Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рӯзи матбуот” бидуни эътои ҷоизаи Лоҳутӣ


Масъулони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯянд, ки "Рӯзи матбуоти тоҷик" имсол бидуни эътои ҷоизаи Лоҳутӣ баргузор мешавад.

Рӯзи 11-уми март баробар аст ба "Рӯзи матбуоти тоҷик" ва имсол ба таъсисёбии матбуоти миллии тоҷик 104 сол пур мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар толори Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов маросими ботантанаи таҷлил аз “Рӯзи матбуоти тоҷик” доир мешавад. Ин маросим ба ибтикори Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва вазорати фарҳанги кишвар баргузор мешавад.

Зинатуллоҳи Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони тоҷик, зимни табрики “Рӯзи матбуоти тоҷик” ба ҳама журналистони Тоҷикистон гуфт, ки “маҳфили бошукӯҳи иди матбуотчиён соати 16.00 вақти Душанбе дар толори Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар шаҳри Душанбе доир мешавад, ки тақдими ҷоизаву тӯҳфаҳо ба хабарнигорону аҳли матбуот дар назар аст”.

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Исмоилзода, имсол ҷашни “Рӯзи матбуоти тоҷик” бидуни эълони ҷоизадорони Иттиҳоди журналистони тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳӯтӣ сурат мегирад. Зеро қарор шудааст, то ҷоизадорони ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар арафаи таҷлили истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябр эълон ва ба соҳибони он эҳдо хоҳад шуд.

Зимнан, ҳар сол Иттиҳодияи журналистони барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ озмун эълон мекунад ва довталабон мақолаҳо ё маводи чопии худро барои ширкат ба озмун ба ин иттиҳодия месупоранд. Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд. Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. “Бухорои шариф” бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.

XS
SM
MD
LG