Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби 20 соли зиндон барои муттаҳам дар куштори Зиёдбек


Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек"

Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек"

Додрас барои раиси бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар куштори як тарбиятгирандаи парваришгоҳи шаҳри Чкалов муттаҳам дониста мешавад, 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб кардааст.

Рӯзи сешанбеи 5-уми май дар Додгоҳи вилояти Суғд айбдоркунандаи давлатӣ дар робита ба куштори ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраев, хонандаи 17-солаи мактаб-интернати шаҳри Чкалов дар бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои Рустам Ҷӯраев -- раиси бозор 20 сол ва барои ду нафари дигар 19 соли маҳкумият ба зиндонро талаб кард

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи раиси бозори "Назари нек" рӯзи 5 май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи имрӯзаи додгоҳӣ айбдоркунандаи давлатӣ Иброҳим Саидзода барои муҷозоти раиси бозор, ки дар куштори Зиёдбек Ҷӯраев муттаҳам дониста мешавад, аз додгоҳ 20 соли маҳкумият аз озодиро талаб кард. Вай гуфт, аммо наздикони Зиёдбек Ҷӯраев аз ин пешниҳоди айбдоркунандаи давлатӣ норозигӣ намуда ва барои ӯ талаби 30 соли зиндонро карданд. Онҳо ҳамчунон талаб кардаанд, ки айбдоршаванда бар иловаи ҷурмҳое, ки муттаҳам дониста мешавад, бо моддаи 110 (огоҳона зарари ҷисмонӣ расонидан) низ, айбдор карда шавад

Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”, Аҳлидин Файзиев – сардори бахши бехатарӣ ва Бобурҷон Юсуфов -- посбони ин бозор бар асоси ду банди кодекси ҷиноӣ - 104, қисми 2, яъне "куштори инсон" ва 112 - "қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ" муттаҳам мешаванд. Мудири ошхонаи бозори “Назари нек” – Тоҷиев фақат барои “қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ”, айбдор дониста мешавад.

Ҳодисаи куштори ятими парваришгоҳи шаҳри Чкалов шаби 15 ба 16 январи соли ҷорӣ рух дод. Дар эътирофи аввалияи худ дар ин гуноҳ, ки тавассути шабакаи телевизионии СМ-1-и Хуҷанд ҳам намоиш дода шуд, Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ҳангоми латту кӯби наврасони ятим Зиёдбеку Эраҷ "худро идора карда натавонистааст."

Муҳофизон ва раиси бозор ба ҷои ба милиса супурдани ин ноболиғон онҳоро якҷоя зери мушту лагат мегиранд, ки дар натиҷа Зиёдбек дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, Эраҷ бо осеби мағзи сар ба бемористони шаҳри Чкалов интиқол меёбад.

Гуфта мешавад, Зиёдбек Ҷӯраев ва Эраҷ Исоев, ки падару модар надоштаанд, аз кассаи мағозаи “Сабрина” ҳамагӣ 386 сомонӣ ва миқдоре хӯрокворӣ гирифтаанд. Муҳофизи бозор эътироф мекунад, ки “баъди боздошт он ду ноболиғ гуфтанд, ки мо гушна мондем, илтимос карданд, ки назанед. Лекин Ҳоҷӣ бо почаашу бо мушт ба сари синааш ҳамин хел зад, ки афтид ун бача. Дуюмашро ҳам зада ғалтонд баъд. Баъди афтодан (бо пояш нишон медиҳад) ҳамин хел-ҳамин хел мезад ба сараш.”

Бино ба гузориши СМ-1, Зиёдбек Ҷӯраев ятими кулл аз ноҳияи Айнӣ буда, ҳамроҳ бо як хоҳару додараш дар мактаб-интернати Чкалов тарбият мегирифтанд. Ҷанозаи Зиёдбекро хешовандонаш дар ноҳияи Зафаробод ба хок супурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG