Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзади рӯ ба Русия дар интихоботи Молдова пирӯз шуд


Игор Додон

Игор Додон

Дар интихоботи президентии Молдова Игор Додон, номзади ҳизби сотсиалистии рӯ ба Русия дар муқобили Майя Санду, номзади рӯ ба Аврупо пирӯз шуд. Комиссиюни марказии интихоботи Молдова субҳи 14 ноябр гуфт, ки баъди анҷоми ҳисобҳои 98,5 дар сади варақаҳои раъйдиҳӣ, маълум шуд, ки ба тарафдории Додон 54,06 % дар муқобили 45,94 %-и Санду аз ҳизби “Амал ва ҳамраъйӣ” овоз додаанд.

Додон дар як нишасти хабарӣ дар Кишинев гуфт: “Мешавад гуфт, ки мо буридем” ва ваъда дод, ки президенти ҳама сокинони Молдова мешавад ва аз манфиати ҳам тарафдорони Маскав ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят хоҳад кард.

Санду гуфт, ки интихобот як “рақобати шадид, вале хуб буд” ва аз аъзои ҷомеа хост, ки дар таъмини суботу оромӣ саҳмгузор шаванд. Мақомот гуфтанд, ки дар интихоботи рӯзи 13 ноябр 53,3 % аҳолии қобили раъй овоз додааст.

Майя Санду хостори пайвастани Молдова ба ИА аст

Майя Санду хостори пайвастани Молдова ба ИА аст

Бахши молдовании радиои Озодӣ мегӯяд, айни замон, шаҳрвандони зиёди ин кишвар дар Лондону Бухаресту Болоняву Маскав натавонистанд дар сафоратхонаҳои Молдова овоз диҳанд, чунки масъулини интихоботӣ шумори лозимаи варақаҳои раъйро ба ин кишварҳо нафиристоданд.

Майя Санду ба истеъфои масъулини комиссиюни интихоботӣ даъват ва онҳоро дар адами ташкили шароити муносиб барои овоздиҳӣ айбдор кард. Вай гуфт, ки “садҳо нафар натавонистанд овоз диҳанд. Садҳо нафар зери борони сард соатҳо дар навбат истоданд, вале натавонистанд овоз диҳанд. Мақомоти Молдова ҳақи конститутсионии шаҳрвандонро муроот накарданд ва нагузоштанд, ки онҳо овоз диҳанд”, гуфт Санду.

Бо вуҷуди баҳсҳои атрофи интихобот, шумори онҳое, ки барои Додон овоз доданд, бештар аз онҳое буд, ки натавонистанд дар раъйдиҳӣ дар хориҷа иштирок кунанд ва онҳоро аз тарафдорони Санду меноманд. Санду инчунин аз шумори аз ҳад беши овоздодаҳо дар минтақаи ҷудоиталаби рӯ ба Русияи Назди Днестр шикоят кард. Дар ин минтақа 9000 нафар овоз додааст.

Эътирози тарафдорони Санду зидди пирӯзии Додон дар Кишинев

Эътирози тарафдорони Санду зидди пирӯзии Додон дар Кишинев

Маъмулан сокинони Назди Днестр, ки худро “як кишвари мустақил” эълон кардаанд, дар интихоботи Ҷумҳурии Молдова иштирок намекунанд.

Таҳлилгарони сиёсӣ пешгӯӣ мекарданд, ки дар давраи дуюми овоздиҳии интихоботӣ ширкати ҷавонҳои соҳиби маълумоти олӣ ва рӯ ба Аврупо бояд фаъолтар назар ба даври якуми овоздиҳии рӯзи 30 октябр мешуд. Аз рӯи пешгӯиҳои онҳо, барои таъмини пирӯзии Санду ҳузури на камтар аз 54 дар сади раъйдиҳандагон ва 60 дар сади тарафдорон лозим аст, ки ӯ президенти Молдова шавад.

