Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишор ба нависандаи озарӣ барои паёмаш ба арманиҳо


Акрам Айлислӣ, яке аз маҳшуртарин нависандагони Озарбойҷон.
Акрам Айлислӣ, яке аз маҳшуртарин нависандагони Озарбойҷон.

Мақомоти давлатӣ ва мардум дар Озарбойҷон аз асари нави нависандаи машҳур Акрам Айлислӣ шадидан ба хашм омадаанд.

Бо нидоҳои “Шарманда!” ва “Марг бар ту!” ҳазорон нафар дар зери тирезаи хонаи Акрам Айлислӣ, яке аз маҳшуртарин нависандагони Озарбойҷон, аксҳо ва китобҳои ӯро оташ мезананд. Муносибати мардум ба Айлислӣ дар як рӯз дигар шуда, аз муҳаббати бузургба нафрати бузург табдил ёфтааст. Дигар аз хидматҳои зиёд ва ҷоизаҳои байнулмилалию ҷаҳонии ӯ ёд намекунанд, зеро Айлислӣ дар румон наваш аз арманиҳо, “душманони хунӣ”-и озариҳо ҳимоят кардааст.

Аксари кулли тазоҳуркунандагон ҳанӯз румони нави Айлислӣ “Хобҳои сангин”-ро нахондаанд, аммо аз дигарон шунидаанд, ки нависанда дар он тарафи арманиҳоро гирифтааст. То ҳол танҳо тарҷумаи русии асари нави Айлислӣ дар маҷаллаи “Дружба народов” чоп шудааст. Дар он рӯйдод ва падидаҳои солҳои охири Қафқози Ҷанубӣ ва аз ҷумла ҷанги арманиҳову озариҳо барои Қарабоғи Кӯҳӣ таҳқиқ шудаанд. Ҷанги шашсолае, ки охири солҳои 1990 бо оташбас анҷомид, вале ҳамоно мояи муносибатҳои пуршиддати миёни Боку ва Ереван аст. Озарбойҷон ва Арманистон, ҳар кадом ба ин мушкил аз зовияи худ менигарад. Талошҳои ҳалли мушкил зимни айбдоркуниҳои тарафайн ба бунбаст мерасанд.

Дар “Хобҳои сангин” Айлислӣ ваҳшати ҳамлаи ҳамдиёрони худро ба арманиҳои Боку тасвир кардааст. Моҳи январи соли 1990 даҳҳо армание, ки дар ин шаҳр дар канори озариҳо ба сар мебурданд, ҳадафи куштор, латукӯб ва таҷовуз қарор гирифта, аз Боку ронда шуданд. Ҳамзамон, Айлислӣ аз таҷовузгар тасвир кардани арманиҳо ва маъракаи хушунати зидди озариҳо дар Хоҷалӣ дар соли 1992 худдорӣ кардааст. Иттифоқан, як тазоҳуроти дигари зидди нависанда дар пояи ҳайкали қурбониҳои Хоҷалӣ баргузор гашт.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Айлислии 75-сола аз “Хобҳои сангин”-и худ дифоъ кард ва гуфт, ин масъулияти ӯ буд, ки ҳамчун як озарӣ нақши кишвари худро дар ин низоъ тасвир намояд: “Ин румон як навъ паёмест ба арманиҳои Қарабоғ. Ба таъбири дигар, ба арманиҳои шаҳрванди Озарбойҷон. Паём ин аст, ки фикр накунед, мо ҳамаи бадиҳоеро, ки ба Шумо кардем, аз ёд бурдаем. Мо инро қабул дорем. Шумо ҳам бадиҳои зиёде ба мо кардед. Ин вазифаи нависандаи арманист, ки дар бораи он бадиҳо нависад, дар бораи қатли оми Хоҷалӣ. Мумкин, онҳо аллакай навишта бошанд ё мумкин, дар оянда хоҳанд навишт. Ман намедонам. Зеро имкон надорад, ки кас чунин бераҳмиҳо кунад ва иқрор наорад. Набояд ин чизҳоро сиёсӣ кард. Агар арманиҳо ҳамоно дар минтақаи Қарабоғи Озарбойҷон зиндагӣ мекунанд, мо бояд паҳлуи ҳам ба сар барем. Ин румон паём ба онҳост, ки натарсед, ин поёни ҷаҳон нест, мо метавонем, бо ҳам зиндагӣ кунем.”

Тазоҳурот дар рӯбарӯи манзили Акрам Айлислӣ.
Тазоҳурот дар рӯбарӯи манзили Акрам Айлислӣ.
Дар асари нави Айлислӣ вазъи имрӯзаи кишвараш низ қаламдод гаштааст. Вай режими феълии Озарбойҷонро таҳти танқид қарор додааст ва муносибати шадидан манфии худро ба Ҳайдар Алиев, президенти пешин ва падари президенти феълӣ Илҳом Алиев баён доштааст. Шояд бештар ҳамин ҷанбаъҳои румон мухолифати мақомоти озариро ба он ангехтааст.
Алӣ Аҳмадов, мудир иҷроияи ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” гуфт, Айлислӣ ба ватани худ “зарбаи равонӣ” задааст. Вай ҳатто нависандаро айбдор кард, ки на озарӣ, балки як “армании махфишуда” аст. Талаб шудааст, ки намунаи ДНК-и нависанда озмоиш ва миллияти ӯ муайян карда шавад.

Мунаққидони дигар Айлислиро айбдор карданд, ки ба пайроҳаи нависандаи турк Орҳан Памук пой гузошааст ва мехоҳад, бо ин роҳ шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст орад ва Ҷоизаи Нобел гирад. Памук барои зикри ҷурми туркҳо дар қатли оми арманиҳо дар давраи Усмония дар ватанаш таҳти фишор қарор гирифта буд.

Дар посух ба ин иттиҳомот Айлислӣ мегӯяд, мақомоти озар аз бунбасти миёни Озарбойҷону Арманистон ба манфиатҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Ба ақидаи ӯ, ин мақомот намехоҳанд, мушкили байни ду кишвар ҳалли худро пайдо кунад, ҳол он ки ин мушкил дар сатҳи худи онҳост, на сатҳи мардуми одӣ. “Онҳо фикр намекунанд, ки ин корашон сабаби азоби бештари мардум мешавад. Онҳо мехоҳанд, ҳамоно дар қасрҳои худ зиндагии роҳат дошта бошанду мардуми одӣ ҳамоно азият кашад.”

Нависандаи тоҷик Саттор Турсун мегӯяд, Айлислӣ аз рӯи муҳаббаташ ба мардуми худ ин асарро навиштааст: “Вай нависандаи бузург, ки ҳаст, дилаш сӯхтаву ба қазияи арману озарбойҷон дахл кардааст. Бесабаб дахл намекунад.”
Ҷаноби Турсун ба асли “тавба” ва поксозии гуноҳҳо ишора мекунад. Муносибатҳои имрӯзаи байни элитаҳои Арманистону Озарбойҷон то андозае ба равобити байни Тоҷикистону Узбакистон шабоҳат дорад, аммо на ин муносибатҳо ва на рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳанӯз аз тарафи нависандагони саршиноси тоҷик таҳқиқ нашудаанд. Нависанда Абдурофеи Рабизод бар ин аст, ки “Сакарот”-и шоира Гулрухсор ва чанд навиштаи дигаре метавонанд, як гӯшаи ин холигоҳро пур кунанд, аммо ба сурати умум фазои муносибе барои румонҳои шабеҳи “Хобҳои сангин”-и Айлислӣ дар Тоҷикистон фароҳам наомадааст.

Акрам Айлислӣ хатмкардаи Донишгоҳи адабии ба номи Горкии Маскав муаллифи зиёда аз 50 румону маҷмӯаҳо, барандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинӣ дар соли 1968 ва ордени “Истиқлол” дар соли 2002, баландтарин мукофоти давлатии Озарбойҷон, дар соли 2005 вакили порлумони ин кишвар интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG