Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеши қадами президент дар Ховалинг ҷав мекоранд


Майдони Марказии Ховалинг.
Майдони Марказии Ховалинг.

Дар ноҳияи Ховалинг масъулин барои пешвози президенти кишвар ҷав мекоранд.

Тасмим аст, авоили моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба минтақаи Кӯлоб сафар намуда, аз навоҳии он дидан кунад. Ба ин хотир масъулини ноҳияи Ховалинг маконҳои ва роҳҳое, ки президенти кишвар эҳтимолан аз он гузар мекунад, ҷав коштаанд.

Саъдулло Бобоназаров, раиси ширкати «Нигини Сулаймон», ки варзишгоҳи Марказии Ховалингро бунёд мекунад, гуфт, эҳтимол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо сокинони Ховалинг дар ин варзишгоҳ мулоқот кунад, аз ин рӯ, бо супориши раиси ноҳия наздики 500 килограм ҷавро дар роҳрав ва майдони варзишгоҳ коштаанд. Ин ҷав ба гуфтаи ӯ, барои гирифтани ҳосил нест, балки фақат ба хотири сабз нишон додани варзишгоҳ ва атрофи он дар назар гирифта шудааст.

Нишастгоҳҳои майдони Марказии Ховалинг.
Нишастгоҳҳои майдони Марказии Ховалинг.
Бобоназаров гуфт, бинобар дер маблағгузорӣ шудан аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, дар варзишгоҳ нуқс пайдо шуда буд, вале ҳоло бо ҷудо шудани 900 ҳазор сомонӣ талош доранд, то омадани президент, яъне аввалҳои моҳи сентябр ин камбудиҳо низ ислоҳ шаванд: «Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохта мешуд, вале бинобар маблағ ҷудо нашудан корҳо манъ шуд ва ҳамон харобиҳо ба ҳамин сабаб пайдо шуданд. Ҳоло аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ ҷудо кардаанд ва мо он тарқишу кафидагиҳоро дубора дуруст мекунем. Бо сарфи ҳамин маблағ бовар дорам, ки ҳамаи камбудиҳо ислоҳ мешаванд. »

Қаблан, Радиои «Озодӣ» дар мавриди хароб шудани варзишгоҳи Ховалинг гузориш карда, аксҳое аз ҳоли нохуби он низ нашр карда буд. Аммо ба назар мерасад, аз он замон то кунун ба ҷуз коштани ҷав дигар ҳеҷ дигаргунии ҷиддие дар ин варзишгоҳ, ки барои сохтмонаш наздики 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, дида намешавад.

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи маҳаллии «Пайк», ки дар ин маврид таҳқиқ бурдааст, мегӯяд, масъулин дар ноҳияи Ховалинг ҷавро ба хотири камбудиҳои сиёҳро сабз нишон додан мекоранд. Ӯ мегӯяд, садҳо камбудӣ дар варзишгоҳ ва дигар маҳаллаҳои Ховалинг аст ва коштани ҷав фиреби назар додани президенти кишвар аст.

Ба пешвози президент дар Ховалинг ҷав мекоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00
Линки мустақим


Аҳмади Иброҳим гуфт: «Дар ягон гӯшаи дунё дар варзишгоҳ ҷав намекоранд. Мо матлабе дар ҳафтанома доштем, бо номи «Мероси футуррафтаи Валиев», ки аз беҳуда сарф шудани маблағҳои ҳукумат сӯҳбат мекард. Оҷонсии меъмории назди президент пас аз нашри матлаб омада, санҷид ва 11 камбудии ҷиддӣ дар ин варзишгоҳ ошкор кард. Ҳоло дар Ховалинг ба ҷои ислоҳ танҳо ҷав мекоранд, то ҳама ҷоро дар чашми раҳбари давлат сабз нишон диҳанд. Бо сабз нишон додани варзишгоҳ тамоми камбудиҳоро пӯшонидан мехоҳанд.»

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик.
Кишоварзон мегӯянд, ҷав ягона донагие ҳаст, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҳангоми об додан сабз мешавад. Масъулини ноҳияи Ховалинг мегӯянд, барои сабзазор кардан ба ҷуз ҷав дигар имкони чизи дигар коштан набуд, дар ҳоле, ки ҳоло тирамоҳ фаро расидааст ва ҳама ҷо зард аст.

Назаралӣ, як сокини ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ҳангоми ҳар сафари президенти кишвар, раиси ноҳия талош мекунад, то «сюрпризе» барои президент омода кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар сафари қаблӣ раиси ноҳия акси бузурги президенти кишварро сари кӯҳи баланде насб кард ва эълон дошт, ки зимни насби ин акс аз зери он чашма баромадааст. Ин сокини Ховалинг мегӯяд, ин тамаллуқи раиси ноҳия буд, ки мехост, бо ин роҳ бузургии президентро ба таври худ намоиш диҳад, аммо мутаасифона ҳоло он чашма, ки «Чашмаи Эмомалӣ» ном дошт, хушк шудааст.

Бад ин тартиб, ҳоло дар аксари навоҳии минтақаи Кӯлоб барои сафари эҳтимолии президенти кишвар омодагӣ мегиранд. Аммо то ҳол сафари президент ба минтақа расман эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG