Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе таксиҳое пайдо шуданд, ки ба эҳтимоли зиёд рақобатро дар бозори нақлиёт шадидтар ва низоми пардохти роҳкироро тағйир хоҳанд дод.

Ҳамакнун 40 мошини нави “Тойота-Кемрӣ”-и ширкати "Осиё Экспресс" дар кӯчаҳои шаҳр ба гардиш даромад. Як масъули ширкати мазкур, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат бо таксиҳои нави худ бехатарии мусофиронро кафолат дода, баробари пардохти роҳкирои дақиқ, тибқи ҳисобкунаки электронӣ, ба муштарӣ санад медиҳад.

Вай афзуд: «Ронандагонро тавассути озмун интихоб мекунем, онҳоро мехононем ва баъдан онҳоро бо либосҳои махсус таъмин намуда, ба кор иҷозат медиҳем.»

Аммо нархномаи таксиҳои нав –дусомонию даҳ дирам дар як километр, аллакай ба муштариён писанд наомадааст. Маҳмуд, як сокини шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи худаш ҳамагӣ як маротиба аз хизматрасонии таксиҳои ба истилоҳ «Тайота Кемрӣ» истифода кардааст, аз пардохти ҳаққи роҳкиро нороҳат аст. Вай мегӯяд, баробари тай кардани 5 километр роҳ 10 сомонию 50 дирам пули роҳкиро пардохт кардааст, ки метавонист бо тай кардани зиёдтар аз ин миқдор масофа 3 сомонӣ пардохт кунад. Маҳмуд афзуд: «Дар ин баробар хуб мешавад, ҳамон таксиҳои ба истилоҳ «3 сомонӣ» аз миён бурда нашавад. Зеро, бубинед на ҳама метавонад аз ин намуди нақлиёт истифода кунад. Ҷое ки бо се сомонӣ 15 километр роҳ тай мекуни, чӣ лозим аст, ки қариб ҳабдаҳ сомонӣ масраф кард?»

Бобохон Мансуров, яке аз ронандагони ин ширкат мегӯяд, баробари ворид шудани мусофир ба дохили таксӣ, онҳо ҳисобкунанки электрониро ба кор медароранд ва пас аз он ки муштариро ба манзил мерасонанд, мусофир метавонад ҳаққи роҳкиро аз рӯи ҳисоби ҳисобкунанак пардохт кунад. Аммо мегӯяд ӯ: «Як ҷиҳати ин кор хуб нест. Вақте аз як тараф муштариро ба канори дигари шаҳр мебарем, бояд ҳатман аз он тараф мусофир пайдо кунем, ки ӯро биёрем. Агар дар ҳолати аз он тараф баргаштан, муштарӣ пайдо нашавад, мо бояд чанд километр роҳе ки тай кардем ҳаққи онро худамон пардохт кунем.»

Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, то имрӯз ширкати "Осиё Экспресс" дар мавриди нархгузории ин таксиҳо ба хадамоти онҳо муроҷиат накардааст. Номбурда гуфт, бояд тибқи хароҷоте, ки ширкат ба таксиҳо масраф мекунад, нархи роҳкиро муайян шавад. Ҷаноби Тағоймуродов гуфт «онҳо тасмим доранд ин масъаларо омӯзанд ва баъдан хулосабарорӣ бикунанд.»

Қаблан низ Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нашасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, бояд бо гузашти вақт мусофир тибқи масофаи тайкардааш ҳаққи роҳкироро пардохт кунад. Ӯ бо ишора ба таксиҳои воридкардаи ширкати "Осиё Экспресс" гуфт: «Барои мисол агар мо дар таксиҳое, ки ҳозир ҳастанд, аз фурудгоҳ савор шавем, то маҳаллаи Воданассос бо ду сомонӣ намебаранд. Онҳо ҳатман се сомонӣ мегӯянд. Агар роҳкиро тибқи масофаи тай карда муайян шавад, хубтар аст. Дигар ин, ки таксиҳои ворид шуда ба автовокзал, ҳам аз ҷиҳати бехатарии мусофирон қулайтар аст.»

Коршиносон мегӯянд, пардохти роҳкиро аз рӯи масофа хоси кишварҳои пешрафта буда бадие надорад. Аммо ба таъкиди таҳлилгарон, мушкил дар нархгузориест, ки музди кор ва хароҷоти миёнаи аҳолиро дар назар надорад.
Ҷовид Муқим, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар замони шӯравӣ пардохти роҳкиро тибқи масофа вуҷуд дошт. Ва ин шеваи кор аз як ҷониб метавонад барои мусофир роҳаттар бошад, зеро ронанда аз пеши худ нархгузорӣ карда аз муштарӣ маблағи зиёд талаб карда наметавонад.

Вай мегӯяд: «Тибқи мушоҳидаҳо, аксарияти чунин таксиҳо дар назди меҳмонхонаҳои кишвар ҳастанд ва шояд барои хориҷиёне, ки дар кишвари мо ҳастанд, хизмат расонанд, зеро пардохти 2 сомонию 10 дирам барои як нафар хориҷӣ гарон нест. Аммо ба ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2012 ба ҳар сари аҳолии кишвари мо маоши сокинон дар як рӯз ба 1 доллару 0.5 сент рост омадааст, ки ҷорӣ кардани роҳкиро тавассути километр мувофиқ нест.»

Дар гузашта низ вакилони мардумии Тоҷикистон ширкати «Осиё Экспресс»-ро, ки ба Тоҷикистон 40 адад автобуси тамғаи «Манн»-и Олмонро ворид кардааст аз пардохти молиёт ва андоз озод карда буданд. Дар он замон дар пешнависи санад гуфта мешуд, ширкати мазкур ба ҷуз аз ин боз 100 адад сабукрави «таксӣ» низ ворид кардааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкат гуфтанд, ҳоло танҳо 40 адад таксии тамғаи «Тайота Кемрӣ» ба сокинон хизмат мерасонад. Зоҳиран, имтиёзи мазкур мебоист ба нархи пасттари хадамот роҳ мекушод, ки дар ин ҳолат иттифоқ наафтодааст.

Ширкати «Осиё Экспресс» дар Олмон номнавис шуда ва бархе аз коршиносон онро аз ҷумлаи ниҳодҳое мешуморанд, ки сабаби аслии бархӯрдории онҳо аз имтиёзҳои андоз ва пардохтҳои давлатӣ норӯшан боқӣ мондааст.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG