Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як ҳафтаи ахир парчам ба серхаридортарин маҳсулоти дӯконҳои Кӯлоб табдил ёфтааст.

Барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб беш аз 10 ҳазор хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯён ҷалб шудаанд. Хонандагони макотиби миёна бояд акси бузурги президент ва ё ҳади ақал парчам сари даст дошта бошанд. Ҳар нафаре, ки дар маросими пешвози президент ширкат мекунад, аз дарсҳо озод шудаанд.

Ёсумани Саид, як хонандаи мактаби миёнаи Кӯлоб дар ҳоле, ки чӣ тавр байрақафшониро ҳангоми сафари президент дар яке аз хиёбонҳои шаҳр тамрин мекард, гуфт, ҳанӯз ҳафтае пеш аз ҳамсинфони ӯ барои харидории парчам ва чопи акси президент 5 сомонӣ ҷамъоварӣ карда буданд, вале онҳо беш аз як моҳ боз ба хотири пешвози президент омодагӣ мегиранд. Ин хонанда гуфт, ҳар рӯз аз соати 8-и саҳар то нисфирӯзӣ кори ӯ бо аксари ҳамсинфонаш чунин аст: «Сурати президентро дар дастамон бо байрақ мегирем. Шеър мегӯем ва қарсак мезанем. То омадани Ҷаноби Олӣ бояд тайёр шавем.»

Олим, як хонандаи дигар, ки ҳамроҳ бо ҳамсинфонаш парчам ва аксҳои президент тамрин мекарданд, гуфт: «Як моҳ шуд, ки дар ҳамин кор ҳастем. Бояд шеърҳоро бехато бихонем ва байрақҳоро дуруст боло бардорем. Аксҳои президентро ҳам биҷунбонем.»

Як тоҷире, ки дар Кӯлоб парчам мефурӯшад ва худро Сафармад муаррифӣ кард, гуфт, давоми як ҳафта аз ӯ беш аз 2 ҳазор парчамро бо нархи 3 то 5 сомонӣ харидорӣ кардаанд. Ӯ мегӯяд, дар таҷрибаи тиҷоратиаш барои нахустин бор аст, ки бо чунин теъдоди бузург парчам мефурӯшад. Муштариёни ӯ, на хонандагони мактаб, балки омӯзгорон будаанд, ки ҳар кадом барои гурӯҳҳои зери назорати худ парчам мехаридаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сарахон Абдуқаҳҳоров, мудири Шӯъбаи ташкилии дастгоҳи иҷроияи ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, танҳо ба пешвозгирии президенти кишвар ихтиёран хонандагоне ҷалб шудаанд, ки мехоҳанд, президенти кишварро аз наздик бубинанд. Ин масъули ҳукумати шаҳри Кӯлоб гуфт: «Парчаму суратҳоро қисман мактабҳои миёна худ харидорӣ кардаанд, вале бештари онҳоро ҳукумати шаҳр харидорӣ кардааст.»

Бад ин тартиб, дар ҳар маконе, ки он ҷо иншооти наве бояд боз шавад, гурӯҳи бузурги сокинон бо хонандагону донишҷӯён чи тавр шеър гуфтану қарсак заданро тамрин мекунанд. Мо назди бинои тозабунёди шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ омадем, ки эҳтимол дорад, онро президенти кишвар боз кунад.

Гурӯҳе аз занҳои миёнасол ин ҷо зери оҳанг сурудеро тамрин мекарданд:

«Эй сарвари тоҷикони олам, аҳсан,
Ҳам роҳбари хушкаломи тоҷик, аҳсан,
Мо фахр кунем, ҷумлагӣ аз корат,
Эй вориси нангу номи тоҷик, аҳсан.»

Мадина, як ҷавондухтари дигар назди ин бино дар даст лаълӣ ва дохили он ду қайчӣ чӣ тавр ба президент дароз кардани қайчиҳоро машқ мекард. Ӯ дар сӯҳбат ба мо гуфт: «Ба ман ин ҷо нишон доданд, ки бояд чӣ тавр боэҳтиром қайчиро ба Ҷаноби олӣ дароз кунам. Як моҳ шуд, ки ҳамин ҷо машқ мекунем. Баъзан ба дарсҳо меравем, вале агар дер ҳам кунем, моро чизе намегӯянд.»

Барои пешвози президенти кишвар дар Кӯлоб беш аз як моҳ боз масъулин ва хонандагону донишҷӯён омодагӣ мегиранд. Қарор аст, президенти кишвар то охири моҳи октябр ба Кӯлоб сафари корӣ анҷом бидиҳад ва чанд иншооти тозабунёдро бо ширкати ӯ мавриди истифода қарор бидиҳанд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG