Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Эмомалӣ Раҳмон асосан ҷои кор ва нирӯи барқ мехоҳанд


Бо пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 6 ноябр Эмомалӣ Раҳмон бори чаҳорум дар курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст.

Эмомалӣ Раҳмон дар се интихоботи раёсатҷумҳурии солҳои 1994, 1999 ва 2006 раисиҷумҳур баргузида шуд. Вале ӯ амалан аз моҳи ноябри соли 1992 раҳбарии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад ва дар маҷмӯъ то имрӯз дуруст 21 сол раҳбари Тоҷикистон мебошад. Акнун баъд аз ин интихобот собиқаи раёсати вай то соли 2020 ба 28 сол мерасад, ки аз намунаҳои камназире дар дунёст.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ мушоҳида шудааст, ки агар як нафар дар кишваре такрор ба такрор раҳбар интихоб шавад, шеваҳои раҳбарӣ ба сӯи худкомаӣ майл пайдо мекунад ва атрофиёнаш кеши шахсият дуруст мекунанд. Чун оқои Раҳмон давраи чаҳоруми раёсаташро оғоз мекунад, суоле пеш меояд, ки оё вай аз ин падида дар канор хоҳад монд? Хусусан агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки мухолифони сисёсии Раҳмон то ҳол борҳо ба ин нукта таъкид кардаанд.

Сӯҳроб Шарипов

Сӯҳроб Шарипов

Сӯҳроб Шарипов – вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҳоким шахспарастӣ ё парастиши раҳбарро рад мекунад ва мегӯяд, агар падидаҳое ҳаст, он боқимондаҳои давраи Шӯравист: “Мо баъд аз низоми Шӯравӣ дар давраи гузариш қарор дорем. Ҳоло ҳам дар Тоҷикистон баъзе падидаҳои сохти Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Ман фикр мекунам, ки мо дар ин давраи 7-сола бояд аз ин принсипҳои авторитарии Шӯравӣ дур ва ба принсипҳои давлати демократӣ наздиктар шавем. Ман ҳам сиёсати кадрӣ, ҳам муносибат бо ҳизбҳои сисёсӣ ва ҳам озодии суханро дар назар дорам.”

Аммо Саймуддин Дӯстов - таҳлилгари умури сиёсӣ мегӯяд, тақсир дар низоми идории Тоҷикистон аст. Ӯ онро низоми худкома медонад: “Ман фикр мекунам, ки худи низоми идории Тоҷикистон низоми худкомаӣ аст. Раисиҷумҳур одат кардааст, ки ҳамаи қарорҳои муҳимтаринро худаш қабул кунад. Фикр мекунам, ки дар оянда низ вай, мутаассифона, ба чунин низом содиқ хоҳад монд. Ҳокимияти додгоҳӣ ва низоми қонунгузор зери итоати ҳукумати иҷроия хоҳад рафт ва ба назарам, аз ин гуна ғасби ҳокимият давлатдории миллӣ бурд нахоҳад кард.”

Тоҷикистон дар давоми 21 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон натавонист аз буҳрони иқтисодӣ раҳо ёбад ва корхонаҳои саноатии давраи Шӯравиашро дубора ба кор дарорад, то ҷойҳои кории бештар ба вуҷуд ояд ва тавлиди маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш ниҳад. Ба ин далел, баъзе барномаҳои иқтисодии оқои Раҳмон иҷро нашуд ва ҷойҳои корӣ аз даст рафт. Дар натиҷа бештар аз як миллион нафар аҳолии кишвар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират кардаанд.

Сӯҳроб Шарипов ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави кориро бо камбуди энержӣ дар Тоҷикистон иртибот медиҳад, вале ба тавоноии энержии Тоҷикистон дар оянда хушбин аст: “На танҳо сохтмони нирӯгоҳи Роғун, балки сохтмони нирӯгоҳҳои миёна низ идома дорад. Сангтӯда-2 ба истифода даромад. Нирӯгоҳи Зарафшон аз ҷониби Эрон сохта мешавад. Тибқи қарордод Русия дар Хингоб ва Сурхоб нирӯгоҳҳои миёна месозад. Дар Душанбе сохтмони дувумин маркази гармидиҳӣ идома дорад. Як ширкати Малайзия низ дар Хуҷанд ин гуна тарҳҳо дорад. Ин корҳо метавонад истиқлоли энергетикии Тоҷикистонро дар солҳои наздик таъмин кунад.”

Оқои Раҳмон дар яке аз бахшҳои муҳими барномаи худ - баровардани Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ пешрафт дошт ва ҳоло дар шарқ тавассути Қирғизистону Чин ва дар ҷануб тавассути Афғонистон бо ҷаҳони хориҷ роҳҳои автомобилрави Тоҷикистонро васл кард. Бо боз шудани ин роҳҳо вуруди молу коло ба бозорҳои дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Вале Саймуддин Дӯстов таъкид мекунад, ки то ҳол иқтисоди Тоҷикистон “иқтисоди гурӯҳӣ” аст ва мутааллиқ ба гурӯҳҳои молӣ ва шахсиятҳои наздик ба раисиҷумҳур мебошад. 12 декабри соли 2010 рӯзномаи Guardian, чопи Британия номаҳои дарёфтии сомонаи моҷароҷӯёнаи WikiLeaks-ро дар бораи Эмомалӣ Раҳмон чоп карда буд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: “Раҳмон ва хонаводаи вай контрол бар тиҷорати аслии кишварро дар ихтиёр доранд, ба шумули бузургтарин бонк ва онҳо аз ҳар гуна шева истифода мекунанд, то аз манофеи тиҷоратии худ дифоъ кунанд.”

Таҳлилгарон барои 7 соли оянда таъмини амнияти Тоҷикистон ва суботи сиёсиро яке аз самтҳои асосии фаъолияти дохилӣ ва хориҷии раисиҷумҳури мунтахаб медонад. Ба гуфтаи онҳо, оқои Раҳмон дар солҳои раҳбариаш таҷрибаи кофии байналмилалӣ пайдо карда, нисбат ба солҳои пеш чун сиёсатмадор рушд кардааст. Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ҳамкориҳои кишварҳои ғарбӣ бо Тоҷикистон баъд аз вуруди нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба Афғонистон густариш ёфт ва то он вақт Русия ва баъзе кишварҳои дигар Тоҷикистонро кишвари заъифу ақибмонда муаррифӣ мекарданд.

Вале ҳайатҳои кишварҳои ғарбӣ аз Тоҷикистон боздид ва итминон ҳосил карданд, ки раисиҷумҳур контрол бар ҳамаи шохаҳои ҳукумату давлатдориро дар ихтиёр дорад. Сӯҳроб Шарипов мегӯяд: “Вай (Раҳмон) чун сиёсатмадор аз як тараф дар Осиёи Миёна мавқеъи устувор дорад. Аз тарафи дигар вай чун сиёсатмадор метавонад сухани худро ё маслиҳати худро дар бораи равандҳои рушд ва омилҳое, ки дар Осиёи Миёна рӯй медиҳанд, матраҳ кунад, ба чунин равандҳо баҳои дуруст медиҳад ва ба маслиҳати вай гӯш медиҳанд.”

Аммо дар давоми як соли охири музокирот ризояти ҳукумат барои тамдиди замони истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, пойгоҳи як кишвари хориҷӣ барои 29 соли дигар, яъне то соли 1942 ва он ҳам бидуни пардохти ҳаққи иҷора, аз тарафи мухолифони сиёсӣ ва матбуоти мустақил заъфияти ҳукумати оқои Раҳмон ва “тан додан”-и вай ба фишорҳои Русия арзёбӣ шуд. Бо вуҷуди ин аксари коршиносон бо назардошти хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014 ин иқдомро барои амнияти Тоҷикистон муфид медонанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи 6 ноябр

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи 6 ноябр

Ҳоло дар Тоҷикистон тамаркузи қудрат дар дасти як нафар аст. Раисиҷумҳур ҳамзамон раиси ҳукумат низ ҳаст. Гарчӣ таҳлилгарон комёбиҳои 21 соли раҳбарии оқои Раҳмонро дар бахши иқтисод ва раҳоӣ аз буҳрон ночиз мешуморанд, вале вай дар дохили кишвар тавонист фазои амнро ба вуҷуд орад. Ҳукумати вай барои хунсо кардани гурӯҳҳои саркаш ва мухолиф бар зидди онҳо ба муборизаи шадид ва ошкор пардохт. Чунин амалиёт дар шаҳри Кӯлоб, дар водии Рашт ва дар шаҳри Хоруғ дар давраҳои гуногун анҷом гирифт. Аммо коршиносон аз шеваи анҷоми чунин амалиёт интиқод карданд ва гуфтанд, ки ҳукумат роҳҳои дигари хунсо кардани гурӯҳҳои мусаллаҳ ё саркашро дошт.

Дар ин миён оқои Раҳмон ҳатто ҳамсангарҳои худро барои барнахестани ихтилоф дар ҳукумат паси панҷара бурд. Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Вале фармондеҳони мухолифони пешин Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро, ки ба вай садоқат нишон доданд, аз худ дур накард ва дар минтақаҳои зери контролашон ба онҳо ихтиёроте қоил шуд. Бо чунин равиш вай ҳукумат ва нуфузи худро дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон тақвият бахшид ва мухолифонашро аз бартарӣ дар баъзе минтақаҳо маҳрум кард.

Акнун раисиҷумҳур дар 7 соли оянда ба эҳтимоли зиёд мухолифони мусаллаҳ нахоҳад дошт, балки муборизаҳои сиёсӣ бештар вориди маҷрои демократӣ хоҳад шуд, агар баъзе маҳдудиятҳоро дар озодии матбуоти мустақил, фаъолияти озоди нируҳои сиёсӣ сарфи назар кунем. Ба ин далел ҳафт соли оянда барои Раҳмон танҳо солҳои раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зисти мардум хоҳад буд. Барои расидан ба ин ҳадаф тақрибан монеае вуҷуд надорад, балки барои иҷрои ҳар гуна барномаи пешрафт замина ва имкон вуҷуд хоҳад дошт.

Тарҷумаи ҳол

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, баъди хатми мактаб собиқаи кориашро ҳамчун электрик дар корхонаи равғанкашии Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ дар Флоти уқёнуси Ороми артиши Шӯравӣ ба ҳамин корхона баргашт. Соли 1982 бахши ғоибонаи риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло миллӣ)-и Тоҷикистонро хатм карда, дар замони Шӯравӣ то мақоми директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара расид. Соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. 2 ноябри соли 1992 раиси кумитаи иҷроияи вилояти вақти Кӯлоб ва баъди ҳамагӣ 17 рӯз дар иҷлоси 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд раиси парлумон ва раҳбари давлати Тоҷикистон интихоб шуд. Солҳои 1994,1999, 2006 ва 2013 дар интихоботҳои президентии Тоҷикистон ғолиб омада, замони раёсаташро тамдид кард. Раҳбари ҳизби ҳокими халқии демократӣ(аз соли 1998), раиси Кумитаи миллии олимпӣ(аз соли 2009), раҳбари Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон(аз соли 1997) ва ҳамчунин раҳбари Форуми умумиҷаҳонии тоҷикону форсизабонон "Пайванд".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG