Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги садҳо афғон сафари Ашрафғанӣ ба Эронро ба таъхир андохт


Раиси ҷумҳури Афғонистон дар пайи барфезиҳои охир ва тармафароӣ, ки боиси ҳалокати тақрибан 300 кас шудааст, сафари худ ба Эронро ба таъхир андохт.

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, ба далели барфборӣ ва тармафароиҳои ахир дар кишвараш, ки боиси ҳалокати беш аз 280 тан шудааст, сафари худ ба Эронро ба таъхир андохт.

Ҷаноби Ашрафғанӣ рӯзи шанбе дар як суханронии худ гуфт, ҳоло 19 вилояти Афғонистон аз барфрезиву барфкӯчиҳо зиён дида, ҳанӯз ин хатар ба онҳо таҳдид мекунад.

“Хисороти ворида аз ин ҳодисаҳои табиӣ моро муддате бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард”,-гуфт раиси ҷумҳури Афғонистон. Ӯ афзуд, “дар бисёре аз бахшҳо боғҳо ва киштҳои ҳамватанони мо вайрон шудааст. Хатари ҳаводиси табииӣ аз байн нарафта ва вуқӯи ҳаводиси мушобеҳ ҳанӯз ҳам, бадбахтона, қобили пешбинӣ аст.”

Муҳаммад Ашрафғанӣ ҳаводиси ахири табиӣ дар Афғонистонро як фоҷиа хонд ва гуфт, бештари хисорот ба вилояти Панҷшер расидааст. Вай дар мавриди дидораш аз осебдидагони Панҷшер низ сӯҳбат кард ва аз ҷумла гуфт, “рӯзи ҷумъа баъд аз ҷаласаи муштараки амниятӣ ва изтирорӣ ба Панҷшер рафтем ва бо хонаводаҳои қурбониён аз наздик дидор кардем. Чашмҳо намнок буд ва чеҳраҳо ғамгин. Аммо дар ҳамон ҳол аз омадани ман ташаккур карданд.”

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар идома афзуд, 36 дарсади аҳолии ин кишвар дар зери хатти фақр ба сар мебаранд ва чунин ҳаводиси табиӣ барояшон мушкилҳои зиёде эҷод хоҳад кард. Муҳаммад Ашрафғанӣ гуфт, ҳукумат бидуни ҳамкориҳои пайвастаи байналмилалӣ барои ҷуброни хисороти ҳаводиси табиӣ қадамҳои асосӣ ва дарозмуддат бардошта наметавонад.

Дар пайи барфбориҳо ва тармафароиҳои ахир дар Афғонистон 286 тан ҷони худро аз даст дода ва 143 нафари дигар захмӣ шуданд. Ду рӯзи пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ ба унвони ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашрафғанӣ бинобар ҳалокати садҳо нафар бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма барқияи таслият ирсол кард.

Дар барқияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфта шудааст, "хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт.”

Дар охир аз Ашрафғанӣ хоста шудааст, то ҳамдардии ҷониби Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар бирасонад.

XS
SM
MD
LG