Пайвандҳои дастрасӣ

Аз рӯзи 15 феврал дар Тоҷикистон маъракаи таблиғоти қабл аз раъйпурсии ислоҳоти Қонуни асосӣ  шурӯъ шуд.

Дар як ҷаласаи вижаи Комисияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР), ки рӯзи 15−уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, 68 ҳавзаи интихоботиро дар саросари қаламрави кишвар расман таъсис дода шуд.

Ҳеҷ яке аз ин ҳавзаҳо дар берун аз қаламрави кишвар нестанд, аммо ба гуфтаи аъзоёни КМИР, сандуқҳои райъ дар бархе аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар гузошта мешаванд ва масъулияти ҳисобу китоби онҳо бар дӯши ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вогузор хоҳад шуд.

Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари тозатаъини КМИР дар ифтитоҳи ҷаласа гуфт: “Ҳадаф аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Констиутсия ба хотири рушди бемайлони соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа ва пешрафти он мебошад. Ин тағйирот ба пешрафти раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати ҳифзу риояи онҳо мусоидат менамояд.”

22 майи соли ҷорӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон шудааст. Тибқи лоиҳаи аз сӯи вакилонони парлумон тасдиқшуда, дар маҷмӯъ ба Констиутсия 41 тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Аммо дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон танҳо ба як суол ва он ҳам бошад - "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" - муроҷиат хоҳад шуд.

Ба ҷуз аз чанд ислоҳу тағйироти имлоиву грамматикӣ, муҳимтарин нуқтае, ки дар лоиҳаи нави Конститутсия омадааст, марбут ба боби президенти Сарқонун аст. Бар асоси ин тарҳ, синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин шуда, дар сурати тасвиби ин ислоҳ ба Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.

Ин тағйиру иловаҳо ба худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ҳам ҳақ хоҳад дод, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои навбатии президентӣ иштирок кунад. Бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳоло амал мекунад, як нафар наметавонад беш аз ду дафъа президентӣ кунад.

Дар ҷаласаи рӯзи 15−уми феврали КМИР ҳамчунин андозаву шакли варақаҳои раъйдиҳӣ, даъватномаҳо ва ҳуҷҷатҳои нозирони дохиливу хориҷиро тасдиқ карданд. Зимнан се нафар аз аъзои ин комиссия чанд соат қабл аз оғози он интихоб карда шуданд.

Носирҷон Салимӣ

Носирҷон Салимӣ

Дар ҷаласаи парлумон номзадии се нафар: Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагон, Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлия ба ҳайси аъзоёни нави КМИР ба унвони вакилони Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуданд. Ин се нафар бо раъйи аксарияти кулли орои вакилон ба аъзогии КМИР пазируфта шуданд.

Низом Қосим пас аз интихоб шуданаш ба узвияти КМИР дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Тасдиқи номзадии мо, се нафар имрӯз дар парлумон ба он хотир буд, ки ду нафар аз аъзои собиқи КМИР ба корҳои дигар гузаштанд ва яке, мутаассифона аз олам гузашт. Барои ҳамин ба ҷойи онҳо аъзои нав интихоб шуданд.”

Манзур аз се узви собиқи КМИР, Ҷалолиддин Маҳмудзода, узви маҳбасшудаи Шӯрои сиёсии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва Акбаралӣ Сатторов, раиси собиқи Иттиҳодияи журналистон, ки соли гузашта вафот кард, ва Вера Наумова аст, ки бознишаста шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ асосан аз ҳисоби вакилони парлумон гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, то банду фаслҳои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро, ки дар референдум гузошта мешавад, ба сокинон шарҳ бидиҳанд.

Ба ҷуз аз вакилони парлумон, додситонии кул низ ба додситонҳои ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар супориш додааст, ки мақсад ва муҳтавои лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро ба сокинон шарҳ бидиҳанд.

Қонуни асосии Тоҷикистон соли 1994 қабул шуда,дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG