Пайвандҳои дастрасӣ

Диловаршоҳ Қосимов бо ҷурми қатли язнаи президенти Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 январ Диловаршоҳ Қосимовро бо ҷурми қатли Холмӯъмин Сафаров - шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон ба 26 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Бародарон Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил Ҳакимовҳо бо ҷурми хабар надодан ба мақомот ва ҳифзи силоҳи ғайриқонунӣ мутаносибан 8 ва 3 сол ҳукм гирифтанд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Диловаршоҳ Қосимов ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми содиршуда нисбат ба муваккилаш розӣ нест ва дар рӯзҳои наздиктарин аз он ба зинаи болотари Додгоҳи олӣ шикоят хоҳад бурд. Оқои Қудратов мегӯяд, додгоҳ дар амал танҳо нақши нотариусро бозӣ кард ва ба ҷои таҳқиқи қазия ва шунидани шикоёту шаҳодатҳои ҷониби дигар танҳо хулосаи тафтишотро бидуни кадом каму кост пазируфт ва бар асоси он ҳукм баровард.

Холмӯъмин Сафарови 57-сола, ки раҳбарии муасссисаи давлатии “Хоҷагии ҷангал”-ро бар ӯҳда дошт, шаби 13 июни соли 2012 баъди адои намоз дар масҷиди маҳаллаи Автовокзали Душанбе дар роҳи бозгашт ба манзилаш куштанд. Дуруст як моҳ баъд мақомот аз боздошти Диловаршоҳ Қосимов, корманди як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Восеъ хабар доданд, ки бино ба хабарҳо, бо Холмӯъмин Сафаров баҳси молӣ доштааст, хабар доданд. Барои пайдо кардани туфангчае, ки ба бовари мақомот, Қосимов барои куштани домоди президент истифода бурда буд, мақомот чанд рӯз зери дарёи Душанберо кофтанд. Ҳамин силоҳ дар баробари як муноқишаи молиаш бо Холмӯъмин Сафаров як далели аслии тафтишот алайҳи Диловаршоҳ Қосимов шуд.

Вазорати дохила барои пайдо кардани қотили язнаи президент як манзил дар пойтахт ҳам ваъда карда буд. Ба дунболи боздошти Диловаршоҳ Қосимов ин вазорат эълон кард, ки ин ҷоизаро ба афсарони дахил дар ошкор кардани ин ҷиноят супурдааст. Ҳарчанд то чанд вақти дигар дар байни мардум ва дар бархе расонаҳо дар мавриди гӯё ба яке аз наздикони худи Диловаршоҳ Қосимов рафтани ҷоизаи вазорати дохила ҳадс мезаданд.

Қосимов дар ибтидо ба даст доштанаш дар қатли домоди президент иқрор кард, вале баъдан гуфт, ки таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудааст. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, муваккили ӯ дар ҳақиқат аз Сафаров дар ивази маблағи муайяне ваъдаи як курсии давлатиро гирифта буд, вале тафтишот дар гирди ин баҳси молӣ чунон парвандае сохт, ки ба ақидаи ӯ, танҳо бо тахмину фарзия ва бидуни далелҳои кофӣ сохта шуда, ҳукми имрӯз эълоншуда ҳам, ба таъқиби Қудратов, “мисли як афсона навишта шудааст.”

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр мурофиаи афроди муттаҳам дар қатли раҳбари 57-солаи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” Холмӯъмин Сафаровро пушти дарҳои баста оғоз карда буд.

Ду тан аз ин шоҳидон дар рафти мурофиа гуфтаанд, ки аз дур 2 нафарро дидаанд, ки яке аз онҳо пеши роҳи Холмӯъмин Сафаров - язнаи президентро гирифт ва дигарӣ аз ҷайбаш туфангчаро бароварда, ӯро парронд. Аммо азбаски маҳалли ин ҳодиса тира буд, онҳо натавонистаанд чеҳраи қотилонро бубинанд. Далели дигаре, ки ҳамчун мавод дар ҷараёни додгоҳӣ истифода шудааст, як навори видеоӣ аст, ки ба қавли Шуҳрат Қудратов, тақрибан чизе дар он мушоҳида карда намешавад.


Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, азбаски ин парванда ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт мегирад, аз оғоз ба як парвандаи сиёсӣ табдил ёфт ва тамоми ниҳодҳои дахил – чӣ тафтишот ва чӣ додгоҳ – фақат супоришро иҷро мекарданд. Ба бовари ӯ, ягон қозии додгоҳ дар Тоҷикистон ҷуръат намекунад, ки бо таҳқиқи мӯшикофонатари ин парванда раисиҷумҳурро “ранҷонад” ё Худо нохоста, шомили рӯйхати сиёҳи Эмомалӣ Рамон шавад.

Холмӯъмин Сафаров соли 1955 дар рустои Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва аз соли 2009 то дами маргаш раҳбарии корхонаи “Хоҷагии ҷангал”-и Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Диловаршоҳ Қосимов, ки ба гуфтаи пайвандонаш, аз ҳисоби хоҷагии деҳқониаш дар Восеъ ва таксиронӣ рӯз мебурд, ду ҳамсар ва 7 фарзанд доштааст. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, танҳо иттиҳоме ки дар додгоҳ пурра собит шуд, ҳамин дузанагии муваккили ӯ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG