Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлили қиёсии ҷадвали муфассали нарху навои маҳсулот дар 14 бозори Тоҷикистон, ки созмони ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” аз моҳи августи соли 2010 ба ин сӯ пайваста нашр мекунад, нархи маҳсулоти асосӣ дар ин бозорҳо назар ба як сол пеш як ҳудуди 15 дарсад, вале дар муқоиса бо 6 соли пеш қариб 2 маротиба боло рафтааст.

Ин созмон дар сомонааш - agroinform.tj - тағйири нархи 101 навъи маҳсулоти кишоварзиву ғизоӣ дар 14 бозор, аз ҷумла “Шоҳмансур”-и Душанбе, “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, бозорҳои марказии Истаравшану Исфара, Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Рашту Хоруғ, бозорҳои марзии “Бекобод”, “Кулундӣ”, “Сӯх”, “Бука”, “Дӯстӣ”-и Қумсангир ва бозори Ҳамадонӣ пайваста дарҷ мекунад.

Соли 2010 “Нексигол Мушовир” пайгирии нарху навои маҳсулоти бозорҳои кишварро аз 75 маҳсулот оғоз карда буд. Муқоисаи нархҳо нишон медиҳад, ки агар дар моҳи августи соли 2010 як харидор барои харидани ин 75 навъи маҳсулот 622 сомониву 70 дирам сарф мекард, рӯзи 1 июни соли 2016 – дар рӯзи тозатарин мониторинги нархномаи бозорҳо аз сӯи “Нексигол” – ҳамон як муштарӣ барои харидории айни 75 маҳсулот бояд алакай 1119 сомонӣ, ё 95,7 дарсад бештар аз 6 соли пешро аз ҷайби худ берун кашад.

Аз 101 маҳсулоти мавриди пайгирии ин созмон дар қисё бо августи соли 2010 нархи танҳо 5 навъи маҳсулот – лимӯ, афлесун, банан, ананас ва сабзӣ – дар бозорҳои Тоҷикистон арзонтар шудааст. Агар нархи миёнаи як дона лиму дар моҳи августи соли 2010 дар бозорҳои ин кишвар 5 сомонӣ буд, барои рӯзи 1 июни соли ҷорӣ нархи як лимӯ ба ҳисоби миёна 3 сомониву 92 дирам шудааст. Ҳамин тавр, нархи як дона ананас аз 30 сомонии соли 2010 то 28 сомонӣ пойин омада, як кило афлесун аз 20 сомонӣ то 18 сомониву 60 дирам ва як баста банан аз 4,14 то 3,79 сомонӣ фаромадааст. Нархи як кило сабзӣ ҳам дар ин 6 сол аз 2,81 то ба 1,93 сомонӣ афтидааст.

Аммо лимӯ, афлесун, банан ва гузашта аз онҳо, ананас дар ҷумлаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум аст. Нархи аксарияти кулли анвои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, албатта, ба ҷуз аз сабзӣ, дар бозорҳои Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин тараф парвози беист доштааст.

ҶАДВАЛИ ГӮЁ: Тағйири нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар солҳои 2010-2016:

Барои мисол, нархи як кило гӯшти гӯсфанд аз 19,75 сомонии моҳи августи соли 2010 имсол то ба 31,71 сомонӣ (55 фоиз афзоиш), як кило гӯшти гов аз 18,13 то 30 сомонӣ (66 фоиз), як кило ҳасиб аз 11,31 то 20,29 сомонӣ (79 фоиз), як кило картошка аз 1,09 то 1,97 (88 фоиз) ва нархи як кило пиёз аз 96 дирам то 1,4 сомонӣ (45 фоиз) боло рафтааст. Аммо ҷолиб ин аст, ки нархи гӯшт то поёни соли 2014 ба нуқтаи авҷи худ расида, аз он ба баъд як каме рӯ ба коҳиш овардааст. Нархи як халта орд ҳам як сол пеш ба 200 сомонӣ наздик шуд ва сипас арзонтар гардид.

Нархи орд аз августи 2010 то 1 июни соли 2010 50 дарсад афзудаааст. Агар 6 сол пеш як халта орди навъи якум ба ҳисоби миёна ҳудуди 112 сомонӣ нарх дошт, дар рӯзи якуми тобистони соли равон нархи миёнаи як халтааш ба 163 сомонӣ расидааст. Нархи як нон низ аз якуним сомонӣ дар ин 6 сол то ба 2 сомониву 14 дирам боло рафта, ба гуфтаи муштариён, вазнаш ҳам назар ба гузашта хеле “сабуктар” шудааст.

Тоҷикистон бо маҳсулоти деҳқониву боғдориаш ифтихор дорад ва ҳамеша аз азмаш барои бо меваву сабзавоти хушмаззаш пур кардани бозорҳои кишварҳои дигар ҳарф мезанад.

