Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз ин ба баъд дар Тоҷикистон онҳое, ки бори аввал ба мансаби додрас дар додгоҳҳо таъин мешаванд, бояд имтиҳони тахассусӣ супоранд. Сатҳи дониши касбии додрасҳои ояндаро комиссияи вижаи Додгоҳи олӣ, ки аз ҳисоби масъулони дастгоҳи раисҷумҳур, Кумитаи хизмати давлатӣ ва роҳбарияти худи Додгоҳи олӣ таъсис шудааст, хоҳад санҷид. Имтиҳони тахассусӣ ё касбии додрасҳои оянда, бар асоси тағйирот ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо» сурат мегирад, ки се рӯз қабл аз сӯи палатаи болоии парлумони кишвар тасдиқ шуд.

Як манбаъ аз Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 17 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додрасҳо бояд ҳангоми супурдани имтиҳон, ки асосан аз даҳ бахш иборат аст, шурӯъ аз конститутсия то кодексҳои мурофиаву ҷиноятӣ, маълумот дошта бошанд. “Додрасҳо ки дар мурофиаҳо тақдири садҳо нафарро ҳал мекунанд, бояд касбияти худро хуб донанд”-афзуд ӯ.

Талаби супурдани имтиҳон ҳам ба хотири боло бурдани сатҳи касбии додрасҳои оянда гуфта мешавад. Як соли пеш ҳам барои довталаби кор дар додгоҳ навиштани диктант ҷорӣ шуда буд, ки садҳо довталаби курсии додрасӣ аз имтиҳони забони тоҷикӣ баҳои “ду” гирифтанд.

Баҳриддин Замонов, ки собиқаи даҳсолаи кор дар додгоҳро дорад, мегӯяд, солҳои пеш пазируфтан барои кор ба ҳайси додрас дар додгоҳҳо чандон ҷиддӣ набуд ва танҳо пас аз пешниҳоди Шӯрои адлия, довталаб ба чанд суоли оддии комиссияи дохилӣ посух мегуфт. Баъдан ба гуфтаи ин додрас, ин шеваи қабул ба кор дар додгоҳ тағйир хӯрд ва довталабони кор дар додгоҳ, пас аз як соли коромӯзӣ бо фармони вижаи президенти Тоҷикистон додрас таъин мешуданд. Замонов мегӯяд, талаби имтиҳони касбият ва таъсиси комиссияи вижа барои интихоби додрасҳо имкон медиҳад, сафи афроди тасодуфиро дар сохтори додгоҳӣ кам кунад.

Додрасӣ дар Тоҷикистон як касби хеле муҳим ба шумор меравад ва барои то ин мақом расидан, фармони вижаи президенти кишвар содир мешавад. Солҳои қабл Шӯрои адлияи Тоҷикистон барои қабули додрасҳо озмун эълон мекард ва ҳар он нафаре, ки аз озмуни ин ниҳод мегузашт, пас аз як соли коромӯзӣ бо фармони президент додрас таъин мешуд. Вале як моҳ қабл Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба ҳайси як ниҳоди мустақил барҳам дода шуд ва тамоми вазифаҳояш ба зиммаи Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ гузашт.

Дилшод Муллоев

Дилшод Муллоев

Аммо Дилшод Муллоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва таҳлилгари тоҷик дар ин робита мегӯяд, барои мустақилияти додгоҳҳоро таъмин кардан, ислоҳот зарур нест, балки бояд вобастагии додгоҳҳо аз ҳокимияти иҷроия аз байн бардошта шавад. Ӯ талаби имтиҳон аз додрасҳои ояндаро яке аз зинаҳои муайян намудани талаботи кор дар додгоҳ медонад, аммо мегӯяд, танҳо бо роҳи муайян намудани критерияҳо нисбати додрас, касбияту салоҳияти ӯро боло бурдан амри муҳол аст.

Ҳамзамон бар асоси тағйирот ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо», барои додрасҳои тоҷик меъёри синну соли ба нафақа баромадан муқаррар карда шуд, ки тибқи он, занон пас аз синни 58-солагӣ ва мардон аз 63-солагӣ наметавонанд ба фаъолитяи худ идома диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки солҳои қабл қонунгузории кишвар чунин маҳдудиятҳо надошт ва додрасҳои мард пас аз 65-солагӣ ба нафақа мебаромаданд. Ҳадаф аз ин тасмимро Қаноатшо Лоиқзода, узви палатаи болоии парлумони кишвар ба боз шудани роҳ ба ҳуқуқшиносони ҷавон ва ояндадор рабт медиҳад.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият дорад, ки беш аз сад нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG