Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон президенти навро интихоб мекунад


Нахуствазири Арманистон Тигран Саркисян дар овоздиҳӣ иштирок мекунад
Нахуствазири Арманистон Тигран Саркисян дар овоздиҳӣ иштирок мекунад

Ин панҷумин интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон баъди касби истиқлоли ин кишвар мебошад.

Ин панҷумин интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон баъди касби истиқлоли ин кишвар мебошад. Бо вуҷуди ин ки барои дастёбӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ шаш номзад сабтином шудаанд, пешгӯӣ мешавад, ки раиси ҷумҳурии амалкунанда Серж Саркисян аксари раъйҳоро ба даст хоҳад овард. Афкори умум тарафдории 70 дар сади сокинонро аз номзадии ӯ пешгӯӣ кардаанд.

Худи Саркисян, баъди ширкат дар овоздиҳӣ дар Ереван, дар баробари хабарнигорон гуфт, ки "барои шукуфоии Арманистон ва мардуми Арманистону хонаводаҳои онҳо" овоз медиҳад.

Айни замон, як таҳлилгари бетараф, раҳбари маркази таҳқиқоти минтақаӣ дар Ереван мегӯяд, пирӯзии Саркисян осон даст намедиҳад. Ричард Гирагосян мегӯяд, ки “дар асл, ин як интихоботи камрақобаттарин дар таърихи Арманистон мебошад”. Вай мегӯяд, ҳоло “фишори бештар на болои натиҷаи интихобот, балки баргузории он эҳсос мешавад” ва ба эҳтимоли ғолиб, Саркисян мақоми худро ҳифз хоҳад кард.


Тибқи изҳороти намояндаи САҲА – раҳбари ҳайати нозирон дар Арманистон Тонино Пикула, намояндагони ин созмон дар саросари кишвар аз ҷараёни​овоздиҳӣ назорат мекунанд.


Интихоботи президентӣ дар Арманистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00



Интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Арманистон дар шароите баргузор мешавад, ки иқтисоди миллии ин кишвар талош дорад аз паёмадҳои бӯҳрони иқтисодӣ раҳо шуда, ҳамоно сеяки ҷамъияти ин кишвар дар ҳолати фақр ба сар мебаранд. Нишондоди миёнаи маоши мардуми ин кишвар, ки аҳолиаш 3,2 миллион нафар аст, дар ҳудуди 300 доллар ҳисоб шудааст. Арманистон тӯли солҳои дароз дар як инзивои иқтисодию сиёсӣ ба сар мебарад, ки аз ҷониби ҳамсояҳояш Туркияву Озарбойҷон дар паи ҷанги солҳои 1990 бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ эҷод шудааст.


Бо назардошти ин ҳама, нахуствазири Арманистон Тигран Саркисян гуфт, ки президенти оянда бо мушкилоту чолишҳои зиёд рӯбарӯ мешавад. Вай гуфт, мардуми Арманистон аз раҳбари оянда интизори таъмини амният ва субот дар кишваранд, “то ки дар заминаи он масоили иҷтимоиву иқтисодиашон ҳалли худро пайдо кунад. Муҳимтарин ҳадаф таъсиси ҷойҳо нави корӣ барои сокинони ин кишвар аст”, гуфт ӯ.


Овоздиҳии имрӯза дар шароите баргузор мешавад, ки чанд ҳафта пеш яке аз номзадҳои интихоботӣ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, дигар довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ даст ба гуруснанишинӣ зад. Айни замон, бояд гуфт, ки хушунат ва моҷароҳо дар маъракаи интихоботии Арманистон чизи нав нест. Соли 2008, вақте Саркисян пирӯзии худро эълон кард, дар задухӯрд бо полис 10 нафар кушта шуданд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG