Пайвандҳои дастрасӣ

Петро Порошенко - "шоҳ"-и собиқ, раисиҷумҳури оянда (ВИДЕО)


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Талоше барои чеҳрабардорӣ аз Петро Порошенко, "шоҳи шоколад"-е, ки зоҳиран алакай дар даври якуми интихобот раисиҷумҳури Украина интихоб мешавад.

Зоҳиран дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина алакай дар даври якум Петро Порошенко баранда мешавад. Аммо ин "шоҳи шоколад", ки акнун раҳбари дувумин кишвари бузурги пасошӯравӣ хоҳад шуд, кист?

Петро Порошенко, ки ҳоло 48 сол дорад, 26 сентябри соли 1965 дар шаҳри Болгради вилояти Одесса ба дунё омада, соли 1989 риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Киевро хатм кардааст. Устоди варзиш дар риштаи гуштии дзю-дост.

Порошенко молики корхонаҳои шоколадсозии “Рошен” буда, бо 1,3 миллиард доллар дороӣ дар байни бойтарин афроди Украина дар мақоми 7-ум ҷой гирифтааст. Порошенко тайи 15 соли охир дар ҳукуматҳои раисиҷумҳурони мухталифи Украина – Леонид Кучма, Виктор Юшенко ва Виктор Янукович – мақоми дастикам вазириро доштааст.

​Порошенко дар соли 2000 аз асосгузорони ҳизби минтақаҳо буд. Ҳамин ташакуули сиёсӣ баъдан дар интихоботи соли 2010 Виктор Януковичро дар муқобили Юлия Тимошенко ба қудрат расонд. Аммо алакай соле баъдаз таъсиси ҳизби минтақаҳо Порошенко аз раисиҷумҳури вақт Леонид Кучма канда, яке аз ёрони наздик ва маблағгузорони ҳизби “Украинаи мо”-и Виктор Юшенко шуд. Порошенко аз “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004, ки Юшенкоро ба қудрат овард, ҳимоят кард ва дар ҳукумати ӯ раҳбарии Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъро бар ӯҳда гирифт. Баъди як моҷаро бо сарвазир Юлия Тимошенко дар соли 2005 Юшенко ҳардуро барканор кард. Порошенко солши 2009 ба ҳукумат баргашт ва солҳои 2009-2010 вазири хориҷа буд.

Раисиҷумҳури баъдии Украина Виктор Янукович дар соли 2012 Порошенкоро вазири тиҷорат ва рушди иқтисодӣ таъин кард. Ӯ 8 моҳ дар ин мақом кор карда, сипас ба ҳайси вакили мустақил аз шаҳри Виннитса ба порлумон баргашт. Ҳарчанд бовар меравад, ки ӯ эътирозҳои зидди ҳукумати Виктор Янукович, маъруф ба Евро-майдонро маблағгузорӣ мекард, вале ӯ дар муқоиса бо Виталий Кличко аз ҳизби УДАР, Арсений Ятсенюк аз ҳизби “Баткишвшина”-и Юлия Тимошенко , Олеҳ Тяҳнибок аз ҳизби Свобода ва ҳатто Дмитрий Ярош аз “Правий сектор” дар ин эътирозҳо нақши чандон аввалу пешбаранда надошт.

Нуқтаи авҷи муборизаҳои Петро Порошенко дар роҳи ҳалли бӯҳрони сиёсии Украина рӯзи 12 март мушоҳида шуд. Он шаб Порошенко ба шаҳри Симферопол, пойтахти ҷумҳурии мухтори Қрим рафт, то аз баргузории раъйпурсӣ дар ин нимҷазира бо талаби пайвастан ба Русия ҷилавгирӣ кунад. Талоше шабеҳи набарди Дон Кихот, вале нишон дод, ки чигуна издиҳоми иборат аз садҳо тарафдори Русия, бо шумули силоҳбадастон, дар кӯчаҳои торики Симферопол болои Порошенко фурӯ рехтаву алайҳи сафари ӯ шиор мезананд.



Ин сафари шабона ба Симферопол, дар ҳар сурат, эътибори Петро Порошенко дар чашми аксари мардуми Украина хеле боло бурд. Андреас Умланд, профессори улуми сиёсии Академияи Киев-Моҳила мегӯяд: “Таъқиби ӯ аз сӯи силоҳбадастони тарафдори Русия ё ҳатто сарбозони рус дар инки мардум вайро на ҳамчун як олигарх, балки ҳамчун як сиёсатмадори қобили эътимод ва ҷиддӣ бишиносанд, нақш бозӣ кард, албатта.”

Баъди суқути режими Янукович ва эълони интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурии Украина ҳам Порошенко дар оғоз довталаби асосӣ арзёбӣ намешуд. Ва вақте яке аз довталабони умда ба ин мақом Виталий Кличко аз пешбарии номзадиаш ба фоидаи Порошенко даст кашид, ин гашти ногаҳонӣ хелеҳоро ҳайратзада кард. Вақте ҳам ки натоиҷи назарсанҷиҳо паиҳам ин “шоҳи шоколад”-ро бо як бартарии қобили мулоҳиза дар ҷои аввал мегузоштанд, бисёриҳо, ҳатто рақиби асосии ӯ Юлия Тимошенко, ки аз Порошенко ба маротиб ақиб меуфтод, боз ҳам ба ин рақамҳо бовар намекарданд. Аммо натоиҷи муқаддамотии интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина ҳокист, ки назарсанҷиҳо мизони ҳимоят аз Порошенкоро ҳатто камтар нишон медодаанд.

Порошенко аз тарафдорони собити ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупост. Манъи воридоти шоколадҳои сохтаи корхонаҳои “Рошен”-и ӯ аз тарафи Русия дар “ҷанги тиҷорӣ”-и соли гузашта Порошенкоро дар байни мардум боз ҳам маҳбубтар кард. Замоне ки Порошенко вазири хориҷаи Украина буд, ӯ аз азми Киев барои пайвастан ба узвияти паймони низомии НАТО ҳимоят мекард, вале ин масъаларо дар ҷараёни корзори интихоботиаш доман назад.

Петро Порошенко билофосила баъди эълони натоиҷи экзит-поллҳо, ки аз пирӯзии ӯ алакай дар даври якуми интихобот хабар медоданд, худро ғолиби ин маърака эълон кард. Ӯ баъди шунидани натоиҷи экзит-поллҳо гуфт, нахустин вазифааш ба ҳайси раисиҷумҳури Украинаро дар "поён додан ба ҷанг ва овардани сулҳ" ба кишвар мебинад ва нахустин сафараш ба ҳайси раҳбари кишварро ба вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украина анҷом хоҳад дод.

Порошенко ҳамчунин гуфт, ҳеҷ гоҳ раъйпурсии моҳи марти Қрим ва "тасарруфи Қрим" аз сӯи Русияро эътироф нахоҳад кард. Ӯ афзуд, мардуми Украина дар раъйдиҳии рӯзи 25 май "роҳи ҳамоиш бо Аврупо"-ро интихоб карданд ва ӯ кишварашро аз ҳамин роҳ пеш хоҳад бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG