Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 800 000 патенти муҳоҷирони корӣ дар Маскав-пойтахти Русия бекор карда шудааст. Ин вазъ суолеро ба миён оварда, ки дар сурати нокомӣ муҳоҷирон худро ба куҷо хоҳанд зад?

Ба дунболи ба иҷро даромадани қонуни нави муҳоҷират дар Русия, танҳо дар моҳи январ дар Маскав беш аз 800 ҳазор патенти муҳоҷирон бекор карда шудааст. Бо наздик омадани моҳи март ва мушкили дарёфти патент эҳтимол сафи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар боз ҳам зиёдтар гардад. Ва суоли аслӣ ҳам ин аст, ки гуруҳи бузурги муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои дарёфти рисқу рӯзӣ худро ба куҷо хоҳанд зад?

Сулаймон Шоҳзода, таҳлилгари умури муҳоҷират ва узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, “муттаассифона, қонунҳои муҳоҷират, ки дар моҳи январ эътибор пайдо кард, иҷро карданаш барои муҳоҷирон бисёр вазнин аст. Ҳоло худи кормандони бахши муҳоҷирати Русия низ намедонанд аз ин бунбасти пешомадаи ҳуқуқӣ чӣ тавр берун оянд.”

Ҷаноби Шоҳзода афзуд, имкон дорад, дар саросари Русия якбора ҳудуди 2 миллион муҳоҷири хориҷӣ дар вазъи беҳуқуқӣ қарор гиранд. “Бояд муассисаҳо ва ниҳодҳои зидахли Русия мушкили чунин муҳоҷиронро ҳал кунанд. Ин вазъро дар ҳамаи ниҳодҳои Русия

медонанд. Вале дар ин миён масъалаҳои молӣ ва даромад аз ҳисоби муҳоҷирон боиси зиддияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия шудааст,”-таъкид дошт ӯ.

Барои мисол, ба қавли мусоҳиби мо, чунин муборизаи шадид миёни шаҳрдории Маскав ва Хадамоти федеролии муҳоҷират идома дорад. Маскав мехоҳад, масъалаҳои муҳоҷиратро дар ихтиёри худ бигирад ва даромад дар “ҷайб”-и худаш монад. Вале, тибқи қонун, пули муҳоҷирон бояд дар ихтиёри Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бошад.

Соли гузашта аз ҳисоби фурӯши патент Русия тақрибан як миллиард рубл даромад гирифт ва имсол низ умед дорад, ин маблағ коҳиш нахоҳад ёфт. Вагарна чӣ зарурат дошт патентҳои моҳҳои ноябр ва декабри соли гузаштаро дар моҳи январи соли ҷорӣ бо гузоштани шарту шароитҳои эълоннашуда ботил эълон кунанд? Ҳар кадом аз ин 800 ҳазор патенти бекоршуда дар Маскав ба нархи 10 ҳазор рублӣ фурӯхта шуда буд.

Ҳоло таҳлилгарон бештар аз паёмади мушкили дарёфти патент ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил ёфтани гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистону ҳамсояҳояш меандешанд. Онҳо ҳадс мезананд, ки нокомиву

Андрей Грозин

Андрей Грозин

навмедӣ метавонад муҳоҷири ғайриқонуниро ба чанд роҳ бибарад, ки ҷангҳои Сурияву Ироқ, пайвастан ба сафи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ва хидмат дар легиони хориҷии артиши Русия аз ҷумлаи онҳост.

Аз муддатҳо қабл дар Русия гумоштагоне барои ҷалби нерӯ ба ҷангҳои тундгароён дар Сурия ва Ироқ дунболи муҳоҷироне мегарданд, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна дар Русия дар ҳолати ночорӣ қарор доранд ва гирифтани ризояти онҳо барои ҷанг дар ивази маблағе кори душвор нахоҳад буд. Андрей Грозин, мудири бахши Осиёи Марказии пажуҳишгоҳи Русия дар умури кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯяд, шумораи чунин довталабон шояд ба садҳо нафар бирасад.

Ӯ низ эътироф мекунад, ки ҳамаи муҳоҷирон наметавонанд патент бигиранд ё имтиҳони забони русӣ ва қонунҳои Русияро супоранд: “Аз Осиёи Марказӣ чандин миллион муҳоҷири корӣ дар Русия ҳастанд. Ҳоло, ки муқаррарот шадид шудааст, ҳамаи онҳо наметавонанд дар вақти пешбинишуда ҳуҷҷатҳои худро таҳия кунанд. Қисмате аз онҳо ба Ватани худ бармегарданд. Вале ононе ҳастанд, ки роҳҳои дигари зиндагиро интихоб мекунанд. Пайвастан ба тундравҳои исломӣ дар кишварҳои Ховари Миёна яке аз ҳамин роҳҳост.”

Яке дигар аз роҳҳо ба таври довталабона пазируфтани хидмат дар сафи артиши Русия дар легиони хориҷист, ки муҳоҷир на танҳо дастмузди муайяне хоҳад дошт, балки аз баъзе имтиёзҳо, аз ҷумла аз дарёфти шаҳрвандии Русия, низ бархӯрдор хоҳад шуд. Грозин ин имконро ночиз медонад ва мегӯяд, Русия ҳоло барои ташкили ин легион маблағи кофӣ дар ихтиёр надорад. Вале вай гурӯҳҳои ҷиноятпешаро “ҷои муносиб” барои фаъолияти ононе медонад, ки ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил меёбанд ва “таҷрубаи ҷиноӣ” ҳам доранд.

Шарқи Украина ва ширкат дар ҷангҳои ин минтақа низ аз мадди назар дур нест. Сулаймон Шоҳзода ва Андрей Грозин пайвастани муҳоҷирони ноком ба сафи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украинаро дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба навмедӣ имконпазир медонанд. Оқои Грозин мегӯяд, шояд аз ҳоло дар шарқи Ураина чунин афрод ҳастанд.

6 январи соли ҷорӣ дар YouTube наворе пахш шуд, ки шахсе худро аз Тоҷикистон муаррифӣ мекард ва мегуфт, онҳо дар Донбасс барои Новороссия меҷанганд. Вале ин шахс аз бурдани номаш худдорӣ мекунад ва намегӯяд, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ё шаҳрвавндии Украинаро гирифтааст. Вале эътироф мекунад, ки аз муддатҳо пеш дар Украина бо фарзандонаш зиндагӣ мекунад.

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Суоле ба миён меояд, агар шаҳрванди Тоҷикистон дар шарқи Украина дар сафи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия биҷангад, қонунҳои кишвар оё барои ӯ ҷазо пешбинӣ мекунанд, ё хайр? Амирқул Азимов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, “то имрӯз дар бораи иштироки шаҳрвандони мо дар сафи ҷудоихоҳони Русия дар шарқи Украина ягон маълумоти дақиқ нест. Дар ҳолати пайдо шудани масъала, албатта, ин мавзӯъ ҳам аз тарафи ниҳоди қонунбарори Тоҷикистон баррасӣ мешавад ва мумкин аст, тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳо дохил шавад.”

Аммо Андрей Грозин мегӯяд, бо гузашти муддате аз моҳи март рӯшан хоҳад шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ “барои ризқу рӯзӣ худро ба куҷоҳо хоҳанд зад”. Шояд, ба гуфтаи ӯ, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо гузоштани чаҳорчӯбаҳои замонӣ муҳоҷиронро ба ҳарос меандозад ва сипас ягон шарти дигар пешниҳод мекунад, то муҳоҷирони ғайриқонунӣ шукр гӯянду боз ҳам барои патенти дигар ё ҷарима пул диҳанду бо дарёфти “коғазҳое”, ки ҳуҷҷат ном дорад, ба буҷаи Русияи бӯҳронӣ кумак кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG