Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи дини Тоҷикистон нархи сафари Ҳаҷи имсоларо 18 164 сомониву 92 дирам муқаррар кардааст. Аммо як корафтода мегӯяд, аз ӯ барои даровардани модараш ба рӯйхати имсола 6 000 доллар(!!!) хостаанд.

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон нархи сафари Ҳаҷ дар соли равонро 18 164 сомониву 92 дирам, яъне ҳудуди 3700 доллар муқаррар кардааст, ки назар ба 17 625 сомониву 30 дирами соли гузашта тақрибан 440 сомонӣ бештар аст. Дафтари матбуоти Кумитаи дин афзоиши нархи сафари Ҳаҷро ба боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ рабт додааст.

Ҳаҷ яке аз фароизи асосии дини Ислом аст, ки ҳар мусалмон вобаста ба қудрат ва тавоноӣ бояд як бор дар умраш ба ҷо биорад. Соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 6300 нафар ба Маккаву Мадина сафар рафта, ин фаризаро иҷро карданд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, ки тавассути музокирот бо Арабистони Саудӣ – мизбони Ҳаҷ - квотаи солона барои зоирони тоҷикро боло бурда, вобаста ба нуфузи кишвар ба ҳадди ақал 8000 нафар бирасонанд. Мақомоти Саудӣ маъмулан квотаи Ҳаҷро бар пояи меъёри як зоир барои ҳазор сокини мусалмони ҳар кишвар муқаррар мекунанд.

Аммо Саудия ду сол боз ба далели зарурати анҷоми бозсозии манотиқи атрофи санга Каъба квотаи кишварҳоро нисбат ба ин меъёр то 20 дарсад поён мебарад. Танҳо натиҷаи музокироти мақомоти тоҷику саудӣ, ба гуфтаи намояндагони Кумитаи дин, то кунун ин аст, ки Ар-Риёз розӣ шудааст, то ҳамон квотаи қаблӣ – 6300 нафарро барои Тоҷикистон ҳифз кунад.

Навбати Ҳаҷ баъди ... 100 сол
Аммо нархи Ҳаҷ дар Тоҷикистон дар ҳоле боз 440 сомонӣ боло меравад, ки бино ба гузоришҳои расида, навбати сафари Ҳаҷ дар бисёре аз навоҳии ин кишвар тӯлонӣ шуда, дар бархе навоҳӣ алакай то соли 2020 пур шудааст. Як мақоми ноҳияи Турсунзода дар водии Ҳисор ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки дар ин ноҳия алакай то соли 2035 тамоми навбати Ҳаҷ пур шудааст. Дар ноҳияи бо Турсунзода ҳамсояи Шаҳринав, ки солона 70 квотаи Ҳаҷ доштааст, ба гуфтаи як муаллифи ҳафтаномаи "Нигоҳ", ки падараш ду сол боз навбат мепояд, ҳудуди 7000 нафар барои сафари Маккаву Мадина дар навбат номнавис кардаанд ва амалан навбати як нафаре ки ҳоло ба ин навбати тӯлонӣ мепайвандад, бояд баъди ... 100 сол фаро бирасад.

Бо онки қимати сафари Ҳаҷ дар Тоҷикистон яке аз баландтарин нархҳо дар Осиёи Марказист ва назар ба тақрибан 2300 доллар қимати сафари Маккаву Мадина барои зхоирони қирғиз, барои мисол, 50 дарсад бештар аст, боз ҳам шикоятҳои зиёде ба дааст мерасанд, ки мақомоти масъули таҳияи рӯйхатҳои зоирон дар навоҳӣ аз довталабон болоӣ пули зиёд мегиранд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки модарашро ба сафари Ҳаҷ мефиристад, мегӯяд, ҳарчанд қимати расмии сафар чизе бештар аз 18 000 сомонӣ ё ҳудуди 3700 доллар таъин шудааст, аз ӯ барои даровардани исми модараш ба рӯйхати имсола 6000 доллар (!!!) хостаанд. Ӯ ҳамин тавр, барои таҳияи оҷилонаи шиносномаи хориҷии модараш қариб 300 доллар пардохтааст.

Ба Макка бо ...КАМАЗ

Дар замони Шӯравӣ танҳо нафарони ангуштшуморе аз Тоҷикистон ва он ҳам баъди гузаштан аз ғалбери мақомоти сершумори амниятӣ метавонист ба сафари Ҳаҷ мушарраф шаванд. Дар поёни солҳои 80 ва бахусус баъди фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991 роҳи Ҳаҷ барои кишварҳои мусалмоннишини Шӯравии собиқ хеле бозтар шуд ва аз ҷумла дар Тоҷикистон дар баробари ниҳодҳои расмии диниву давлатӣ ширкатҳои хусусӣ низ мардумро бо ҳар роҳ – бо ҳавопаймову автобус ва ҳатто бо мошинҳои КМАЗ, ки дар бордони ин мошинҳо барои зоирон рахтҳои махсуси хоб месохтанд, ба Маккаву Мадина мебурданд.

Аммо аз оғози солҳои 2000-ум масъулияти таҳияи аснод ва таъмини сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷро Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба дасти худ гирифт. Мақомоти Кумита мегӯянд, дар дасти давлат монополия шудани масоили сафари Ҳаҷ дар асл бо дархости мақомоти Арабистони Саудист, ки бо ин роҳ мехоҳанд аз ҳарҷу марҷи уфтода дар ҷараёни мавсими Ҳаҷ пешгирӣ кунанд. Аммо дар бархе кишварҳои дигар, барои мисол, дар Русия ин масъулият бештар бар ӯҳдаи масоҷид ва ҳатто ширкатҳои тиҷорист.

Онҳое ки тавассути кишварҳои дигар, аз ҷумла аз Русия ва Қазоқистон, сафари Ҳаҷ кардаанд, мегӯянд, маъмулан шароит ва сифати хидматрасонии онҳо дар Маккаву Мадина назар ба зоирони тоҷик хеле беҳтар буд. Ва он ҳам дар ҳоле ки нархи сафари Ҳаҷ аз ин кишварҳо нисбат ба сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон арзонтар аст.

Як соҳибкори тоҷик, ки дар солҳои 90 мардумро тавассути автобус ба Ҳаҷ мебурд, ба Озодӣ гуфт, дар он солҳо сафари Ҳаҷ бо автобусу мошин барои як зоир аз 600 то ҳадди аксар 800 доллар тамом мешуд ва бо ҳавопаймо – 1300-1400 доллар. Ӯ мегӯяд, албатта, боло рафтани нархи маводи сӯхту меҳмонхонаву хидматрасониҳои дигарро дарк мекунад, вале на ин дараҷа ки нархи Ҳаҷ назар ба солҳои дар дасти давлат монополия набуданаш 5 маротиба(!!!) боло равад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG