Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Тоҷикистон яке аз корхонаҳои маъруфи истеҳсоли тамоку дар кишварро ба музояда гузоштааст ва мехоҳад, онро ба тоҷирон ва ё соҳибкорони алоҳида фурӯшад.

Саҳмияҳои ширкати “Тамокубарори Душанбе”, ки дар аҳди шӯравӣ бо номи “Табачка” маъруф буд ва солона то як миллиард дона сигор тавлид мекард, рӯзи 7-уми июли имсол ба фурӯш гузошта мешавад. Дар ин бора рӯзи 24-уми июн дар Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Қимати аввалияи тамоми саҳмияҳои ширкати “Тамокубарори Душанбе” 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ва ё тақрибан 300 ҳазор долларро ташкил медиҳад ва корхонаро ба касе медиҳанд, ки пули зиёдтар пешниҳод намояд.

Корхонаи истеҳсоли сигор, ки дар яке аз гӯшаҳои Душанбе воқеъ шудааст, солҳои 80 то 90-уми қарни гузашта то 2 миллиард дона сигор аз ҷумла сигорҳои навъи “Космос” ва “Помир” истеҳсол мекард ва ба бисёре аз кишварҳои шӯравии собиқ мефурӯхт. Аммо ҳоло вазъи корхона комилан дигар аст, бахшҳои тавлиди сигор кор намекунанд, бисёре аз коргаронаш ё ба мардикорӣ рафтаанд, ё машғули кори дигар ҳастанд. Дар дӯконҳои Душанбе ҳам на “Космос” аст ва на “Помир”.

Ягона “хубии” корхона ҳамин аст, ки аз онҷо бӯи ғализи тамоку дар атроф паҳн намешавад.

Фирдавс Саидов, мудири ширкати “Тамокубарори Душанбе”, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, корхона тақрибан 15 сол аст, ки аз фаъолият мондааст ва бори аввал нест, ки ба музояда гузошта мешавад: “Аз соли 2001 корхона аз фаъолият мондааст ва бори ҳаштум аст, ки ба музояда гузошта мешавад. Азбаски 6 миллион доллар аз Хитой қарздор аст, барои ҳамин аз музояда мегардад. Мӯҳлати қарзи Хитой ҳам то охири декабри соли 2015 мондагӣ аст ва барои ҳамин бояд қарзро ҳам баргардонанд ва хусусӣ кунанд.”

Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон низ мегӯяд, ҳар касе, ки корхонаи “Тамокубарори Душанбе”-ро мехарад, бояд бештар аз 21 миллион сомонӣ қарзи кредитории корхонаро бипардозад. Қарзи 6 миллиондоллариро ҳам соли 1994 барои таъмиру таҷҳизи корхона гирифтанд ва онро ба роҳ андохтанд, вале маҳсулоти он бозори васеъ наёфт ва корхона ҳам аз кор монд.

Азбаски дар музоядаҳои пешин “Тамокубарори Душанбе”-ро касе нахаридааст, Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ имсол саҳмияҳои корхонаро арзонтар кардааст. Агар дар соли 2012 қимати аввалияи саҳмияҳо 3 миллион сомонӣ муқаррар шуда буд, имсол нархи аввалия 1 миллиону сад ҳазор сомонӣ поинтар аст. Корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои бузургтарини истеҳсоли сигор дар Тоҷикистон аст ва асосан аз маҳсулоти дохилӣ ва бахусус тамокуи парваришкардаи ноҳияҳои Айниву Панҷакент сигор тавлид мекард. Аз кор мондани ин корхона, кишту парвариши тамоку дар шимоли кишварро ҳам кам кард.

Мақомоти Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ мегӯянд, ба фурӯш гузоштани корхонаи “Тамокубарори Душанбе” бар асоси Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014-2016 сурат мегирад. Дар маҷмӯъ, хусусӣ кардани 59 ҷамъияти саҳҳомӣ дар назар аст ва рӯзи 7-уми июл ҳамроҳ бо “Табачка”, “Пахтаи Кӯлоб” корхонаи

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

бузургтарини коркарди пахта дар Кӯлобро ҳам ба фурӯш мегузоранд ва қимати аввалияи ин корхона 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, хусусӣ кардани корхонаҳои давлатӣ кори дуруст аст, ба шарте, ки музоядаҳо шаффоф сурат бигиранд.

Константин Бондаренко, раиси шӯрои Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд: “Бояд ҳамаи корхонаҳои давлатиро фурӯшанд, чунки барои давлат дарди сари изофӣ намешаванд. Тиҷорат кори давлат нест. Агар касе ҳам корхонаро бихарад, шарт нест, ки онро барқарор кунад. Бояд корхонаҳоро дар музоядаи боз фурӯшанд, ки шаффоф бошад, бе ягон хешбозӣ. Фурӯхтани “Табачка” идеяи олӣ аст, на фақат ин корхона бояд “Талко”-ро (Корхонаи истеҳсоли алюминий) ҳам фурӯшанд. “

Ба гуфтаи Константин Бондаренко, фурӯхтани корхонаҳое, ки даромад надоранд, ба нафъи давлат аст, зеро ингуна корхонаҳо “сарвате ҳастанд, ки аз онҳо манфиате нест”, вале дар сурати фурӯхтан бо қимати муносиб ва бе фасоду воситабозӣ, буҷаи давлат аз ин фурӯш фоида мегирад, на каси дигар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG