Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоҳир Расулзода аз номи президент ба Амрико рафт


Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Созмони Милал аз номи раиси ҷумҳур ва ҳукумати кишвар иштирок карда, суханронӣ хоҳад намуд.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, субҳи 20 сентябр барои иштирок дар кори иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони Милал ба Ню-Йорк рафтааст.

Мақомот мегӯянд, оқои Расулзода дар ин иҷлосия аз номи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон иштироку суханронӣ хоҳад кард. Барномаи сафари Қоҳир Расулзода ба Ню-Йорк ҳамзамон “аз дидору мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои узв, раҳбарияти Созмони Милал ва намояндагони баъзе аз ташкилоти байналмилалӣ” иборат будааст.

Қоҳир Расулзода, раиси пешини вилояти Суғд, баъд аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли гузаштаи президентӣ ба курсии нахуствазирӣ такя зад ва дар ин мақом Оқил Оқиловро иваз намуд. Ба фарқ аз нахуствазирии Оқилов, ки дар расонаҳову ҷаласаҳо кампайдо ва ҳузураш нонамоён буд, Расулзода пайваста дар телевизионҳои давлатӣ ҷилва мекунад ва дар аксар ҷаласаҳо иштироку суханронӣ менамояд.

Нахуствазири 53-солаи Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1982 Иститути кишоварзии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси "муҳандис-гидротехник" хатм намудааст. Фаъолияти корияшро ба сифати техник–санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст.

Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон буд. Аз 27 феврали соли 2007 то лаҳзаи таъин шуданаш ба симати нахуствазири Тоҷикистон дар мақоми раиси вилояти Суғд кор кардааст.

XS
SM
MD
LG