Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳо ба маросими савганди навбатии Э.Раҳмон


Аз маросими соли 2006 (акс аз www.president.tj)

Аз маросими соли 2006 (акс аз www.president.tj)

Манобеъи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ба маросими адои савганди чоруми раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 16 ноябр доир мешавад, меҳмонони баландпоя аз хориҷ даъват нашудаанд.

Расми адои савганд ё инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 низ бидуни ширкати сарони давлатҳои хориҷӣ баргузор шуда буд. Вале дар соли 1999, вақте Эмомалӣ Раҳмон савганди дувуми президентиашро адо мекард, дар ин маросим меҳмонони воломақом аз кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Дар он маросим аз ҷумла Владимир Путин - нахуствазири вақти Русия – ширкат ва суханронӣ карда буд.

Дар рӯзи адои савганди Эмомалӣ Раҳмон, ки барои бори чорум ба мақоми президентӣ расид, на танҳо роҳҳои мошингард, балки фаъолияти фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои воқеъ дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе қатъ мегардад.Тоҷирони мағозаҳои воқеъ дар хиёбони марказии пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин як дастурро аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар дарёфт кардаанд.


Фирӯз, тоҷири фурӯшгоҳи марказии Душанбе ва ё ЦУМ мегӯяд, «тафтиши мағозаҳо алакай шурӯъ шудааст. Ба фикрам, ҳар куҷоеро ки тафтиш карда шуданд, маҳкам мекунанд. Фардо аниқ ки мақкам мешавад. Гуфтанд, ки ҷаноб гузарад, мекушоянд, вале аниқашро намедонам, ки кай кушода мешавад.»

Зайнаб, фурӯшандаи дигари яке аз мағозаҳои маркази пойтахт мегӯяд, ҳанӯз рӯзи 13 ноябр нозирони минтақавӣ онҳоро огоҳ карданд, ки дар рӯзи маросими савганди раисиҷумҳур дари тамоми мағозаҳо мӯҳр зада мешавад. Зайнаб мегӯяд, «пурсидем, гуфтанд, ки рӯзи қасамхӯрии президент аст, меҳмонҳо мебиёянд, барои ҳамин бояд ҳамаҷо маҳкам бошад.»

Бахтиёр, як масъули қаҳвахонаи «Мерве», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ ба Озодӣ гуфт, «рӯзе қабл ба шӯъбаи мо омаданд ва гуфтанд, ки баъд хабар медиҳем, ки бояд аз кай то кай ин қаҳвахона маҳкам шавад. Ҳоло барои мо дақиқ нест, ки аз кай корро қатъ кунем.»

Масъулони вазорати корҳои дохилӣ низ рӯи даст гирифта шудани тадобири шадиди амниятӣ дар рӯзи адои савганди раисиҷумҳур, яъне 16 ноябрро тасдиқ мекунанд. Маҳмадулло Асадуллоев - сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ба хотири он ки макони баргузории ҷорабиниҳо вобаста ба савгандёдкунӣ дар маркази пойтахт аст, мақомот маҷбуранд, ки аз чунин чораҳои амниятӣ кор бигиранд: «Тамоми шаҳр не, танҳо маконҳое, ки ин маросим мегузарад. Ин танҳо ба хотири таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ аст, чизи дигар не.» Ба назар мерасад, ки гаштугузори маъмурони амниятиву интизомӣ бо сагҳои бӯгир дар ҷодаҳои марказии Душанбе алакай аз 15 ноябр шурӯъ шудааст. Раёсати БДА – Бозрасии давлатии автомобилӣ - ҳам аллакай, рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки аз соати 06-00 субҳи 16 ноябр таваққуфи ҳама гуна василаи нақлиёт дар кӯчаҳои марказии Душанбе манъ хоҳад шуд.

Аммо кори занони роҳрӯб барои покиза кардану рангу бор додани кӯчаву хиёбонҳои марказии Душанбе аз соати дуи шаб шурӯъ шудааст. Гуландом Ҳидоятова, яке аз ин занон низ сабаби дар чунин дили шаб ба кор баромадани занони роҳрӯбро чунин шарҳ дод: «Пагоҳ маҷлиси Эмомалӣ Раҳмон будаст. Мо ҳам барои ҳамин ҳама ҷоро тоза карда истодаем.»

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, "хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе, ҷузвутомҳо, ҳайъати шахсӣ бо воҳидҳои навъи Горди миллӣ, қушӯнҳои сарҳадӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мақомотҳои махсуси назди президент ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ҳастанд, ки аз 5000 зиёд аст.» Ҳамчунин ҷаноби Маҳмадалиев илова кард, ки дар баробари ин авиатсияи ҷангӣ, иборат аз даҳ ҳавопаймои ҳарбӣ ва даҳ чархболи ҷангӣ, бар фазои майдони "Дӯстӣ" парвоз хоҳанд кард.

О.Оқилови 69-сола шояд акнун ба нафақа биравад

Бо оғози расмии давраи нави раёсати Эмомалӣ Раҳмон кобинаи қаблии ӯ, бо шумули сарвазир Оқил Оқилов, муовинони ӯ ва тамоми вазирону раисони кумитаҳо расман истеъфо хоҳанд дод. Эмомалӣ Раҳмон ба дунбол бояд кобинаи нави ҳукуматашро эълон кунад. Ташкил ва эъломи кобинаи нав метавонад чанд рӯз ва ҳатто чанд ҳафтаро дар бар бигирад, вале ин дафъа дар маҳофил аз оқои Раҳмон хеле мунтазири як ислоҳот ва поккории ҷиддӣ дар сафи ҳукуматанд.

Маросими рӯзи 16 ноябр чоруми расми адои савганди Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1994,1999 ва 2006 баъди пирӯзӣ дар интихоботҳои президентӣ ба ҳайси раҳбари кишвар адои савганд кардааст. Бо изофаи ду соли аввале, ки ӯ ба ҳайси раиси парлумон раҳбарии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, собиқаи раҳбарии оқои Раҳмон бар ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ инак ба 21 сол мерасад ва бо адои давраи нави ҳафтсолааш, ки тибқи Қонуни асосӣ, охирин давраи раёсати ӯст, ӯ 28 сол бар Тоҷикистон раҳбарӣ хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992

Эмомалӣ Раҳмон дар 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон – дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд дар шароите бори аввал раҳбари кишвар интихоб шуд, ки дар водиҳои Вахшу Ҳисор ҷанги хунини шаҳрвандӣ идома дошт ва ба ин далел ва ҳам ба далели таҷрибаи ками давлатдории мақомоти тоҷик, маросими сари қудрат омадани ӯ хеле хоксорона гузашт. Ду маросими баъдии адои савганди раёсатҷумҳурии ӯ дар солҳои 1994 ва 1999, ки аввалӣ дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва дувумӣ тоза баъди анҷоми ин ҷанг гузашт, низ зиёд пуршукӯҳу пурдабдаба ба назар намерасид.

Аммо нуқтаи авҷи савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президент маросими соли 2006 буд, ки ба назари мунтақидон, бо шеваи адои савганду супурдани рамзҳои преиздентӣ ва гашти низомӣ ва савори мошини шики кабриолети "Роллс Ройс" аз хиёбони марказии пойтахт гузаштани худи ӯ аз нигоҳи шукӯҳу шаҳомат бештар ба расми тоҷгузории як подшоҳи ҷадид мемонд, то ба адои савганди як президент.

Тамоми ин маъракаҳои имсолаи марбут ба шурӯъи давраи нави раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, қарор аст, тариқи ҳамаи 4 шабакаи телевизионии давлатӣ мустақиман пахш шавад. Дар маросими савганди президент вакилони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, меҳмонҳои хориҷӣ ва раисони шаҳру вилоятҳо, ҳудудан 400 нафар ширкат хоҳанд кард. Аммо ба фарқ аз маросими савгандёдкуниҳои қаблӣ, ин чорабинӣ бидуни ширкати раҳбарони кишварҳои хориҷ хоҳад гузашт.

Дар арафаи маросими имсола Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки адои савганди Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа "нисбатан хоксорона" доир хоҳад шуд. Аммо мунтақидон мегӯянд, ҳанӯз мушаххас нест, ки мақомот зери ин мафҳуми “нисбатан хоксорона” чиро дар назар доранд?
Хосса дар ҳоле ки барномаи адои савганди навбатии президентии Эмомалӣ Раҳмон чандин маросими пуршукӯҳ дар бинои парлумону дар Кохи Сомон ва ҳам гашти низомӣ бо ҷалби 5 000 сарбозу афсар дар майдони марказии Душанберо дар бар мегирад ва дар тамоми ин муддат идороту дӯкону ошхонаҳои воқеъ дар марказии пойтахтро бояд дарҳои худро"ба далоили амниятӣ" бубанданд
XS
SM
MD
LG