Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нафаре хабар дод, ки ҳамагӣ баъд аз ду соати озод шуданаш бар асоси Қонуни афв дубора даст ба ҷиноят задааст. ​Як масъули дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 12-уми сентябр ба Озодӣ гуфт, Абдуқаюм Уроқови 59-сола ҳафтаи гузашта аз муассисаи ислоҳии Вазорати адлия, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, озод шуд ва ҳоло дубора дар курсии айбдорӣ нишастааст.

Ба қавли мусоҳиби мо, Уроқов пас аз раҳо шудан дар назди бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамёни Мусаввара Акбарова, як сокини шаҳрро ғорат карда, аз дохили ин ҳамён як телефон ва 360 сомониро гирифтааст.

"Баъди содир кардани ҷиноят ин мард боздошт ва нисбаташ бар асоси моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “дуздӣ” парванда боз шуд. Бархе шаҳрвандон аз гузаштаи худ сабақ нагирифта, бо вуҷуди он ки мавриди авф қарор мегиранд, дубора даст ба ҷиноят мезананд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки ба қадри озодии худ намерасанд", - гуфт як масъули дафтари матбуоти ВКД.

Чаро маҳбусони раҳошуда даст ба ҷиноят мезананд?

Дар Тоҷикистон ба муносибати санаҳои хос аз сӯи раиси ҷумҳур тарҳи Қонун дар бораи авфи маҳбусон пешниҳод мешавад. Тарҳи навбатии қонуни афв рӯзи 17-уми август аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуд. Бар асоси ин тарҳ, бояд 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ аз идомаи адои ҷазо озод хоҳанд шуд.

Аммо дубора даст ба ҷиноят задани собиқ маҳбусонро коршиносон ба ҷои кор пайдо накардани онҳо марбут медонанд. Дар соли 2014 низ Қонуни афв қабул шуда буд, ки беш аз даҳ ҳазор гумонбар ва зиндонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.

Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбат моҳи апрели соли ҷорӣ гуфт, давоми ду сол наздик ба ҳазор тан аз маҳбусони озодшуда дубора даст ба ҷиноят заданд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, масъулони додситонӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҳамеша масъалаи пайдо кардани кор барои маҳбусони озодшударо баррасӣ мекунанд. Ӯ гуфт, “маҳбусони озодшуда бояд бештар мавриди ғамхорӣ қарор бигиранд, то ба муҳити иҷтимоӣ ворид шаванд. Бо ҷои кор таъмин кардан вазифаи додситонӣ нест, вале дар доираи салоҳият аз мақомоти маҳаллӣ талаб мекунем, то дар самти бо ҷои кор таъмин кардани маҳбусони озодшуда, вазифаашонро дурусттар иҷро кунанд.”

Аксаран муносибат бо маҳбусони собиқ аз ҷониби корфармоён сард аст. Ин аст, ки фикр мекунам, чун онҳо пас аз озод шудан дубора мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намекунанд, дубора даст ба ҷиноят мезананд.

Нобоварӣ ба маҳбусони собиқ?

Раҷабалӣ Гулшанов, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии ин Вазорат гуфт, аксари маҳбусон пас аз раҳо шудан, барои дарёфти кор ба онҳо муроҷиат намекунанд ва дар сурати муроҷиат кардан низ барои кори пешниҳод шуда розӣ намешаванд. Гулшанов мегӯяд, дар як соли охир аз 1700 маҳбуси раҳошуда танҳо 130 нафарашон бо ҷои кор таъмин шудаанд.

Ин масъули Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, 130 маҳбуси раҳошуда бештар дар сохтмон ва идораҳои коммуналӣ кор пайдо кардаанд, ки аз 500 то 1000 сомонӣ маош мегиранд.

Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар доираи як лоиҳа соли гузашта ба 150 маҳбуси собиқ кумаки ҳуқуқӣ расондааст, мегӯяд, воқеан, на танҳо ба маҳбусон ҷои кор пешниҳод мешавад, балки замоне корфармо аз собиқаи ӯ огоҳ мешавад, муносибаташ бо ӯ тағийр меёбад. Ба қавли Холматова нобоварӣ ба собиқ маҳбусон онҳоро дубора ба ҷиноят тела медиҳад.

Маҳбусон кор намеёбанд ва... ҷиноят мекунанд

Ӯ гуфт, “ҳолатҳои зиёд буд, ки корфармо маҳбуси собиқро аз кор пеш кардааст. Мо мактуб навиштем ва бо машварт онҳоро дубора дар ҷои кор барқарор кардем. Муносибат аксаран бо маҳбусони собиқ аз ҷониби корфамоён сард аст. Ин аст, ки фикр мекунам, чун онҳо пас аз озод шудан дубора мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намекунанд, дубора даст ба ҷиноят мезананд.”

Мавзӯи ҷалби собиқ маҳбусон ба кор дар ҳолест, ки ҳоло Тоҷикистон гирифтори бӯҳрон аст ва аксари корхонаҳо кормандони худро ихтисор мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ 500 ҳазор сокини Тоҷикистон ҳоло шуғли доимӣ надоранд, аммо бо ин вуҷуд мақомоти додситонӣ мегӯянд, роҳи асосии ҷилавгирӣ аз ҷинояти собиқ маҳбусон бо кор таъмин кардани онҳо боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG