Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири собиқи Тоҷикистон дар Киев, дар сархати матолиби аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.

«Азия плюс» дар матлаби «Задержан Абдумалик Абдуллоджонов» (“Абдумалик Абдуллоҷонов боздошт шуд”) қазияи дар куҷо ва чӣ гуна дастгир шудани сарвазири собиқро бозтоб кардааст. Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар сӯҳбат ба нашрия гуфтааст, ки дар симои Абдуллоҷонов барои ҳукумати Тоҷикистон хатари ҷиддиеро намебинад, зеро “ӯ кайҳо аз саҳнаи сиёсӣ берун рафтаву дар афкори ҷомеа низ чун як нафари олуда ба фасод ҷилвагар аст.» Вале, ба иддаои сиёсатшинос, «боздошт ва дар сархати матолиби расонаҳо қарор гирифтани сарвазири собиқ метавонад назари ҷомеаро ба Абдуллоҷонов ҷалб кунад ва рейтинги ӯро болотар барад.» Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон муътақид аст, ки «нуфузи Абдуллоҷонов ба мисли дигар мухолифони берун аз кишвар, чун Додоҷон Атовуллоев ва Умаралӣ Қувватов, ба сиёсати Тоҷикистон таъсире нахоҳад дошт.»

«Тоҷикистон» бар ин аст, ки боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов пас аз чандин сол ӯро дубора ба сархати матолиби нашрияҳо овард. Ҳарчанд ба навиштаи нашрия «танҳо тирамоҳи соли гузашта ӯ дар рӯзи таҷлили 20-умин солгарди иҷлосияи Хуҷанд дар Қасри Арбоб сӯҳбате ба расонаҳо дошт.» Ҳамакнун бо ин боздошт, нашрия менависад, «тақдири минбаъдаи Абдумалик Абдуллоҷонов чӣ мешавад, танҳо вақт нишон хоҳад дод».

«Миллат» дар робита ба боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов, матлаберо зери номи «Наҳанги ҷумҳурӣ» боздошт шуд!» чоп кардааст. Нашрия пас аз ироаи ин хабар менависад, ки «аз боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов дар ҳоле хабар мерасад, ки як моҳи пеш Умаралӣ Қувватов, ки худро мухолифи давлат ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба «Гурӯҳи 24» унвон кардааст, дар шаҳри Дубайи Иморати Мутаҳҳидаи Арабӣ боздошт шуда буд.» Ба навиштаи нашрия, «давлат ҳар дуро дар анҷоми ҷиноёти мушаххас мутаҳҳам медонад ва бозпас гирифтани онҳоро тақозо дорад. Мақомоти Тоҷикистон то ҳадди зиёде дар боздошти ин ду нафар пеш рафтаанд ва ҳар ду дар боздошт мебошанд.» Аммо нашрия ин суолро мегузорад, ки «агар ин афрод ва ё ҳадди аққал яке аз онҳо, масалан, Абдуллоҷонов ба зудӣ раҳо шавад ва ба Тоҷикистон таҳвил дода нашавад, яъне талоши истирдоди онҳо ноком бимонад, чӣ хоҳад шуд?»

“Нигоҳ” коршикании тоҷирони бозори “Сомон” дар шимоли Тоҷикистонро ба чолиш кашида ва ҳадс задааст, ки «метавонад дар пушти ин ҳамоиш муқовимати гурӯҳҳои алоҳидаи соҳибкорон” бошад. Аммо дар мавриди кӣ будани «гурӯҳҳои алоҳидаи соҳибкорон» нашрия чизе нагуфтааст. Ба иддаои нашрия, «мушкили ин бозор мисли дигар бозорҳои кишвар дар он аст, ки дар ин гуна бозорҳо ҷойҳо ба нархҳои ҳангуфт фурӯхта мешаванд ва табиист, ки мубориза байни гурӯҳу нафарони алоҳида барои чунин ҷойҳои «равғанин» низ шадид мегузаранд.»

«Фараж» сафари қарибулвуқӯи Игор Шувалов, муовини аввали сарвазири Русия ба Душанберо «нуқтагузорӣ ба баҳси боҷи гумрукӣ барои ворид намудани маводи нафт» унвон кардааст. Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик дар посух ба суоли “Имзо шудани созишнома нархи сӯзишвориро кам мекунад?” гуфтааст, «се вазир вобаста ба муайян кардани нархи сӯзишворӣ рӯирост чунин гуфта буданд: «Умедвор набошед, ки нархи сӯзишворӣ арзон мешавад!» Яъне, ба фикри ман, он андози иловагие, ки барои ворид кардани сӯзишворӣ мегузоранд, ба ҳамин роҳ мехоҳанд пули иҷораи базае, ки Русия пардохт мекард, ҳамон маблағро бароранд. Аммо аз кисаи мардуми Тоҷикистон, на аз кисаи Кремл.”

«Озодагон» дар мусоҳибае бо Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, мавқеъ ва назари ҳукумати Бритониёро нисбат ба Тоҷикистон пурсидааст. Нашрия бо ишора ба «мавқеи нарми ҳукумати Бритониё дар қиболи ношаффофиҳо дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон» аз сафир пурсидааст, ки «агар интихоботи президентии имсол низ ношаффоф гузарад, мавқеи шумо тағйир меёбад?» Ҷаноби Смит дар посух гуфтааст, ки дар ин хусус чизе гуфта наметавонад, зеро ҳоло барвақт аст ва касе намедонад, ки баъди даҳ моҳ чӣ воқеа рӯй медиҳад. Ба иддаои сафир, «ин як масъалаи хеле нозук ва пешгӯинашаванда аст.» Аммо сафири Бритониё умедвор аст, ки «интихоботи президентӣ шаффоф, озод ва боадолатона мегузарад.»

«Имрӯз News» бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, назорати масрафи ин маблағҳоро ба баррасӣ гирифтааст. Ҷалоли Фирӯз, муаллифи матлаби «Кумакҳои Бонки ҷаҳониро кӣ назорат мекунад?» менависад, «дар моҳи декабри соли гузашта ин бонк 74 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон кумак карда буд ва ҳоло ин бонк боз бо ҳудуди 46 миллион доллари дигар дар Тоҷикистон барнома иҷро хоҳад кард.» Муаллиф аз паёмади назорати ин маблағҳо нигаронӣ карда ва аз он изҳори таассуф кардааст, ки «мутаассифона, бо вуҷуди иҷрои барномаҳои тарҳрезишуда мушкил ҳамоно боқӣ мемонад.»
XS
SM
MD
LG