Аммо аз омори нархҳое, ки сомонаи agroinform.tj нашр кардааст, бармеояд, ки нархи меваву сабзавот низ дар бозорҳои ин кишвар пайваста ва ба таври қобили мулоҳиза боло мераванд.

Нархномаи бозори Шоҳмансур дар рӯзи 1 июн.

Нархномаи бозори Шоҳмансур дар рӯзи 1 июн.

Як кило шафтолу ба ҳисоби миёна ҳоло зери 12 сомонӣ нарх доштааст. 6 сол пеш як кило шафтолу ҳамагӣ 5 сомониву 21 дирам буд. Як кило помидор соли 2010 ҳамагӣ 1 сомониву 83 дирам буд ва ҳоло 3 маротиба зиёдтар - 5 сомониву 86 дирам. Ҳамин тавр, як кило бодиринг аз 2 сомониву 14 дирам дар ин 6 то сол то 4, 14 сомонӣ, писта аз 50 то 65 сомонӣ, чормағз аз 9 то 20 сомонӣ, себ аз чоруним то 10, як кило тарбуз аз 1,58 то 5 сомонӣ ва килои харбуза аз 3 то 5 сомонӣ боло рафтааст.

Файзулло, як фурӯшандаи меваву сабзавот дар бозори Ҳисор рӯзи 2 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин шабу рӯз дар ин бозор килои помидор 5-6 сомонӣ, шафтолу – 10”12 ва себ аз 7 то 8 сӯм фурӯхта мешавад. Гелос вобаста ба навъаш аз 8 то 22 сомонӣ қимат дорад. Назар ба як соли пеш фарқи зиёд намекунад, баъзе маҳсулот гӯё ҳатто арзонтар ҳам шудааст, вале сабаби ин пул надоштани мардум аст. Савдо хеле суст аст. Вале барои мисол, килои бодиринг, ки ҳар сол дар ин мавсим то 1 сомонӣ пойин мешуд, имсол нафаромад, дар ҳамон ҳадди 3 сомонӣ мондааст.”

Ҷадвали гӯёи тағйири нархи меваву сабзавот:

Нархи намак низ назар ба соли 2010 ду маротиба боло рафта, як килояш аз 66 дирам ба 1 сомониву 26 дирам ва як кило биринҷ дар 6 сол аз 5,71 то ба 9 сомонӣ расидааст. Як литр равғани пахта дар ин муддат аз ҳудуди 7 сомонӣ то наздики 11 сомонӣ шуда, қимати як кило маска аз 23 сомонӣ то 33 сомонӣ расидааст.

Як литр шир агар моҳи августи соли 2010 ҳамагӣ 2 сомониву 14 дирам нарх дошт, рӯзи 1 июни соли 2016 дар бозорҳо алакай ба қимати 3 сомониву 36 дирам фурӯхта мешуд. Ҳамин тавр, литри қаймоқ аз 13 ба 21 сомонӣ ва як кило маскав аз 23 ба 33 сомонӣ расидааст. Як тухм агар 6 сол пеш ҳудуди 60 дирам буд, ҳоло 75 дирам нарх дорад.

Як кило асал ҳам, ки 6 сол пеш 23 сомонӣ буд, ҳоло ба ҳисоби миёна бо қимати қариб 40 сомонӣ ба фурӯш меравад.

Ҷадвали нархҳои моҳи апрел дар сомонаи Оҷонсии омор

Ҷадвали нархҳои моҳи апрел дар сомонаи Оҷонсии омор

Омори расмии Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳам нархҳои тақрибан ҳамсони баровардҳои “Нексигол Мушовир”-ро нишон медиҳанд. Бино ба ин манбаи расмӣ, нархи миёнаи як кило гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон дар моҳи апрел 30 сомониву 83 дирам, як литри равғани пахта 10 сомониву 34 дирам ва як кило картошка 1 сомониву 96 дирам буд. Оҷонсии омор нархи миёнаи як халта ордро дар моҳи апрел 168 сомонӣ ва як кило биринҷро 8 сомониву 21 дирам баровард кардааст.

Бо ин ҳол, маоши миёна дар Тоҷикистон дар 6 соли охир низ ду маротиба боло рафтааст, вале бо ҳисоби сомонӣ. Дар соли 2010 маоши миёна дар Тоҷикистон 410 сомонӣ ва дар поёни соли 2015, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, 862 сомониро ташкил медод.

Аммо агар 410 сомонӣ маоши миёнаи соли 2010 бо қурби расмии он замон баробари 94 доллар буд, 862 сомонӣ маоши миёнаи имрӯза дар Тоҷикистон муодили ҳудуди 110 доллар аст, яъне ҳамагӣ 20 фоиз бештар аз 6 соли пеш.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG