Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар садади таҳияи феҳристи ҷавонони дорои малакаҳои раҳбарӣ ва мудирият аст.

Қиёмиддин Миралиев, як масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ҳадафи ин иқдомро "кашфу муаррифии ҷавонони дорои малакаи раҳбарӣ ва тавонову донишманд барои мансабҳои давлатӣ" унвон кард.

Ҳамчунин Қиёмиддин Миралиев гуфт, ҷавононе, ки зарфиятҳои раҳбарӣ ва донишҳои замонавӣ доранд, дар пайи муроҷиат ба ин кумита ва мувофиқ будан ба талаботи аслӣ ба ин феҳрист ворид карда мешаванд.

Зимнан, ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон то кунун беш аз ҳазор ҷавон дар сатҳи мудирияти вазорату идораҳо ва ниҳодҳои давлатӣ дар вазифаҳои мухталифи идорӣ фаъолият мекунанд. Ин қариб нисфи кормандони мақомоти давлатӣ дар умури идори дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Таҳияи феҳристи ҷавонони дорои малакаи раҳбарӣ ва тавонову донишманд дар ҳолест, ки дар чанд тағйироти кадрии ахир дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон ҷавонон ба мақомҳои вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо роҳ ёфтанд ва солҳои ахир таваҷҷуҳи ҳукумат ҳам ба кадрҳои ҷавон бештар шудааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG