ муҷоз надонист ва гуфт синамое, ки ин филмро аз даврони туфулияти паёмбари Ислом бардоштааст, “амале хасмона алайҳи Ислом” аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки “маҷусӣ” истилоҳе аст дар миёни рӯҳониёни исломӣ, ки барои ишора ба рӯҳониёни пеш аз исломи Эрон ва бархе дигар манотиқи Ховари Миёна истифода мешавад. Муфтии аъзами Арабистони Саъудӣ интиқоди худ аз филми “Муҳаммад”-ро шарҳ дода гуфтааст, ки “Паёмбари Ислом сифатҳои муайян ва халқияти шинохташудае дорад ва тасвире, ки дар ин филм аз ӯ дода шудааст, ғайривоқеӣ аст”.

Ба таъкиди Шайх Абдулазиз Ашшайх, “ин филм Паёмбарро ба истеҳзо гирифта” ва шаъни ӯро поён овардааст. “Ин амале худсарона аст, на амали динӣ ва ин кор таҳрифи Ислом ва ироаи тасвире бад аз Ислом аст.” Муфтии Арабистон ҳамчунин дар мавриди экран ва пахши ин филм ҳушдор дод, ки созандагони ин филм “қобили эътимод нестанд ва дурӯғ мегӯянд ва дар аъмоли худ садоқат надоранд”. “Филми “Муҳаммад” сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, коргардони эрон дар бораи достони зиндагии Паёмбари ислом аз кӯдакӣ то навҷавони вай ривоят мекунад, ки пурҳазинатарин филми таърихи синамои Эрон аст. Интиқоди шадиди муфтии аъзами Арабистон аз филми “Муҳаммад” дар ҳолест, ки ҳафтае пеш мақомоти баландпояи Донишгоҳи Ал-Аҳзари Миср бо зикри ин ки “ба тасвир кашидани паёмбарон дар шаръ муҷоз нест”, хостори тавқифи фаврии пахши филми “Муҳаммад” шуда буданд.

Аммо Маҷиди Маҷидӣ, коргардони филми “Муҳаммад” ахиран дар чанд мусоҳиба эълон кард, ки дар ин филм ҳатто чеҳрае аз паёмбари Ислом дар даврони кӯдакӣ ҳам ба намоиш дар наёмадааст.” Ҷаноби Маҷидӣ ҳамчунин дар мавриди бархе интиқодоти эҳтимолии гурӯҳҳои суннӣ ва шиъамазҳаб дар мавриди филмаш гуфтааст, “тамоми талошамон ин буд, ки мақтае аз зиндагии Ҳазрати Муҳаммадро ба тасвир бикашем, ки ҳеҷ гуна ихтилофе миёни гурӯҳҳои мухталифи исломӣ дар бораи он набошад ва ҳамчунин сӯи тафоҳуме ҳам ба вуҷуд наояд”.

Ба гуфтаи ин коргардон, “талошамон ин аст, ки қироати дурусте дошта бошем, ки ваҳдатомез бошад ва зарурати ба вуҷуд омадани Ислом ва иллати онро қироат кунем”. Ин филм, ки ба гуфтаи Маҷидӣ, “100 миллиард туман” барои сохташ ҳазина шудааст, дар таҳияи он бархе афроди матраҳи байналмилалӣ низ саҳм гузоштаанд. Зимнан, филми “Муҳаммад” дар ҳудуди 140 толори синамоии Теҳрон ва манотиқи мухталифи кишвар ба рӯи парда гирафта шуда ва дар ифтитоҳи ҷашнвораи синамои Мотреали Канада ҳам намоиш дода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG