Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуот: «Чаро Наврӯз шаҳомати Соли нави мелодиро надорад?»


Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва дар ин росто мулоқоти президент бо зиёиён аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи Душанбе аст.

«Чархи гардун» таҷлили Наврӯз ва Соли нави мелодиро ба ҳам қиёс карда, ба хулосае расидааст, ки ҳарчанд Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, вале то ҳол шаҳомати Соли нави мелодиро надорад. Ба ин далел, нашрия сабаби инро аз олимону коршиносон ва пажӯҳишгарон пурсидааст. Коршинос Маҳдӣ Собиров бо хулосаи нашрия розӣ нашудааст, зеро, ба таъкиди ӯ, «дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо ибтикори роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатӣ, зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бо тамоми шаҳомат ҳар сол ҷашн гирифта мешавад», ки «дар ягон давру замон гузаштагони мо ба андозаи ҳукумати феълӣ ба Наврӯз таваҷҷуҳ надоштанд.» Аммо шоир ва пажӯҳишгар Исфандиёр гуфтааст, «мардуми мо дар тӯли ҳафтод соли гузашта ончунон ба таҷлили соли нави масеҳӣ саргарм гардиданд, ки ҳеҷ наметавонанд худро аз ин қайд вораҳонанд ва ба ҳамон шукӯҳ аз Наврӯзи Аҷам таҷлил ба миён оваранд.» Ба ақидаи олим Хурсанд Ибоддинов, «сабаби асосӣ қудрати иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва технологии мамлакатҳои абарқудрат мебошад. Касе, ки зӯр аст, идеологияи худро, забони худро, фарҳанги худро дар байни дигар мардумони камқудрат ҷорӣ мекунанд.»


«AsiaPlus» мулоқоти анъанавии президенти Тоҷикистон бо зиёиён дар арафаи Наврӯзро бозтоб дода, саволеро матраҳ кардааст, ки ҳарчанд ин чорабинӣ муҳим арзёбӣ мешавад, вале чаро зиёиёни тоҷик ҳангоми мулоқот бо президент мушкилоти шахсии худро аз мушкилоти ҷомеаву кишвар боло мегузоранд? Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ андешаи онро, ки дар мулоқот бо президент зиёиён фақат аз мушкилоти худ мегӯянд, чандон саҳеҳ намедонад. Зеро, ба таъкиди шоир, «масалан, соли гузашта масъалаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва омилҳои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми кишвар мавзӯи гуфтугӯи зиёиён бо президент буд.» Адиб Саттор Турсун, бо изҳори таассуф гуфтааст, ки «солҳои охир баргузории чунин мулоқотҳо дилбазан шудаасту бисёриҳо дар он мушкилоти рӯзгор ва кору фаъолияти шахсии худро ба миён мегузоранд.» Ба таъкиди коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов, ӯ фақат як бор ва он ҳам дар соли 2005 дар мулоқоти президент бо зиёиён ширкат варзид ва дар солҳои минбаъда «шояд касе дар боло дарк кард, ки Барзу ба зиёиён алоқамандие надорад ва дигар ҳам даъват накарданд.» Ба андешаи коргардон, беҳтар мебуд, агар дар чунин мулоқотҳо зиёиён бештар аз дардҳои ҷомеаву кишвар ба президент мегуфтанд. Аммо ба иддаои рӯзноманигор Нуралӣ Давлат, солҳои охир дар Тоҷикистон ва то ҷое дар миёни худи зиёиён ҳам майлу рағбат ба мулоқоти ҳамасолаи президент бо зиёиён коста шудааст. Ба тахмини рӯзноманигор, «шояд онҳо намехоҳанд табъи президентро дар арафаи Наврӯз вайрон созанд ва ё метарсанд, ки дар оянда онҳоро аз ҳаққи иштирок дар мулоқотҳои президент маҳрум мекунанд.» Аз баргузории мулоқотҳо шахсан худи рӯзноманигор чунин бардошт кардааст, ки «бисёриҳо барои худнамоишдиҳӣ ба мулоқот мераванд ва бо ҳамин баҳона президентро ҳам аз наздик мебинанд.»


«Миллат» зимни матраҳ кардани суоли «Чаро тасвиби созишномаи пойгоҳ тӯл мекашад?» посухи онро аз соҳибназарон пурсидааст. Ба андешаи ҳуқуқдон ва сиёсатмадор Раҳматилло Зоиров, сабаби кашол ёфтани имзои созишнома ба интихобот рабт дорад. Зеро, ба иддаои Зоиров, «президенти Тоҷикистон мушаххас кардан мехоҳад, ки Русия дар интихоботи оянда чӣ мавқеъ мегирад ва худи пойгоҳ кадом вазифаҳоро иҷро менамояд.» Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии «Переспектива плюс», мегӯяд, ки ҳанӯз ҷонибҳо ба як фикри дақиқ наомадаанд ва ба ҳамин сабаб ҳоло гуфтугузорҳо давом дорад. Аммо ба бовари хабарнигори тоҷик Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, Душанбе аз Маскав замонати ваъдаҳои додаашро мехоҳад, ки яке тамдиди муҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия аз 7 то 15 рӯз ва дигаре воридоти 1 миллион тонна фаровардаҳои нафтӣ аз Русия бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аст.


«ИмрӯзNews» дар бастагӣ ба ин мавзӯъ навиштааст, ки «ҷой додани як пойгоҳ дар як кишвари калидии минтақа ба амнияти Русия миллардҳо доллар манфиат мерасонад. Ҳол он ки ба Тоҷикистон ҳамагӣ 200 миллион доллар, ки панҷ баробар аз ваъдаи ба Қирғизистон кардаи Русия кам мебошад, ваъда шудаасту то ҳол аз он ҳам дараке нест. Аз ин рӯ, талаби Тоҷикистон дар ин самт талаби актуалӣ мебошад.»


«Нигоҳ» моҷарои Каромат Шарифов ва Иззат Амон, роҳбарони созмонҳои тоҷикони Русияро ба чолиш кашида, омилҳои сар задани ин ҷанҷолро муайяну дақиқ кардааст. Каромат Шарифов бо интиқод аз амалу рафтори Иззат Амон ба нашрия гуфтааст, ки «ин як намунаи фаъолияти Иззат Амон аст, ки мехоҳад худро ҳомии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хонад, аммо дар асл худи вай касе нест» ва бо пичинг илова кардааст, ки «бо ин бача падар ва ҳамсари худаш ҳарф намезананд, аз куҷо роҳнамои миллат ва муҳоҷирон мешавад?» Аммо Иззат Амон гуфтаҳои Каромат Шарифовро хусумати шахсӣ хонда, гуфтааст, ки мухолифат бо пешниҳодҳои номбурда боиси «ин ҳама рашк ва кина» шудааст. Зеро Каромат Шарифов қаблан пешниҳод дошт, ки бояд Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводид ҷорӣ кунад ва Иззат Амон инро иштибоҳи сахти сиёсии вай хонда буд. Ҳамакнун, Иззат Амон тасмим дорад, ки нисбати туҳматҳои Каромат Шарифов ба суд муроҷиат кунад.


«Фараж» тасмими ахири рӯзноманигор Раҷаби Мирзоро дар мавриди иштирокаш дар интихоботи миёндаврии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо чанде аз соҳибназарон мавриди баҳс қарор дода, аз онҳо пурсидааст, ки «Депутат шудани журналист хуб аст ё бад?» Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ин тасмими Раҷаби Мирзоро дастгирӣ карда, гуфтааст, ки «чунин журналистони созанда чаро вакил набошанд? Журналист бояд вакил бошад. Агар хоҳем, ки ҷомеаи осуда ва таҷассумгари он бошем, бояд дар ҳамаи мақомот намояндаҳои ҷомеаро дошта бошем.» Коршинос Мӯсо Асозода бо ҷонибдорӣ аз гуфтаҳои Абдулмаҷид Достиев афзудааст, «бояд кӯшиш кард, ки журналист низ дар парлумон ҷой дошта бошад.» Аммо ба иддаои Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСДТ, «агар журналист аз рӯи тавоноияш вакил шуда тавонад, ин хуб аст, вале агар журналистро аз рӯи квота вакил таъин мекарда бошанд, ин бад аст.»


«Озодагон» бо матраҳ кардани пешниҳоди манъи никоҳи хешутаборӣ ҷӯёи посух ба суоли «Оё манъ шудани издивоҷҳои хешутабориро қабул доред?» шудааст. Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси шӯрои фатвои ҲНИТ, гуфтааст, ки «агар мақсад аз манъ кардани издивоҷҳои хешутаборӣ насли солим бошад, мо ҳам тарафдорем, вале мақсад насли солим нест.» Ба иддаои ин намояндаи ҲНИТ, «мақсад даромади хориҷист ба воситаи дохил кардани муқаррароту равияҳои динҳои бегона дар қонунгузорӣ ва урфу ҳуввияти миллии мо.» Марҳабо Зунунова, сарвари ташкилоти ҷамъияти «Никоҳ ва оила», тавассути қонун манъ кардани чунин никоҳро «як омили дигаре барои коррупсия» медонад. Аммо ба таъкиди ҳуқуқшинос Умрилло Меликов, пешниҳоди вакили парлумон «масъалаи баҳснок буда, бидуни далелҳои мушаххас, омор ва таҳлил ҳалли он ғайриимкон аст.» Дар идомаи баёни андешааш ҳуқуқшинос пурсидааст, «тасаввур кардем, ки чунин қонун қабул шуд ва ду нафар хешу табор издивоҷ карданд, пас онҳо ҷавобгар хоҳанд шуд ва чӣ гуна? Оё онҳоро аз якдигар маҷбуран ҷудо бояд кард?»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG