Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳолатҳои бедарак гумшавии духтарон ва коҳиши мизони сармоягузорӣ дар кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

«Нигоҳ» дар матлаби «SOS!!! Духтардуздӣ?» аз зиёдшавии ҳолатҳои бедарак гумшавии духтарон таи шаш моҳи ахир дар Тоҷикистон бонги изтироб задааст. Аюб Эгамов, муаллифи матлаби мазкур, менависад, «вақте саҳифаи бедарак гумшудаҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро назар мекардам, барои худ як манзараи изтиробангезеро кашф кардам: Таи шаш моҳи ахир дар Тоҷикистон беш аз 50 духтар, ки асосан ноболиғ ҳастанд, бедарак гум шудаанд!!! Ҳатто намедонам чӣ хулоса кунам ва инро чӣ гуна шарҳ диҳам? Охир, ин барои кишвари хурди мо хеле зиёд аст.» Дар зимн, ҳангоми таҳлили рӯйхати гумшудаҳо дар сомонаи ВКД, муаллифи матлаб «боз як қонунмандии ногувори дигар»-ро фош кардааст, ки ба иддаои вай, «аксарияти онҳое, ки ба мақомоти милиса муроҷиат кардаанд, волидайн нестанд?! Ин метавонад танҳо як сабаб дошта бошад - падару модар дар Русия дар муҳоҷирати корианд!!!»

«Фараж» дар бастагӣ ба ин мавзӯъ навиштааст, ки «таҳлили умумии рӯйхати гумшудагон нишон медиҳад, ки 70 фоизи онҳо наврасони синну соли 14-20 буда, хонандагони мактаб ва ё донишкадаҳои кишвар мебошанд.» Ба таъкиди нашрия, «таҳлилгарон ба нишонаи синну соли қариб ягонаи духтарони гумшуда ишора намуда, зикр мекунанд, ки аз эҳтимол дур нест, як қисми ин гумшудагон айни ҳол зери истифодаи зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифта бошанд.» Нашрия бо ёдоварӣ аз овозаи як соли пеш дар мавриди «дуздида шудани кӯдакон барои трансплантатсияи узвҳо», ки он баъдтар рад шуд, бо интиқод аз амалкарди мақомот навиштааст, «дар бораи натиҷаи ҷустуҷӯ ва ё дарёфти гумшудаҳо ягон хабар намедиҳанд, ки ин боз ҳам овозаро аз нав вахим мекунад.»

«Озодагон» бо изҳори нигаронӣ аз кам шудани мизони сармоягузорӣ дар Тоҷикистон навиштааст, ки «сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январи 2013 дар қиёс ба ҳамин давраи порсол ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст. Дар моҳи январ ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳама манобеи молиявӣ 168,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки 76,8 фоизи муддати мушобеҳи порсолро нишон медиҳад.» Баҳром Шарипов, коршиноси умури бонкӣ, аз ҳад зиёд шудани қарзӣ давлатӣ ва сангинтар гаштани баргардонии ин қарз барои буҷети давлатиро сабаби коҳиши сармоягузорӣ гуфтааст. Ба иддаои ин коршинос, «хоҳиши ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти сармояҳои хориҷӣ дар ҳоли зиёдшавист, аммо самаранокии истифодабарии он хавфҳоро зиёд кардааст.» Аммо Нозим Ишанкулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон, кам ворид гаштани сармояҳоро ба шароити пеш бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон рабт додааст. Ба унвони далел номбурда аз кодекси андоз мисол оварда, гуфтааст, ки дар асл теъдоди андозҳо аз 20 ба 10 кам нашуда, балки баръакс ҳаҷми он афзудааст.

«Миллат» низ ин мавзӯъро бозтоб дода, мавҷудияти фасод ва мавқеи пасти Тоҷикистон дар феҳристи фасодзадагӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳонро сабаби дигари коҳиши сармоягузорӣ дар кишвар гуфтааст. Нашрия менависад, «дар рӯйхати солонаи фасод дар ҷаҳон, ки Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ интишор додааст, Тоҷикистон аз миёни 176 кишвар бо 22 имтиёз дар мақоми 157 қарор гирифтааст. Маҷаллаи Форбс бошад, дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро ба гурӯҳи 15 давлати фасодзадатарин ворид карда буд.» Ҳарчанд, ба иддаои нашрия, дар ростои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон корҳои амалӣ ҳаст ва кормандони сохторҳои қудратӣ, Кумитаи андоз ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мебаранд, аммо ҳамаи ин талошҳо натавониста, ки сатҳи фасод ва ришвахориро паст карда, ҷойгоҳи кишварро баланд кунад.

«Asia-Plus» бо нашри матлаби «Чунин Наврӯзро ман намеписандам!» аз таҷлили Наврӯзи имсоли Тоҷикистон интиқод кардааст. Ба иддаои Насриддин Сафаров, муаллифи ин матлаб, «мо ид карда наметавонем. Тамоми идҳо дар Тоҷикистон ба тамошои пагоҳирӯзии давлатӣ табдил меёбанд. Онҳо то андозае якранганд, ки баъзан кас дар дарки кадом иду ба чӣ хотир таҷлил гардидани он саргум мезанад.» Дар идома муаллиф бо изҳори таассуф аз ҷараёни таҷлили Наврӯзи имсола дар яке аз ҷашнгоҳҳои пойтахт, ки худ шоҳиди он будааст, менависад, «наход пойтахти кишвар дар асри 21 дар рӯзи таҷлили идҳо бояд ба як бозори замони феодалӣ шабоҳат дошта бошад? Наход иди бостонӣ ва истиқболи соли нав дар шакли мазҳакаи театрикунонидашуда баҳри беҳтаринҳо ва чархофалаку бозичаҳои арзон барои дигарон бошад? Зимнан, ин мазҳака ва бозорро метавон аз телевизионҳои дилбазани кишвар низ тамошо кард.»

«СССР» низ дар атрофи таҷлили Наврӯзи имсоли кишвар «интрига» сохта, дар матлабе бо номи «Декор, Наврӯз, Рақс ва Дуэл» ҷараёни баргузории ин иди бостонӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахтро «ситоиш» кардааст. Рӯзноманигор Сайёфи Мизроб менависад, «Наврӯзи 2013-ро метавон ба ҳамон усули русӣ «Старая песня о главном» хонд. Ин наврӯзӣ ҳамагӣ 2 «навигарӣ» дошт: Чанд товуси мехкӯбшуда ва Бобои Файз!» Ба иддаои рӯзноманигор, Наврӯзи имсола ба ғайр «Очата бугум»-и Бобои Файз дигар чизи ҷолибе ҳам надошт. Зеро «Бобои Файз баромаду гуфт: Очата мегуууумммм! Ва мардум ба шавқ омад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG