Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР натоиҷи ниҳоии интихоботро эълон кард


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натоиҷи ниҳоии интихоботи президентии 6-уми ноябрро эълон кард.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР рӯзи 13-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз рӯзи 7-уми ноябр ба ин тараф ҳамаи овозҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия дода буданд, дарёфт шуда, ба шумораи раъйҳои рӯзи 6-уми ноябр зам шудаанд: «Мо мебоист фардо натиҷаи онро шарҳ медодем, вале ҳамин рӯз дар сомонаи худамон ва "Ховар" ба нашр расондем ва ҳамин рақамҳо натиҷаи ниҳоии интихоботи президентӣ мебошад.»

Мувофиқи шумориши натиҷаи ниҳоии интихоботи президентӣ, Эмомалӣ Раҳмон - номзад аз Ҳизби халқи-демократӣ Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, 84,23 дарсади ороро соҳиб шудаааст.

Тавре КМИР мегӯяд, барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар 27 давлати ҷаҳон 61 участкаи интихоботӣ, аз ин шумора 24 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Русия ташкил карда шуд.

Аз шумораи умумии 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардиданд, 3 миллиону 787 ҳазору 703 нафар дар овоздиҳӣ иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад. Шумораи бюллетенҳои беэътибор ҳисобидашуда дар маҷмуъ 39403 адад ё худ 1,04%-ро ташкил додааст.

КМИР мегӯяд, тибқи протоколҳои ҷамъбастии натиҷаи интихобот, ки аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи президентӣ ба ин ниҳод ворид гардиданд, байни 6 номзади ба мақоми Тоҷикистон бақайдгирифташуда, ки ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба таври зайл тақсим шуданд: Бобоев Олимҷон, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143231 нафар ё 3,82%, Бухориев Толибек Аҳмадович, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168313 нафар ё 4,49%, Ғаффоров Абдуҳалим, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, тарафдор 55516 нафар ё 1,48%, Исмонов Саидҷаъфар Исмонович, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39334 нафар ё 1,05%, Талбаков Исмоил Иброимович, номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, тарафдор 184653 нафар ё 4,93%.
XS
SM
MD
LG