Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э. Раҳмон раиси Шӯрои уламоро барои "дурӣ аз мардум" сарзаниш кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат, 5 августи соли 2015

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат, 5 августи соли 2015

Президент Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саид Мукаррам Абдулқодирзодаро барои ширкаташ дар маъракаҳои мансабдорон сарзаниш кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 5 август аз раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода интиқод кард, ки дар рӯзҳои мусибати мардум бояд дар канори мардум бошад. Ин эрод дар ҳоле садо дод, ки дар ҷаласа пайомади офатҳои табиии ахир дар шарқи кишвар баррасӣ мешуд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Абдулқодирзода барои ширкаташ "дар маросимҳои​ шахсони мансабдор" эродҳои ҷиддӣ гирифт ва супориш дод, ки ӯ "дар ҳама ҳолат бояд паҳлуи мардуми бечора ва мусибатзада" бошад ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд. Президент ба раиси Шӯрои уламо тавия дод, ки ба мардум фаҳмонад, то ба кӣ бояд садақа дод: "Садақаро ба уламо ва муллоҳо не, ба бечораҳо ва камбағалон бояд дод."

Накӯҳиши раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар рӯзҳои офатҳои табиӣ дар чандин минтақаи Тоҷикистон ва ҳалокати одамон, ки осеби умумии он 600 миллион сомонӣ баровард шудааст, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ташаббусе аз худ нишон надод. Ин дар ҳолест, ки тақрибан ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва созмону муассисаҳои кишвар аз сар задани офатҳо изҳори таассуф карданд ва талош намуданд, ба осебдидагон мадад расонанд. Мақомоти Тоҷикистон барои ёрмандӣ ҳатто ба кишвар ва созмонҳои хориҷӣ муроҷиат кард.

Ҳамчунин ба мушоҳида мерасад, ки рӯҳониёни саршиноси кишвар бештар бо рақобати байниҳамӣ барои обрӯ ва нуфуз машғул буда, барои ширкат дар маросимҳои шахсони қудратманд ва пулдор бо ҳам сабқат мекунанд.

Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон имруз ба радиои Озодӣ гуфт дар идомаи ҷаласаи васеъи ҳукумат президент зимни додани дастур ба мақомоти алоҳида барои рафъи ҳарчӣ зуди пайомади обхезиҳо ба Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии мамлакат супориш дод, ки бархӯрди худро ба мусибати мардум иваз кунад.

Президент ба Кумитаи оид ба корҳои дин ва Шӯрои уламои кишвар вобаста расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба барҷомондагон, ятимон, ниёзмандон, додани садақаву фитр ба шахсони камбизоат ва ҷалби ҷомеа ба корҳои хайру савоб дастуру ҳидоятҳо дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG