Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии вилояти Суғд алайҳи маҳбусон парванда боз кард


Садриддин Тошев, мулаққаб ба "Қорӣ", дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Садриддин Тошев, мулаққаб ба "Қорӣ", дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ба пахши "наворҳои дуруғин" аз шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам шудаанд.

Масъулони Додситонии назоратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар таҳқиқи парвандаи пахши видеои баҳсбарангез роҷеъ ба шиканҷа шудани маҳбусон дар зиндони Хуҷанд ширкат доранд ва дар ин роҳ ба додситонии вилояти Суғд мадад мерасонанд. Муовини прокурори назоратии Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Азизов, ин хабарро тасдиқ кард ва аммо гуфт, тафтиш идома дошта, то поёни он ҷузъиёти парванда ошкор нахоҳад шуд. Парвандаи мазкур аз тарафи додситонии вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтааст ва бо дархости он намояндагони расонаҳои ахбори ом, ки ин видеоро пахш кардаанд, бозпурсӣ шуданд.

Сухан аз як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ меравад, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд. Ин навор дар моҳи декабр ба расонаҳои ахбори ом дастрас гашт ва сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард. Бино бар парвандаи таҳқиқи он алҳол ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ба "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" айбдор мешаванд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои ин айбдоршавандагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонӣ бар асоси наворҳои видеоие парванда боз кардааст, ки дар сомонаҳои интернетии «Азия Плюс» ва Радиои «Озодӣ» пахш шудаанд. Вай афзуд, бино бар имзо кардани забонхатти махфӣ доштани ҷузъиёти парванда ҳаққи пахши маълумоти бештарро надорад, вале метавонад, бигӯяд, ки Тошев ва Ризоев ба он муттаҳам мешаванд, ки қасдан ҳамдигарро латукӯб карда, сипас пайи зарбаҳоро бо телефони ҳамроҳ ба навор бардоштаанд, то маъмурияти маҳбас ва кормандони онро дар шиканҷа айбдор кунанд. Як манбаъ дар Додситонии назоратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳбусон ҳамдигарро бо лӯлаҳои резинӣ зада, бадани худро сиёҳ кардаанд ва ин захмҳоро ба навор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Диловар Арабов, сардори маҳбаси шаҳри Хуҷанд, бо тасдиқи далели оғози парванда алайҳи ду зиндонӣ гуфтааст, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ҳарду маҳбус ба боздоштгоҳи тафтишотии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷашуда моҳи декабри соли 2012 дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе моҳи октябр даҳҳо маҳбусон аз Душанбе ба маҳбаси шаҳр Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар ҳоле, ки наздикони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид, мақомот гуфтанд, ки ин зиндонӣ даст ба худкушӣ зад. Наздикони Икромзода гуфтанд, ки зиндониҳои аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолёфта дар асл шоҳидони лату кӯбҳои шадиди фарзандашон буданд. Зиндониҳо дар наворҳои видеоӣ нақл кардаанд, ки баробари ба Хуҷанд оварда шуданашон мавриди латукӯби шадиди масъулини маҳбаси Хуҷанд қарор гирифтанд.

Моҳи ноябри соли гузашта пайвандони маҳбусон дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада, талаб карданд, ки интиқоли фарзандонашон ба Хуҷанд ва шиканҷа шудани онҳоро шарҳ диҳанд. Мақомот шиканҷа шудани зиндониҳоро рад карда гуфтанд, ки интиқоли маҳбусон ба Хуҷанд дар доираи тадобири муқаррарии зиндонҳо гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG