Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи таслияти Раҳмон ба Ашрафғанӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашрафғанӣ бинобар ҳалокати садҳо нафар бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма барқияи тасаллият ирсол кардааст.

Дар барқияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст, "хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт. Аз Ҷалолатмаоб хоҳиш мекардам, ҳамдардии самимии моро ба мардуми бародари Афғонистон бирасонанд. Худованди мутаол ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун."

Тайи чанд рӯзи ахир манотиқи шимолу шарқии Афғонистон шоҳиди барфрезии шадид буд. Тибқи гузоришҳои охирин, дар пайи ин барфрезӣ ва фаромадани тарма беш аз 230 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки бештари онҳо аз дараи Панҷшер будаанд. Мақомоти ин вилоят гуфтаанд, эҳтимол шумораи қурбониён афзоиш ёбад. Барфбориҳои ахир дар вилоятҳои Бадахшон, Кунар, Парвон ва Нуристон низ талафоти ҷонӣ ва молӣ дар пай доштааст.

XS
SM
MD
LG