Интихоботи президентии Молдова баъди соли 1997 барои аввалин бор ба таври овоздиҳии мустақим баргузор шуд. Дар давоми қариб 20 соли охир аввалин бор аст, ки президент дар Молдова на аз ҷониби парлумон, балки аз ҷониби мардум интихоб мешавад. Дар даври аввали интихобот рӯзи 30 октябр Додон тавонист бо 10 дар сади бештари раъй аз Санду пеш гузарад, вале ҳарду номзад ҳам натавонистанд нисфи раъйҳои зарурӣ барои эълони пирӯзиро ба даст оваранд.

Райъдиҳандагон дар Молдова гуфтанд, ки аз ояндаи сиёсии кишвар умедҳои зиёд доранд. Як марде, ки дар овоздиҳӣ иштирок кард, гуфт:

"Умедворам, ки президети нав барои шукуфоии кишвар ва муттаҳидии ҷомеа кор хоҳад кард. Агар президенти нав манфиатҳои миллатро дар бартарият қарор диҳад, мо ҳатман пирӯз хоҳем шуд. Мо як миллати меҳнаткашем ва ҳама чиз бояд хуб шавад”.

Хонуме, ки ҳамчунин рӯзи 13 ноябр овоз дод, гуфт: "Орзу дорам, ки ҳама чиз тағйир ёбад, вале ман каме дилсардам. Номзадҳо дар интихобот якдигарро таҳқир мекарданд. Додон Сандуро таҳқир мекард. Баъди ин воқеан намедонам ба кадом шакл пеш хоҳанд рафт”.

Додон дар даврони коммунистӣ вазири тиҷорат буд ва дар интихобот ваъда дод, ки дар сурати пирӯзиаш бо Маскав робитаҳои наздики ҳамкорӣ хоҳад дошт. Сандуи иқтисодшинос дар Бонки Ҷаҳонӣ ва мақоми вазири маорифи Молдова кор кардааст. Вай тарафдори ба Иттиҳодияи Аврупо пайвастани Молдова буда, наздикшавии кишварашро бо Русия аз назари иқтисодӣ “хатарнок” хондааст.

Додонро дар Украинаи ҳамсоя барои Қримро қаламрави Русия номиданаш интиқод мекунанд. Ин ҷазирақаламрав соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шуд. Маскав ҳарос дорад, ки ҳукумати Молдова мисле, ки Украина дар соли 2014 кард, бо Иттиҳодияи Аврупо наздиктар мешавад.

Дар минтақаи ҷудоиталаб ва русгарои Назди Днестри Молдова ҳазорҳо нирӯҳои Русия қарор доранд. Солҳои 1990-ум ин қаламрав бо талаби ҷудоихоҳӣ вориди ҷанг шуд ва чандсад нафар қурбони ин хушунатҳо гардид.

Русия зери ниқоби “нирӯҳои посдори сулҳ” сарбозонашро дар пойгоҳ нигоҳ медорад. Дар маъракаи пешазинтихоботиаш Санду борҳо аз Русия талаб кардааст, ки хоки Молдоваро тарк кунанд.

Вале пурсиши афкори умум нишон медиҳад, ки моҷарои марбут ба обулойшавии 3,5 миллион доллар маблағҳо молдованҳои зиёдро барои пайвастан ба Аврупо ноумед кард. Молдова яке аз қашшоқтарин ҷумҳуриҳо дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо аст ва баъди бӯҳрони иқтисодии соли 2014 тахминан 1 миллиард доллар маблағ ё 10 дар сади ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар се бонки маҳаллӣ нопадид шуд.

Бо ин вуҷуд, ҳафтаи ҷорӣ Сандуқи байналмилалии пул 180 миллион доллар қарзи навро ба ҳукумати Молдова барои роҳандозии ислоҳот ва беҳбуди иқтисод тақдим кард.

XS
SM
MD
LG