Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳбусон бо телефон ҳазорҳо доллари мансабдоронро рабудаанд


Дар яке аз зиндонҳои Қирғизистон

Дар яке аз зиндонҳои Қирғизистон

Маҳбусон дар Қирғизистон дар машварат бо нозирони зиндон бо фиребҳои телефонӣ аз номи раҳбари дастгоҳи президент мансабдорони дараҷаҳои гуногунро ба ҳазорон доллар гӯл заданд.

Зиёдтар аз ҳама ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрдорон ба доми фиребгарони зиндонӣ афтода, аз 10 то 30 000 соми қирғизи (аз 172 то 517 доллари амрикоӣ) -ро ба онҳо “туҳфа” кардаанд.

Яке аз қурбониён, шаҳрдони Чолпон-Ота, Болот Боқиров аст. Шахсе ба ӯ занг зада, худро раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон муаррифӣ кардааст ва гуфтааст, ки ба сари як хешаш бадбахтӣ омадааст. Шаҳрдор тасмим гирифт, вақте ки худи Наримбоев занг мезанад, пас ҳатман ёрӣ расондан зарур аст.

Зангзананда хоҳиш кардааст, ки ба 5-6 телефон то 10 000 сом пул гузаронда, чизҳои аз фурӯшгоҳ харидшуда ба дараи Боом расонда шаванд. Ин ҳамаро ронандаи Боқиров ба ҷо овардааст.

«Ба ман раиси дастгоҳи худам занг зад ва гуфт, Наримбоев дар хат аст. Касе ки занг зада буд, хоҳиш кард, ба хешовандаш кӯмак расонда шавад. Ман розӣ шудам ва ба воситаи ронандаам 9 000 сом додам. Дертар вай бароям гуфт, ки каси занг задагӣ аз ӯ дархост кардааст, ки ба 5-6 телефон пул гузаронам ва аз фурӯшгоҳ майду-чуйда, аз ҷумла памперс ва чизҳоеро харида барам. Ронанда дар ҷои таъиншуда наздики чаҳор соат интизор шудааст, вале касе наомад. Он вақт фаҳмидем, ки моро фиреб додаанд,» -- гуфт шаҳрдор.

Боқиров зикр намуд, ки бори аввал ба чунин найранг рӯбарӯ шудааст, вале пинҳон намедорад, ки чанд бор ба хешу наздикони вакилони маҷлис бо хоҳиши онҳо кӯма кардааст.

Ба ғайр аз ҳокими Чолпон-Ота ҳамчунин раиси бозорҳои «Дордой», «Аламедин», ҳокими яке аз ноҳияҳои вилояти Иссиқкӯл ва сардори Хадамоти андози ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек нгиз ба доми фиребагарони телефонӣ афтодаанд. Ҳамаи онҳо низ ба пулис ариза додаанд. Ҳар кадом ба телефони қаллобон аз 10 то 30 000 сом гузарондаанд.

Тафтиши ин аризаҳо ошкор кард, ки қаллобони телефонӣ дар маҳбасҳо мезистаанд ва нозирони зиндон ба онҳо кӯмак мерасондаанд.

Сардори Раёсати Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта Мирлан Каниметов ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад:

«Мо бо шикоят аз қаллобии телефонӣ ариза гирифтпем. Тафтиш нишон дод, ки ин зангҳо аз маҳбас шудаанд. Мо парвандаро ба Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо супурдем. Тафтишро додситонии махсус пеш мебарад.»

САҲМИ ЗИНДОНБОНҲО

Ба фарзияи муфаттишон, наздик ба 10 зиндонбон дар ин қаллобиҳои телефонӣ шарики маҳбусонанд. Зидди ду нафари онҳо парванда боз шудааст. Дар ҷараёни пажӯҳиш ҳамчунин ошкор гаштааст, ки қаллобон аз Боздоштгоҳи муваққати шумораи 1 ва маҳбасҳои 1,3 ва 16 занг мезадаанд. Танҳо ба телефоне, ки ба номи ҳамсари яке аз кормандони маҳбаси 16 қайд шудааст, 700 000 сом (зиёда аз 12 000 доллар) интиқол дода шудааст. Ба телефонҳои ҳамсарони ду корманди дигари зиндонҳо наздик ба 1 миллион сом (17 241 доллари амрикоӣ) ворид гаштааст. Пулис бар ин аст, ки 10 дарсади ҳамаи ин сармояҳо ба кисаи зиндонбонҳо гузаштааст.

Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо натавонист, дар бораи гумонбарони қаллобӣ маълумоти дақиқ пешниҳод кунад. Бино бар қоидаҳо маҳбусон ҳаққи истифода аз телефонҳои ҳамроҳро надоранд. Аммо василаҳои фаннии «пӯшондан»-и алоқаи мобилӣ низ дар зиндонҳо мавҷуд нест. Биноан, зиндониён метавонанд озодона аз телефон истифода кунанд ва ҳам ба қаллобӣ машғул шаванд.

Сухангӯи Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо Толубой Ҷакишев мегӯяд, дар маҳбасҳо таҷҳизоти маҳдудкунандаи робитаи мобилӣ вуҷуд дошт, аммо бо дархости сокинони маҳаллӣ он барканда шуд:

«Дар Боздоштгоҳи муваққатии шумораи 1 «пахшкунанда» кор намекунад. Зеро дар назди он бинои нӯҳошёна ҳаст ва дар он афроди зиёда зиндагӣ мекунад. Кори ин таҷҳизот бо дархости сокинони маҳаллӣ қатъ гардид. Онҳо ба таври ғайрирасмӣ – шифоҳӣ ба мо муроҷиат карданд. Вале дар маҳбаси 50-ум «глушилка» кор мекунад.»

Бо вуҷуди ин бархе аз коршиносон мегӯянд, на танҳо маҳбусон, балки кормандони маҳбасҳо низ мехоҳанд, ба робитаи мобилӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Дар ин байн мудири бахши сиёсати иттилоотии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Алмос Усенов шаҳрвандонро ба ҳушёрӣ даъват мекунад ва мегӯяд, онҳо набояд бовар кунанд, ки касе аз номи раиси дастгоҳи президент Дониёр Наримбоев ба онҳо занг мезанад:

«Ин моҷаро моро нороҳат кард. Қаллобон ҷазо хоҳанд дид. Мо аз шаҳрвандон даъват мекунем, хушбовар набошанд. Раиси дастгоҳи президент ҳаргиз ба касе занг намезанад ва аз соҳибкорон ё мансабдорон кӯмак намехоҳад,» -- мегӯяд Усенов.

Фиребҳои телефонӣ дар Қирғизистон бештар ин шеваро касб кардаанд, ки қаллобон ба номи хешу наздикони худ шумораи телефонӣ мегиранд. Вақте ба ин шумор пул гузаронда мешавад, онҳо аз хадамоти ширкати мобилӣ даст мекашанд ва ин ширкат бояд пулро барояшон нақд бидиҳад. Ин «шикоф»-и қонунгузорӣ ба қаллобон фоида меорад, зеро ҳаҷми маблағи мавриди интиқол ба як шумораи телефонӣ номаҳдуд аст.

ЗАНГ АЗ НОМИ АФРОДИ БОНУФУЗ

На танҳо дар Қирғизистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ қаллобиҳои телефонӣ ахиран густариш ёфтаанд. Дар Тоҷикистон чанде пеш ноболиғе боздошт шуд, ки худро дар телефон писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, дар муқобили 50 000 доллари амрикоӣ аз мансабдоре хостааст, ки ба ришвадиҳанда қитъаи замин ҷудо кунад.

Ба дунболи қазияи "писари қалбакӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон – Хушдил Қурбонов, ки баъд аз бозгардони маблағ аз ҷавобгарӣ озод гашт, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Умедҷон Абдураҳмонови 16-сола хабар дод, ки худро дар як вақт ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва ёвари Азими Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон муаррифӣ карда, ҳатто тавонистааст, барои бибии пираш дар остонаи таҷлил аз Иди Ғалаба аз ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ 500 сомонӣ кумакпулӣ рӯёнад.

Боздошти "пайвандону ҳамкорони"-и раисиҷумҳур, раиси Маҷлиси намояндагон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар гузашта мақомот бештар аз намояндагони тақаллубии идораҳои давлатии зинаҳои поёнӣ хабар медоданд. Ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ Илҳом Баротов, сокини Ҳисорро ба шаш соли зиндон маҳкум кард, ки худро корманди ширкати "Автодром" муаррифӣ карда, дар як сол аз 32 сокини Душанбе барои омода кардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз 150 то 1 500 сомонӣ гирифтааст.

Қаллобон медонанд, ки мансабдорон ва соҳибкорон аз афроди бонуфуз меҳаросанд ва омодаанд, барои рафъи зиёни мумкин ё бунёди робитаҳои наздик бо онҳо ҳама гуна дархости телефонии чунин афродро ба ҷо оранд. Фиреби телефонӣ барои онҳо ин душвориро низ дорад, ки санҷиши ҳувияти шахсе, ки он сӯи хатти телефон аст, тақрибан номумкин ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG