Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи президент ба 21 варзишгар


Бистуяк варзишгари тоҷик, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.

Бо амри президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 24 декабр, ба тасвиб расидааст, Вазорати молияи кишвар вазифадор шудааст аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон барои мукофотонидани 21 нафар варзишгарон тибқи қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 673750 (шашсаду ҳафтоду се ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.

Бар асоси ин тасмим Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Вазорати молияи кишвар ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

Ёдовар мешавем, Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 9 январи соли равон бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо ба тасвиб расида буд.

Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ муқаррар шудааст.

Барои натиҷаҳои имсола маблағи аз ҳама баланд – 150 ҳазор сомонӣ –ба гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз гаштааст, супурда мешавад.

Ба ҷуз Дилшод Назаров, ба рӯйхати ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки сазовори Ҷоизаи президенти Тоҷикистон гардидаанд, нӯҳ нафар дар риштаи таэквондо ИТФ, чаҳор муштзан, се нафар оид ба ҷудо, ду самбочӣ, якнафарӣ оид ба қаиқронӣ дар каноэ ва тирандозӣ дохиланд. Маблағи ҷоиза аз 6 ҳазору 250 сомонӣ то 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Рӯйхати ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки сазовори Ҷоизаи президенти Тоҷикистон гардидаанд:

1. Назаров Дилшод (варзиши сабук)
2. Чориева Мавзуна (бокс)
3. Зулқайнарова Шоира (бокс)
4. Қурбонов Ҷаҳон (бокс)
5. Маҷидов Хуршед (ҷудо)
6. Саидов Аҳмадҷон (бокс)
7. Фаррухи Салим (ҷудо)
8. Сарахонов Муҳаммадраҳим (ҷудо)
9. Лагутенко Малика (тирандозӣ)
10. Даминов Шаҳриёр (қаиқронӣ)
11. Тюраева Сабина (таэквондо ИТФ)
12. Гадоев Баҳромҷон (таэквондо ИТФ)
13. Сатторов Масрур (таэквондо ИТФ)
14. Ахмедов Алишер (таэквондо ИТФ)
15. Наимов Муҳаммадҷон (таэквондо ИТФ)
16. Шамолов Зиёратшоҳ (таэквондо ИТФ)
17. Тюряев Далер (таэквондо ИТФ)
18. Набиев Беҳрӯз (таэквондо ИТФ)
19. Яқубов Садриддин (таэквондо ИТФ)
20. Хоркашев Набимуҳаммад (самбо)
21. Каримов Акмалиддин (самбо)

XS
SM
MD
LG