Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлуда Султонзода даргузашт


Мавлуда Султонзода
Мавлуда Султонзода

Аз Теҳрон хабари даргузашти Мавлуда Султонзода, муаллифи мақолаи пурсарусадои "Раҳмонов кист?" расид.

Мавлуда Султонзода, рӯзноманигори тоҷик, рӯзи 20-уми июн бар асари бемории саратони сина дар яке аз бемористонҳои шаҳри Теҳрони Эрон аз ҷаҳон даргузаштааст.

Ӯ ба унвони хабарнигор дар нашрияи "Рӯзи нав" ба фаъолият пардохта ва умдатан роҷеъ ба масоили сиёсиву иҷтимоӣ матолиб ба нашр мерасонд. Мақолаи ӯ таҳти унвони "Раҳмонов кист?", ки соли 2003-юм дар нашрияи "Нерӯи сухан" ба нашр расид, аз аввалин навиштаҳои ҷиддии матбуоти навини Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеаи ин кишвар ба бор овард.

Навиштаҳои хонум Султонзода дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон ба ӯ ҷоизаҳо низ овардааст. Соли 2005-ум барои як силсила аз гузоришҳояш хонум Султонзода барандаи ҷоизае шуд, ки аз тарафи намояндагии ЮНИФЕМ дар Тоҷикистон муқаррар шуда буд.

Мавлуда Султонзода як бунёдеро бо номи "Ҷомеа ва ислом" дар шаҳри Душанбе таъсис дода ва барои занони бева ва ятимони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ кӯмак мекард. Вай мактаби миёнаро дар зодгоҳаш - шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи славяниро дар Душанбе ба анҷом мерасонад. Хонум Султонзода бештар бо сатру ҳиҷоб ба кор мерафт ва зиндагии мазҳабиро тарҷеҳ медод.

Фаъолияти кориро ӯ дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Вай як сол дар бахши тоҷикии радиои "Садои Хуросон" дар шаҳри Машҳад низ фаъолият кардааст.

Аз хонум Султонзода се духтар ба ёдгор мондааст. Ҷасади ӯ рӯзи шанбе аз Теҳрон ба Душанбе мунтақил хоҳад шуд. Мавлуда Султонзода як соли ахир дар Эрон табобат мегирифт.
XS
SM
MD
LG