Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти Умеда Аҳмадова, писар ва шариконаш дар Ӯзбакистон


Шоми 29-уми январ дар соати 7:30 дар Тошканд аксбардор ва филмсози саршиноси Узбакистон Умеда Аҳмадова ва писари ӯ, хабарнигори торнамои Лента.ру -- Темур аз тарафи кормандони милиса боздошт шудаанд.

Дар ин бора аз охири паёмак ё СМС-е, ки Темур Карпов ба падараш – Олег Карпов фиристодааст, маълум гаштааст. Гуфта мешавад, ҳамзамон бо Умеда Аҳмадова ва писараш боз 4 шаҳрванди Узбакистон – Алекс Улко, Ашот Даниэлён, Гулсум Османова ва Илғор Гасимов низ боздошт шудаанд.

Ҳарчанд, мақомоти Узбакистон қазияро шарҳ намедиҳанд, зоҳиран, ҳамаи онҳо барои баргузории як тазоҳуроти хурд дар ҳимоят аз норозиёни Аврумайдони Украина боздошт шудаанд. Ин намоиши шашнафара рӯзи 27-уми январ дар Тошканд баргузор гашта, дар он ширкаткунандагон ҳамраъйии худро бо тазҳоркунандагони Киев баён доштаанд.


Маъмурони амниятии Узбакистон ҳангоми боздошти Умеда ва Темур дастури додситониро ба онҳо нишон додаанд. Аммо намояндаи раёсати умури дохилии Тошканд подполковник Равшан Раҳимҷонов дар суҳбат бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, чунин нафаронро боздошт накардаанд.

Ҳабси Умеда Аҳмадова ва шариконаш дар ҳоле сурат мегирад, ки онҳо рӯзи 25-уми январ дар Толори Аксбардорони Тошканд зери унвони “Як макон”намоиши аксҳои суратгирони маҳфили “Ғайриформат”-ро ташкил карданд, ки қисме аз аз аксҳоро маъмурони давлатӣ мусодира намуданд ва бо талаби онҳо ба аксҳои дигар шарҳҳои тӯлонӣ насб гардид. Аз ҷумла чанд акси писари Умеда – Темур Карпов мусодира шудаанд.
Додгоҳи Узбакистон дар моҳи феврали соли 2010 Умеда Аҳмадоваро дар тӯҳмат ва паст задани шарафи миллии мардуми узбак айбдор, аммо пас аз эълони айбнома ӯро афв кард.

Вазорати фарҳанги Узбакистон силсилаи аксҳои Аҳмадова таҳти унвони "Зан ва мард. Аз субҳ то шом" ва филми ӯ "Бори бакорат"-ро, ки дар он зиндагӣ ва машаққати мардуми деҳоти Узбакистонро ба намоиш гузоштааст, тӯҳмат ва таҳқир ба унвони мардумони ин кишвар номид.

Дар ҳоле ки худи ӯ ин айбномаро рад кард ва гуфт, дар корҳои ӯ танҳо расму оин ва суннатҳои мардуми Узбакистон бозтоб ёфтаанд, додгоҳ бар пояи таҳлилҳои гурӯҳи коршиносон Аҳмадоваро муҷрим донист.

Ин гурӯҳ Аҳмадоваро айбдор кард, ки аз ҳаёт ва урфу одати мардуми узбак тасвири манфие бардоштааст ва узбакҳоро ба ҳайси "барбариён"-е нишон додааст, ки гӯё дар қуруни вусто ба сар мебаранд.

Ба навиштаи таҳлилгарони додгоҳ, "муаллиф асосан ба ду анъана тамаркуз кардааст, ки яке никоҳ ва дигаре хатна аст. Дар ҳарду ҳолат одамон дар ҳоли гиристан тасвир ёфтаанд. Арӯсон бо ашки чашм ба волидони худ падруд мегӯянд ва писарҳои хурдсол аз тарси хатна мегирянд. Муаллиф воқеан мехоҳад, мардуми узбакро барбарӣ намудор кунад."

Гурӯҳ ба натиҷае расидааст, ки Аҳмадова аз узбакҳо қурбониёни бечора ва беилоҷро нишон медиҳад.

Дар филми мустанади "Бори бакорат", ки аз тарафи ӯ ва ҳамсараш Олег Карпов таҳия шудааст, анъанаи ҳифзи бакорати духтарон то шаби никоҳ баррасӣ мешавад. Дар он зане саргузашти худро ҳикоят мекунад, ки пас аз шаби аввал дар хонаи домод ба иллати бокира набуданаш ронда шудаст ва солҳост бар замми бадномии худу хонадонаш наметавонад, шарики ҳаёт пайдо кунад.

Вокуниш ба ин филм дар Узбакистон гуногун буд. Бархе аз мунаққидон онро баҳсбарангез номиданд. Мақомоти сафоратхонаи Швейтсария, ки филмро сармоягузорӣ карда буданд, дарҳол аз он фосила гирифтанд. Аксҳои Умеда Аҳмадова дар Копенҳаген, Тифлис ва ҷойҳои дигар намоиш дода шуданд. Бо ин силсила вай дар соли 2004 барандаи Шоҳҷоизаи озмуни "Интер-Пресс-Фото" дар Маскав шуд.

Додгоҳ ҳамаи иттиҳомоти алайҳи Аҳмадоваро тасдиқ кард, аммо дар толор ӯро афв намуд. Вай аз додгоҳ ҳамчун шахси озод берун шуд ва мегӯяд, азбаски гуноҳе накардааст, ҳукмро мавриди шикоят ва бознигарӣ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG