Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Матаевҳо бетағйир монд


Сайидқозӣ ва Асет Матаевҳо
Сайидқозӣ ва Асет Матаевҳо

Додгоҳи Остона, пойтахти Қазоқистон, ҳукми зиндони Сайидқозӣ Матаев – раиси Иттиҳоди журналистон – ва писараш Асет Матаев –раиси хабаргузории “Қазтаг”-ро бетағйир гузошт. Вале мақомоти додгоҳ рӯзи 9 декабр гуфтанд, ҳукми як умр аз ишғоли мансабҳои роҳбарӣ маҳрум шудани падару писар бекор шудааст.

Сайидқозӣ Матаев 6 сол ва Асет Матаев 5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳукми падару писар рӯзи 3 октябри имсол дар додгоҳи ноҳиявии шаҳри Остона эълон гардид. Мақомот Матаевҳоро дар дуздии пули буҷа айбдор донистанд.

Додгоҳ, инчунин, ҳукм карда буд, ки амволи онҳо мусодира шуда, падару писар якумрӣ аз ишғоли мансабҳои раҳбарӣ маҳруманд. Аммо Сайидқозӣ ва писараш Асет борҳо худро бегуноҳ донистаанд. Ин ду нафар моҳи феврали соли равон боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG