Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуот: «Боздошти Абдуллоҷонов - кори дасти кишварҳои абарқудрат»


Қазияи боздошти Абдулмалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистон ва ёде аз «ҳодисаи «баҳманмоҳи хунин» мавзӯъҳои меҳварии матолиби аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

«Миллат» дар матлаби «Кӣ аз «наҳанг» «гулмоҳӣ» сохтанист?» ҳадафи сафари Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири собиқи Тоҷикистон ба Киевро ба чолиш кашида ва ба нақл аз нашрияҳои русӣ ва ғарбӣ навиштааст, ки «як иллати сафари ӯ ба Киев мулоқот бо мухолифони дигари давлати Тоҷикистон ба манзури барномарезӣ ва омодагӣ барои интихоботи соли 2013 унвон шудааст.» Нашрия менависад, «дар ҳар сурат, пайдо ва боздошт шудани Абдуллоҷонов дар Киев амри тасодуф нест, ки ба гуфтаи худаш «по своим делам» ба Украина омад ва боздошт шуда бошад. Абдуллоҷонов метавонад ба муҳраи калон дар бозии бузург табдил шавад». Нашрия дар охир хулоса кардааст, ки «ба ҳар ҳол, то ин ки пардаи ин қазия барафканда ва бозигарони ин саҳна ошкор бишаванд, фурсати зиёде мавҷуд нест.»

«Имрӯз нюз» зимни он ки Абдумалик Абдуллоҷоновро гурезаи сиёсӣ хондааст, аз забони адвокат Андрей Федур овардааст, ки «азбаски сафари Аюдуллоҷонов ба корҳои шахсӣ буд, ӯро бояд дар Киев нафароне пешвоз мегирифтанд. Аммо ӯро дар ин ҷо на он тавре пешвоз гирифтанд, ки бояд пешвоз мегирифтанд. Барои ҳамин ман гумон дорам, ки гап сари провакатсия меравад». Дар ҳоле, ки ба таъкиди адвокат, дар ин бора худи Абдуллоҷонов ҳам мегӯяд, «ба ин монанд аст, ки амалиёт махсус омода шуда буд.»

«Озодагон» дар боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов ва дигар аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дасти кишварҳои абарқудратро донистааст. Нашрия дар матлаби «Асрори боздошт шудани Абдуллоҷонов» хомӯшии сафорати ИМА дар Душанбе ва мақомоти ин кишвари абарқудратро дар мавриди боздоши Абдуллоҷонов, ки «паноҳандагии сиёсии Амрико»-ро дорад, «зери коса нимкосае» арзёбӣ кардааст. Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази тадқиқоти состсиологии «Бозтоб», ба нашрия гуфтааст, ки «дар ҳақиқат Абдуллоҷонов тайи бештар аз 10 сол дар Тоҷикистон набуд, вале ӯ паноҳандаи сиёсӣ дошту ба кишвар омада наметавонист. Дар қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба номзади президентӣ бошад, ҳарфе дар бораи паноҳандаи сиёсӣ нест. Пас оё «дар вақти зарурат аз ин ҳолат истифода карда наметавонанд?» Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ Раҳматилло Зоиров, роҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки «аз эҳтимол дур намедонам, ки дар дастгир шудани ӯ (Абдуллоҷонов) бозиҳои геополитикии Русия ва ИМА бе чунону чаро мусоидат кардаанд. Ба ҳар ҳол мебинем, ки феълан Амрико хеле мулоҳизакорона ба ҳама масъалаҳо нигоҳ мекунад ва баъдан мавқеашро ошкор мекунад.»

«Фараж» аз қавли коршиносон «тақдири Абдуллоҷоновро ба тақдири фурудгоҳи Айнӣ» вобаста донистааст. Нашрия дар матлаби «ДиссИДент» навишт, «агар Тоҷикистон фурудгоҳро ба Русия вогузор кунад, пас, Абдуллоҷоновро намедиҳанд, вале агар амали баракс сурат гирад, бе чуну чаро Амрико аз ҳифзи «паноҳандаи сиёсӣ» - аш даст мекашад.»

Ёде аз ҳодисаи «баҳманмоҳи хунин» низ аз дигар мавзӯъҳои меҳварӣ дар бархе аз нашрияҳои чопи Душанбе аст:

«Озодагон» дар матлаби «Нафрат» навишт, ки «ҳодисаи хунбори баҳманмоҳ бори нахуст нафрати мардумро нисбат ба амалдорон ва ҳукумати вақт ба зуҳур овард.» Шодӣ Муҳаммадраҷаб, муаллифи матлаб менависад, «ҳодисаҳои рӯзҳои аввали моҳ, агар бетараҳҳумиву курсиҳои мансабро амиқан дӯст доштани сарварони ҳукумати Маҳкамовҳоро нишон медод, ҳодисаҳои баъдӣ нафрату бадбинии мардумро нисбат ба ин ҳукумат бедор намуд.» Муаллиф дар охир менигорад, ки «ин матлаб танҳо ба хотири шарҳу тафсири он воқеот набуда, балки ҳушдорест бар ҳама раҳбарону амалдорони кунинро, ки аз ҳадди адолат ба марзи зулму тааддӣ берун пой наниҳанд ва ба нафрату адовати райият дучор наоянд. Он ҳодисот сабақи омӯзандае буванд, ҷумла сардамдорони замонро. Бояд ибрати наку гирифт!»

«Имрӯз нюз» менависад, ба хотири гиромидошти шаҳидони «баҳманмоҳи хунин» 12 феврал дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ишора карда шавад: «Рӯзи ёдбуди қурбониёни «баҳмамоҳи хунин», ё мисле, ки дар Арманистону Озарбойҷон «Рӯзи миллӣ» гӯянд. Нашрия пешниҳод дорад, ки «ҳадди ақал санг ё лавҳаи ёдгорие, ки қаблан буд, барқарор карда шавад. Зеро ба гуфтае, «берун андохтани санги хотираи қурбониёни баҳманмоҳ, нишонаи беэҳтиромӣ ба таърих ва ба рӯҳи ҳамон шаҳидон аст.»

«Миллат» ба ин муносибат мақолаи Бозор Собирро зери номи «Бо шумо зистанам ҳайф», ки дар яксолагии «баҳманмоҳи хунин» дар таърихи 14 феврали соли 1991 навишта шудааст, нашр кард. «Чӯпондепутатҳои иттифоқии мо, ки моҳҳо дар сессияҳо шишта пинак мераванд, боре аз шаҳидони Душанбе лаб накушоданд. Эй ридакҳо, эй таъмизгароҳо, эй навкару чокарҳо, оё шуморо виҷдон азоб надод?», навиштааст Бозор Собир. Ин аст, ки шоир дар хулосаи матлаб менависад, «Эй оши худоихӯрон, бо шумо зистанам ҳайф. Ҳайф, ҳайф, ҳай... Аламон аз шумо.»
XS
SM
MD
LG