Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ-баҳси номзадҳо. Афғонистон ба кӣ мемонад? (ВИДЕО ва АКСҲО)


Чаҳор довталабони мақоми раисиҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе, 15 феврал, дар даври аввали мунозираи телевизионӣ, ки бо ибтикори ширкати давлатии садову симои Афғонистон ва Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ сурат гирифт, ширкат доштанд.

Тайи чанд соат номзадҳо - раҳбари гурӯҳи исломӣ Қутбиддини Ҳилол, вазири пешини мудофиа Абдул Раҳим Вардак, волии собиқи вилояти Нангарҳор Гул Оғо Шерзай ва узви пешини парлумон аз вилояти Ғазнӣ Довуди Султонзай барномаҳои худро муаррифӣ карданд ва назари худро ба масоили гуногуни марбут ба фардои Афғонистон иброз доштанд.

Қарор буд, ки дар мунозираи рӯзи шанбе собиқ вазири умури хориҷӣ Абдулло Абдулло ҳам ширкат кунад ва аммо бо далели номаълум ба макони мунозира ҳозир нашуд. Гардонандагии мунозираи телефизионӣ бар дӯши як тан аз раҳбарони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Акбар Аёзӣ буд.

Мунозираи номзадҳо аз тариқи телевизиони Афғонистон ва сомонаи интернетии Радиои Афғонистони Озод ба таври мустақим намоиш дода шуд.




Абдурраҳим Вардак, собиқ вазири дифоъи Афғонистон гуфт, ки дар сурати пирӯзияш дар интихоботи президентӣ ӯ дар қадами аввал мубориза бо фасоди идориро шурӯъ хоҳад кард. Ӯ афзуд, "мо барои он дар ин ҷода гомҳои неруманд бардоштанием, ки фасод ба обрӯи Афғонистон дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ зарбаи шадид задааст".

Гул Оғо Шерзай волии собиқи вилояти Нангарҳор, муҳимтарин вазифаи сарвари ояндаи Афғонистон ташкили ҳукуматеро медонад, ки дар он афроди пуртаҷриба ва аммо дасташон орӣ аз хун шомил бошанд. "Вақте ман ба кохи раёсатҷумҳурӣ ворид мешавам, кабинаи худамро ташкил мекунам, ман дастаи тавоноеро ташкил хоҳам дод, ки дасташон олудаи хуни дигарон набошанд ва ҳамчунин даст ба фасод нахоҳанд зад", гуфт ӯ.

Аз нигоҳи номзади дигар Қутбиддин Ҳилол бояд Ҷирга ё шӯрое таъсис шавад ва ба он афроде шомил шаванд, ки дар набардҳо ширкат надоштанд ва лаёқати хуби пешбурди музокиротро доранд:. Ӯ афзуд, ки "мо бояд аз фасод ҷилавгирӣ кунем. Дар кишвар бояд қонуни шариати исломӣ татбиқ шавад. Мо ба идораи тавоно ҳам ниёз дорем. Мо бояд дар марвиди музокироти сулҳ бояд он қадар хушбин бошем, ки мардум ба он бовар кунанд. Музокироти сулҳ набояд бо масоили хурду реза хароб шаванд. Агар Қонуни асосии мо сади роҳ бошад, бояд мо онро тавассути раванди додгоҳӣ тайғир диҳем.

Баҳси номзадҳои афғон - рӯзи аввал
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Як бахши мунозира сари он мавзӯъ гузашт, ки Афғонистон бояд чӣ гуна кишвар бошад - ҷангсолор ё мардумсолор. Номзад ба мақоми преидентӣ, узви пешини парлумон аз вилояти Ғазнӣ Довуди Султонзай дар ин бора гуфт, ки "дидгоҳ муҳим аст, мо дидгоҳеро халқ хоҳем кард, ки мубтакир, мудаббир ва дурандешона бошад". Ӯ афзуд, ки афғонҳо хостори як давлати воқеъан ҳам мардумсолоранд.:

Марҳалаи дуввуми мунозираи телевизионӣ рӯзи якшанбе, 16 феврал, баргузор мешавад. Собиқ вазири умури хориҷӣ Залмай Расул, вазири пешини молия Ашраф Ғанӣ, мушовири собиқи раисиҷумҳур Ҳидоят Амин Арсало, бародари сарвари феълии кишвар Қаюм Карзай, шоҳзода Муҳаммад Нодир Наъим, набераи шоҳ Зоҳиршоҳ ва фармондеҳи собиқи муҷоҳидин Абдулраб Расули Сайёф барои ширкат дар ин мунозира изҳори омодагӣ кардаанд. Ҳадс зада мешавад, ки шояд доктор Абдулло Абдулло ҳам дар ин гуфтугӯҳо ширкат намояд.

Қарор аст, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 5 апрели соли равон баргузор шавад.

Вокуниши мардум ба нахустин баҳси телевизионии номзадҳоро инҷо тамошо кунед:

Мардуми Афғонистон дар бораи нахустин баҳси телевизионии номзадҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
XS
SM
MD
LG