Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташвишу тараддуди мардум дар арафаи Соли нав (ВИДЕО)


Наздик шудани Соли нав ташвишу тараддуди мардум дар кӯчаҳои Душанберо зиёдтар кардааст. Аксари мардум бо харидани тӯҳфаҳои солинавӣ ва қанду ширинҳо дар пайи таҳияи дастурхони идонаанд.

Бо онки то оғози соли нави 2015-ум соатҳои башумор мондааст, ташвишу тараддуди мардум барои охирин омодагиҳо ба таҷлили он бештар мешавад. Хабарнигори Озодӣ рӯзи 31 декабр дар кӯчаҳои Душанбе афзоиши ин ташвишу тараддудҳоро бештар дар авҷ гирифтани фурӯши тӯҳфаҳову бозичаҳои солинавӣ ва қанду шириниҳо эҳсос кард.

Бархе аз он шикоят доштанд, ки фурӯшандаҳо дар арафаи Соли нав, чун дар арафаи идҳои дигар, нархи маҳсулоти худро боз, ба қавле, ба осмон бардоштаанд ва тавре як ҳамсӯҳбати мо гуфт, “инсоф надоранд.” Мардум мегӯянд, бисёриҳо масруфу машғули кору бори зиндагӣ хариди тӯҳфаҳои солинавӣ ва нозу неъмати лозим барои таҳияи дастурхони идонаро ба рӯзи охир гузоштаанд ва фурӯшандаҳои бозору мағозаҳо аз ин сӯиистифода мекунанд.

Аммо бо вуҷуди афзоиши дар арафаи идҳо дигар ногузиршудаи нархҳо рӯҳияи аксари мардум дар арафаи Солинав хушу болида ва идона ба назар меояд. Кӯдаке бастаи тӯҳфаи солинавӣ дар даст барои мо шеъри солинавие хонд ва гуфт, бештар аз ҳама арчаи солинавиро дӯст медорад.

Духтараке бо номи Дилноза аз тариқи Радиои Озодӣ бародарашро бо Соли нав табрик гуфт. Бародари Дилноза дар ин рӯзҳо дар Помир хидмати артиш мекунад.

Ҳамсӯҳбатони Озодӣ аксар мегӯянд, ки Соли навро дар ҳалқаи ёру дӯстон ва аҳли хонавода пешвоз хоҳанд гирифт. Аммо барои онҳое ки мехоҳанд дар ҷамъи мардум ин идро таҷлил кунанд, дар майдони марказии Душанбе арчаи бузурги 20-метрие сохтаанд, ки фарқашро тоҷи заррин оро медиҳад. Шоми 31 декабр дар назди ин арча барномаи мутантани солинавӣ бо ширкати ситораҳои ҳунари тоҷик баргузор шуда, дар лаҳзаҳои фарорасии соли нави милодии 2015 дар маркази Душанбе фейерверки анъанавӣ фурӯзон мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG