Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пеши қадами президент себу гелосу олу гул мекунад


Дарахте дар масири сафари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар Намангон

Дарахте дар масири сафари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар Намангон

Ба муносибати сафари раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ба вилояти Намагони кишвараш дар шохи дарахтҳои себу гелоси ин минтақа гулҳои садбарг шукуфтанд. Аммо коғазӣ...

Дуруст аст, ки президентҳо ба ҳар деҳ ё ноҳия сафар кунанд, он ҷо барои чанд рӯз зебову хуррам мешавад. Барои намуна, дар остонаи сафари раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ба вилояти Намагон на танҳо роҳҳо таъмир шуданду девори хонаҳо сафед, балки ҳамчунин себу гелос “шукуфтанд”. Гӯё сафари президент мисли омадани баҳор аст. Аммо ин дарахтҳо ҳанӯз барг набаровардаанд ва гулҳо ҳамагӣ коғазиянд.

Блогнависи ӯзбак Музаффар мегӯяд, ба ин овозаҳо бовар накард ва худ рафт, то шукуфтани “ногаҳонӣ”-и дарахтонро бо чашми сар бубинад. Вай дареғ мехӯрад, ки чаро садбаргҳо коғазиянд. “Барои ҳурмати президент мешуд, аз бозор гулҳои табиӣ овард ва сари роҳаш гузошт. Магар раисиҷумҳур зори ин гулҳои коғазист?”

Вай менависад, агар соле пеш раисиҷумҳур барои саҳнасозии “ҷамъоварии пахта” дар Фарғона ҳокимонро ҷазо медод, шояд имрӯз сари роҳаш ба шохи дарахтҳо гули коғазӣ намечаспонданд. Ҳодисаи Фарғона ин аст, ки пахтаи ғундоштаро дубора ба сари ғузаҳои пахта часпонда, ҷамъоварии онро ба як намоиш табдил доданд.

Сафарҳои Ислом Каримов ҳамчун номзад ба шаҳру вилоятҳои Ӯзбакистон дар моҳҳои феврал ва март низ рӯйдодҳои аҷоиберо ошкор намуд. Дар яке аз ноҳияҳо боми ҳамаи хонаҳои сари роҳи президентро ранги сурх додаанд. Аммо танҳо як тарафро, “зеро барои тарафи дигар шояд ранг нарасидааст”. Ҳамчунин “шифер”-ҳои кӯҳна ё шикастаро аз бомҳо барчида, ба ҷои онҳо қир рехтаанд, ки дар тамузи тобистон шояд об шудаву аз гӯшаи бомҳо фурӯ резад.

Ба гуфтаи Музаффар, “ихтироъкорон” ё донистаанд, ки сурх ранги дӯстдоштаи президент аст ё хостаанд, як гӯшаи дурафтодаи кишвари худро шабеҳи Аврупо гардонанд, зеро дар он ҷо бомҳо сурхранганд.

"Ниқобпӯшонии наврӯзӣ" (Акс аз Рустам Гулов)

"Ниқобпӯшонии наврӯзӣ" (Акс аз Рустам Гулов)

Зоҳиран, табиати ҳокимони маҳаллӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ яксон аст. Имрӯзҳо Хуҷанд ба сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷашни Наврӯз омодагӣ мегирад. Зери унвони “Ниқобпӯшонии наврӯзӣ” блогнависи тоҷик Рустам Гулов акси шиорҳои идонаро дар шабакаи Фейсбук нашр кардааст, ки бояд дару девори начандон зеборо пӯшонанд.

Дар сафари дигари президенти Тоҷикистон ба яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон раҳбари маҳаллӣ амр дода буд, ки майсаи гандум “сартарошӣ” ва ҳамаи хӯшаҳо ба ҳам баробар карда шаванд. Барои ин чандин нафар рӯзи дароз хӯшаҳоро қайчӣ задаанд.

Соли 2006, ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ноҳияҳои водии Зарафшон, аз чандин киштзор беҳтарин буттаҳои карамро канда, дар киштзоре шинонданд, ки мебоист раисиҷумҳур аз он дидан мекард. Як шоҳиди ин ҳодиса нақл кард, ки кам монда буд, ин “ширинкорӣ” бо фалокати ифшои роз анҷомад, зеро ногоҳ шамоле бархост ва буттаҳоеро, ки нағз нашинонда буданд, ба афтодан сар карданд. Ҳокимони маҳаллиро зуд аз сари киштзор рафтани раисиҷумҳур наҷот дод.

Моҳи августи соли 2014 раҳбарони яке аз ноҳияҳои шаҳри Ишқобод аз кӯчаи навсохте гузашт, ки қарор буд, корвони мошинҳои раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз он рад шавад. Ба чашми ӯ ҳавосоз ё кондитсионерҳое бад намудор шуд, ки аз тирезаи хонаҳо берун ҷастаанд. Вай амр дод, ки ҳамаи ин ҳавосозҳо ба гунаи маҷбурӣ канда ва мусодира шаванд.

Ин дастури раҳбари ноҳия дар аввалин лаҳзаҳои иҷрояш сокинони биноҳои баландошёнаи гузари Параҳат -7-ро дар Ишқобод то андозае хашмгин кард, ки онҳо ба нишони эътироз гирдиҳамоӣ баргузор карданд ва истеъфои чунин раҳбарро талаб намуданд. Онҳо пеши роҳи кормандонро гирифтанд ва гуфтанд, дар гармои то 60 дараҷаи Селтсия бе ҳавосоз дар ин хонаҳо зистан номумкини аст.

Гумон мерафт, дар кишваре, ки тазоҳурот дар он ҳодисаи нодир аст, ин иқдоми шаҳрвандон ба пирӯзии онҳо хоҳад кашонд. Аммо ҳоким ғолиб омад ва ҳамаи кондитсионерҳо бе ягон ҷуброн барчида шуданд.

Блогнависи ӯзбакистонӣ Музаффар қиссаи гулҳои коғазиро аз латифаи паридани тимсоҳ шурӯъ кардааст. Шахсе аз ҳамкораш мепурсад, оё тимсоҳ парида метавонад?

--Не, дар куҷо дидаӣ, ки тимсоҳ парвоз кунад?

--Аммо раис гуфтанд, ки тимсоҳ парвоз мекунад.

Ҳамкораш каме даступо хӯрд ва гуфт:

--Ҳа, парвоз мекунаду лекин паст...

Хуб, агар тимсоҳ парвоз мекарда бошад, пас гелос ҳам метавонад гули садбарг шукуфонад, ними бомҳо сурх шавад, хӯшаҳои гандум қадди баробар дошта бошанд ва ҳокимони маҳаллӣ ҳукумат ронанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG