Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ: Мушкил дар равобити мо бо Русия фантазияи шахсони алоҳида аст


Вазири корҳои хориҷӣ гуфт, Тоҷикистон дар тасвиби созишномаҳо бо Русия, «лимити вақтӣ» надорад.

Ин нуктаро Ҳамроҳхон Зарифӣ рӯзи 17 июл дар нишасти матбуотии нимсолаи ин ниҳод бо рӯзноманигорон баён дошт. Зарифӣ гуфт, ин созишномаҳо ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад ва то пурра таҳқиқ шудани он бояд сабр кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳаргуна мушкилот дар муносибот ва ҳамкорӣ бо Русияро рад кард ва ибрози умедворӣ кард, ки созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қамларави Тоҷикистон дар ниҳоят ба имзо хоҳад расид.




"Бо Русия мушкиле надорем"

Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, "созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон протоколи ёддошти тафоҳум ё созишномаи дувумдараҷае нест, ки барои муддати кӯтоҳро дар назар гирифта шавад ва бидуни аҳамият бошад. Ба ин далел ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба ин масъала бо ҷиддият таваҷҷӯҳ доранд ва ин созишнома ҳамкории моро барои дурнамо ва он ҳам дар соҳаи хеле муҳим - низомӣ ва низомӣ - фаннӣ мушаххас мекунад."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки "масоил ва тавофуқоти ба имзорасида аз ҷониби президентони Тоҷикистон ва Русия хеле мушикофона ва бо бо ҷиддият пайгирӣ ва баррасӣ мешавад. Низомиён то ба охир ин санадро омода хоҳанд кард ва умедворам. ин созишнома тасвиб хоҳад шуд."

Ҷаноби Зарифӣ, бори дигар аз Русия ба унвони шарики стратегии Тоҷикистон ном бурд ва гуфт, ки "мо ҳама ӯҳдадориҳои бардӯшгирифта ва созишномаҳои ба имзорасида бо Русияро комилан иҷро мекунем."

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, "ҳеҷ гуна мушкиле дар муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия вуҷуд надорад ва ҳар мушкиле, ки пеш меояд, фантазия ва бофтаи шахсиятҳои алоҳидаи намояндагони расонаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аст.“

Ҳамроҳхон Зарифӣ зимни нишасти хабарӣ, 17-уми июли соли 2013.

Ҳамроҳхон Зарифӣ зимни нишасти хабарӣ, 17-уми июли соли 2013.

Созишномаи пойгоҳи 201, ки дастикам то соли 2042 тамдид кардани замони будубошаш дар Тоҷикистонро тазмин ва ин пойгоҳро аз ҳар пардохти ҳар навъ пули иҷора озод мекунад, ҳанӯз 5 октябри соли 2012 дар Душанбе аз сӯи руасои ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо шуда буд. Ҷониби Русия мароҳили тасвиби ин созишномаро ҳанӯз дар моҳи май пурра такмил кард. Вале парлумони Тоҷикистон то ҳол ба баррасии масъалаи тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 шурӯъ накардааст.

Чин бештар аз ҳисоб замин нагирифтааст

Масъалае дигаре ки оқои Зарифӣ рӯзи 17 июл дар нишасти хабариаш пардохт, сарусадоҳо дар бораи ба умқи қаламрави Тоҷикистон амиқтар рафтани нирӯҳои марзбонии Чин буд. Ин сарусадоҳоро Ҳамроҳхон Зарифӣ кори дасти сарчашмаҳое хонд, ки мухолифи равобити ҳасанаи Тоҷикистону Чинанд. Вай гуфт, Чин аз Тоҷикистон ҳамон андоза заминро гирифтааст, ки дар созишномаи марзии ду кишвар зикр шудааст ва ин ки расонаҳо аз рафтани қаламрави бештар ба ҳисоби Чин мегӯянд, ҷомиаро ба иштибоҳ мебаранд.

Тавсиф аз сатҳи ҳамкориҳо бо Эрон

Ҳамрохон Зарифӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки "ҳамкории мо бо Эрон дар сатҳи хеле баланд қарор дорад ва ин ҳамкориро дар оянда низ идома медиҳем." Ҷаноби Зарифӣ бо ишора ба сафари ахираш ба Эрон, гуфт, "дар ҷараёни ин дидор ҳам бо раҳбарияти пешин ва ҳам раҳбарияти феълӣ дар масоили густариш ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба сӯҳбат доштам ва аз Маҳмуди Аҳмадинажод, барои кумаку мусоидат дар рушди муносибот бо Тоҷикистон дар тӯли 8 соли фаъолияташ тақдир кардам."

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки дар дидорҳо бо Ҳусейн Рӯҳонӣ, намояндаи президенти ояндаи Эрон ва Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон муҳтавои афкору андешаи раҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро расонидааст.

Ҳамрохон Зарифӣ таъкид кард, ки "фикр мекунам, ки дар маъракаҳои дар пешистодаи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ шояд раҳбарияти Эрон иштирок кунад." Аммо ҷаноби Зарифӣ, ишорае ба ин маъракаҳо накард, ки манзураш кадом маъракаҳо аст.

Ҳарчанд қарор буд, дар моҳи марти соли ҷорӣ дуввумин турбини неругоҳи "Сангтӯда - 2", ки бо сармояи Эрон дар ҷануби Тоҷикистон сохта мешавад, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар ширкат кунад. Аммо ин маросим ба таъхир гузошта шуд ва дар пайи интихоботи аввали моҳи июн дар Эрон раҳбарияти ин кишвар иваз шуд ва имкон дорад маросими фаъол шудани нерӯгоҳи "Сангтуда - 2" дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ дигар бо ҳузури раиси нави он ҷумҳурӣ Ҳасан Рӯҳонӣ сурат бигирад.

Ҳамзамон ҷаноби Зарифӣ таъкид кард, ки "Эрон талош хоҳад кард, то мушкилотеро, ки дар заминаи барномаи ҳастаӣ бо Ғарб дорад, аз роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кунад."


Тоҷикҳо дар ҳарду ҷабҳаи ҷанги Сурия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш ҳамчунин гуфт, дар Сурия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз тарафи мухолифон меҷанганд. Қаблан Кумитаи дини Тоҷикистон эълон карда буд, ки тайи як соли ахир 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва 11 нафар дар Афғонистону Покистон дар амалиётҳои низомӣ фавтидаанд.

Интихоботи моҳи ноябр

Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳамчунин гуфтааст, интихоботи президентии моҳи ноябр дар Тоҷикистон новобаста аз дахолатҳои хориҷӣ дар шароити амн ва шаффоф хоҳад гузашт. Ӯ имкони ширкати худаш ба ҳайси номзад дар интихоботро рад кард ва гуфт, ин мақом донишу малакаи бештареро мехоҳад, ки ӯ надорад. Вазири хориҷа ба ҳар сурат изҳори боварӣ кард, ки дар моҳи ноябр "як нафари арзанда" интихоб хоҳад шуд.

Афғонистони баъди соли 2014

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки вазъият дар Афғонистон пас аз хуруҷи эътилофи байналмилалӣ чандон тағйир нахоҳад кард. Вай гуфт, "он омодагӣ ва ҳамкорие, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои суботу оромии Афғонистон рӯи даст доранд, боиси он хоҳад шуд, ки вазъият пас дар Афғонистон аз соли 2014. яъне пас аз берун шудани неруҳои эътилоф чандон ба таври куллӣ тағийр намеёбад. На сулҳи комил мешавад, на ягон инфиҷор, манзур инфиҷори сиёсӣ ва ё вокуниши шадид нахоҳад шуд. Вазъият аз вазъияти феълӣ чандон фарқ намекунад."

Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки "мо тамоми имкониятҳоро истифода бурда истодаем, ки вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мустаҳкам карда шавад ва дар ин иртибот мо дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чорчӯби СПАД ва созишномаҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо кор карда истодаем." Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умед кард, ки "вазъият дар зери назорат хоҳад монд."

Боздоштҳо дар марз бо Узбакистон

Вазири хориҷа бо ишора ба мавридҳои ахири боздошти шаҳрвандони тоҷик ва молу чорвои онҳо аз ӯи марзбонони узбак дар ноҳияи марзии Панҷакент вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро нигаронкунанда номид. Оқои Зарифӣ гуфт, музокирот ба манзури раҳо кардани онҳо дар сатҳи ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Узбакистон идома дорад.

Рӯзи 15 июн 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни Панҷакент бо наздики 2000 сар гӯсфанду гов боздошт шуда, бино ба охирин хабарҳо, дар идораи пулиси вилояти Қаршӣ дар боздошт қарор доштаанд. Дар авоили моҳ аз боздошти 5 сокини ҷамоати Фароби Панҷакент аз сӯи марзбонони узбак хабар расид. Гуфта мешавад, ки дасти кам 3 тани онҳо ноболиғ буда, дар як минтақаи марзӣ ҳангоми алафдаравӣ боздошт шудаанд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, набояд дар баҳо додан ба ин ҳаводис саросема шуд.


ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG