Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони бритониёии Privacy International (Ҳарими хусусии байналмилалӣ) дар гузориши наваш навиштааст, ки полиси Тоҷикистон ҳаёти хусусии шаҳрвандонашро назорат мекунад.

Созмони бритониёии Privacy International (Ҳарими хусусии байналмилалӣ) дар гузориши наваш навиштааст, ки полиси Тоҷикистон ҳаёти хусусии шаҳрвандонашро назорат мекунад. Ба навиштаи ин созмони таҳқиқотӣ, дар Тоҷикистон полис тавони гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии мобили шаҳрвандонро тавассути дастгоҳҳои вижа дорад. Эдин Оманович, муаллифи гузорише бо исми “Назорати сартосарӣ дар Осиёи Марказӣ” дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Лондон гуфт, асноде дар ихтиёри онҳо гузошта шуд, ки тибқи он як ширкати олмонии Trovicor GmbH соли 2009 ба вазорати умури дохилаи Тоҷикистон маҷмӯи дастгоҳҳо ё маркази назорат аз тамоми шабакаҳои телефонҳои мобилро пешниҳод кардааст. Таҳқиқот муайян кардааст, ки қабл аз қарордодҳои Тоҷикистон ҳамин дастгоҳҳо ба ширкати Siemens ва баъдан Nokia Siemens Networks (NSN) ҳам фурӯхта шудаанд. Баъди як ихтилофе дар бозори Эрон ҳамин дастгоҳи мониторинги сӯҳбатҳои телефонӣ ба ширкати хусусии Trovicor Intelligence фурӯхта шуд. Як маҷмӯи дигари дастгоҳҳое, ки ба қавли Privacy International метавонад дар ихтиёри сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гузашта шуда бошад, LIMS ном дорад. LIMS барои назорат аз сӯҳбатҳои телефонӣ, сабт ва

Эдин Оманович

Эдин Оманович

ҳифзи онҳо дар бойгоҳиҳо истифода мешавад. Эдин Оманович гуфт:

"Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими мавриди таҳқиқи мо буд. Дар ин ҷо мо санадҳоеро пайдо кардем, ки як ширкат барои ҳукумати Тоҷикистон, мушаххасан вазорати умури дохилаи ин кишвар моли худро пешниҳод ва таблиғ кардааст. Ин мол – дастгоҳҳоест, ки имкони гӯш ва ҳифз кардани сӯҳбатҳои телефонии мобилиро, ки дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд, фароҳам меоранд. Як ширкати олмонӣ маркази мониторингии худро барои истифода аз ҷониби вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Кори ин дастгоҳро метавонад як таҳлилгар аз як маҳалли муайян истода қабул ва баъдан таҳлил кунад. Ин маркази мониторингӣ бо тамоми шабакаҳои телефонҳои мобилӣ пайваст кард. Таҳлилгар метавонад шумораҳои муайяни телефонҳои муштариёнро назорат карда ин сӯҳбатҳоро гӯш кунад ва ҳамчунин ба телефонҳои ӯ дастрасӣ пайдо кунад".

Эдин Оманович мегӯяд, ба фарқ аз Ӯзбакистон, дар Тоҷикистон онҳо бо ашхоси алоҳидаву муайян сӯҳбат накардаанд ва диқақан гуфта наметавонанд, ки кадом афрод мавриди таҳқиқу назорат қарор доранд. Айни замон, Оманович таъкид мекунад, ки “пажӯҳишгарон шаҳодати онро пайдо накардаанд, ки воқеан ҳам ҳукумати Тоҷикистон ин дастгоҳро харидааст ё на. Айни замон, душвор аст гуфтани ин ки ҳукумати Олмон дар ин бора хабар дорад ё на”, гуфт ӯ. Вай мегӯяд, пайдо кардани чунин иттило хеле сахт аст, чунки маъмулан дар чунин кишварҳо ингуна маълумот ҳамаҷониба пинҳон мешавад.

Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева

Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бораи вуҷуди чунин дастгоҳе хабар надоранд. Раҳбарияти ширкати Trovicor GmbH дар Олмон дар як тамоси имейлӣ бо радиои Озодӣ гуфт, “ҳақи фош кардани исми муштариён ва ширкатҳои ҳамкори худро, ки аз ҷониби ин ширкат муҷаҳҳаз шудаанд, надоранд ва аз ин хотир, ин мавзӯъро шарҳ нахоҳанд дод”.

Дар ҳамин ҳол, бархе хабарнигорон ва сиёсатмадорон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки вуҷуди як навъ назорат аз фаъолияти худро гоҳо эҳсос мекунанд. Сардабири сомонаи “Азия-Плюс” Зебо Тоҷибоева мегӯяд, ҳарчанд мутмаин нест, ки дар Тоҷикистон сӯҳбатҳои телефонӣ гӯш карда мешаванд, вале дар таҷрибаи рӯзноманигории худ ёд дорад, ки тафсилоти як сӯҳбати телефонӣ баъди 20 дақиқаи анҷоми ин гуфтугӯ аз забони як шахси сеюм барояш рӯшан шуд ва ба вай машварат дода шуд, ки телефонӣ “чунин сӯҳбатҳоро анҷом надиҳад”. Вай мегӯяд, баъди ин дарк кард, ки сӯҳбати вайро гӯш кардаанд, ҳарчанд, айни замон ӯ таъкид мекунад, ки "эҳтимолан ин як тасодуф будааст". Саймуддин Дӯстов, муассиси оҷонсии хабарии “Тоҷнюс” ва сардабири нашрияи “Нигоҳ” мегӯяд, дар тӯли чор соли охир эҳсос мекунад, ки як навъ назорати пинҳонӣ аз сӯҳбатҳои телефонӣ ва ҳам мукотибаҳои имейлии ин идора вуҷуд дорад. “Аз рӯи баъзе аз вижагиҳои техникие, ки кормандони техникӣ ба мо мегӯянд, мо ҳадс мезанем, ки телефонҳои моро гӯш мекунанд, - гуфт Дӯстов. – Масалан, бори аввал дар ҳафт соли фаъолияти мо ду ҳафта пеш почтаи электронии нашрияи сиёсии “Нигоҳ”, имейли муҳаррири нашрия Фаридуни Раҳнавард ва ҳам почтаи электронии ман шикаста шуд. Азбаски почтаҳои электронии мо ба телефонҳои мобили мо вобаста шудааст, ба телефони мо СМС омад, ки коди телефони мо иваз шуд. Баъди чанд соат мо кори почтаҳои

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

электрониро барқарор кардем”, гуфт ӯ.

Гузориши муфассали созмони бритониёии Privacy International иддао кардааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешрафтатарин фанновариҳои компютерие, ки аз ҷониби ИМА, Исроил ва Олмон таъмин мешаванд, барои назорат аз фаъолони ҳуқуқ, журналистону сиёсаматдорони мухолифи давлат ба кор мераванд. Ин созмони ғайридавлатӣ мегӯяд, назорат аз фаъолиятҳои ин афрод тавассути дастгоҳҳои мониторингии махсус сурат гирифта, телефонҳои хонагиву корӣ, телефонҳои ҳамроҳ, шабакаҳои интернетии онҳо зери назорат қарор доранд. Бештарин мавридҳои назорати пинҳонӣ дар Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол, пажӯҳишгарони Privacy International таъкид мекунанд, ки ҳамкории бевоситаи ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ ва мақомоти Осиёи Марказиро дар амри назорат аз фаъолият ва ҳаёти шахсии шаҳрвандонашон исбот карда наметавонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG