Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То кунун 30 ҳазор афсари эҳтиётӣ дар қисмҳои низомӣ ва размоишгоҳҳои воқеъ дар вилояти Хатлон тамрин дидаанд. Ин машқҳо нақшавӣ буда, марҳила ба марҳила дар тамоми Тоҷикистон гузаронда мешаванд.

Вазорати дифои Тоҷикистон бо ҳадафи такмили омодагии ҷангии афсарони эҳтиётӣ ва сарбозони собиқ ҳазорон афсари эҳтиётиро дар Хатлон тамринҳои низомӣ дод. Дилмурод Назаров, комиссари низомии минтақаи Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин машқҳо бо ёрии ҳукуматҳои маҳаллӣ дар воҳидҳои низомӣ ва, инчунин, размоишгоҳҳои Мумираку Сунбула сурат гирифтанд".

Ба қавли Назаров, ахиран худуди 5 ҳазор афсари эхтиётӣ, ки дар қайди комиссариятҳои низомӣ ҳастанд, дигарбора даъватнома гирифтанд. Машқҳои тактикӣ тибқи нақша сурат гирифта ва моҳҳои оянда дар вилояти Бадахшон ва Суғд доир хоҳад шуд. Қарор аст, онҳо низ ба машқҳои омӯзишӣ ҷалб шаванд ва омодагии ҷангиро дар амал такрор кунанд. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, "ин афрод нерӯи захиравӣ ҳастанд ва дар сурати зарурат барои ҳифзи марзу бум ҷалб хоҳанд шуд".

Ба гуфтаи комиссари низомии минтақаи Кӯлоб, бо таваҷҷӯҳ ба он ки афсарони эҳтиётӣ ва сарбозони собиқ бо силоҳу муҳимоти муосир, ошноии бештар пайдо кунанд, марҳила ба марҳила ба марказҳои таълимии воқеъ дар қисмҳои низомӣ ҷалб ва баъдан ба машқҳои ҳарбӣ дар размоишгоҳҳои мавҷуд дар вилояти Хатлон сафарбар мешаванд. Ин масъули комиссарияти низомии минтақаи Кӯлоб афзуд, сарбозони собиқ дар машқгоҳҳо дар амал бо силоҳҳо сару кор мегиранд ва силоҳи оташфишонро дар амал имтиҳон мекунанд.

Хабари даъвати сарбозони эҳтиётӣ дар минтақаи Кӯлобро масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон низ тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ин иқдом танҳо ба ин минтақа рабт намегирад, балки дар тамоми вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзонидани сарбозоне, ки дар эҳтиёт ҳастанд, дуюмбора даъватнома фиристонда мешавад.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, сарбозоне, ки дар воҳидҳои марзӣ хизмат кардаанд, бояд аз машқҳои тактикӣ гузаранд. "Агар дар ноҳияҳои наздимарзӣ ягон ҳуҷуми ногаҳонӣ шавад, то расидани қувваҳои асосии мудофиавӣ, нерӯҳои эҳтиётӣ бояд бар зидди душман истодагарӣ карда тавонанд ва ба қадри имкон пеши роҳи онро гиранд. Даъвати мо ҳам барои ҳамин аст. Чун таҳдидҳои муосир нишон медиҳад, ки мо дар ҳар ҳолате омода бошем. Ҳар хизматчии ҳарбие, ки савганд ёд мекунад, бояд то нафаси охирин ба савгандаш истодагарӣ кунад," -- афзуд ӯ.

Иддае аз ҷавононе, ки қаблан хизмати сарбозиро аҷном додаанд, хабари даъват ба комиссариатҳои ҳарбиро тасдиқ карданд. Парвиз, як ҷавони 32-сола аз Фархор, ки ҳафт сол пеш дар қисми марзбонии воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат карда ва ҳоло дар яке аз бемористонҳо пизишк аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, даъватнома ба ӯ аз ҷониби комисариати ноҳия расидааст.

Ба гуфтаи Парвиз, кормандони комиссариати низомӣ ҳангоми супоридани даъватнома гуфтаанд, "омода бошад ва ҳар гоҳе лозим шуд, ба комиссарият даъват хоҳем кард". Парвиз мегӯяд, ӯ хизмати аскариро дар марз сарбаландона иҷро карда буд ва тактикаҳои низомиро низ ҳоло фаромӯш накардааст. Аммо мегӯяд, дар сурати зарурат омодааст бори дигар ба Ватан хизмат кунад.

Шерафкан Авазов, сокини дигари Фархор ва аскари собиқи Вазорати дифоъ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба сар мебарад ва аз хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро, ба хусус "Толибон" огаҳӣ дорад. Ӯ ҳоло даъватнома нагирифтааст, аммо мегӯяд, ки ба хизмат омодааст.

Тақсими давъатнома ба иддае аз сарбозони собиқ дар ҳолест, ки нооромиҳо ва ҷангҳои пароканда дар марзи Афғонистон хабар мерасад. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ дар моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе шумораи ҷангиёни мусаллаҳ дар шимоли Афғонистонро 1,5 ҳазор хонда ва гуфт, ки ин гурӯҳҳо бештар дар минтақаҳои Кундуз, Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб ҷойгиранд.

Ҳарчанд ин мақоми баландпояи тоҷик мегӯяд, дақиқ кардани узви кадом гурӯҳ будани ҷангиён мушкил аст, вале гуфта мешавад, дар онҷо бештар аъзои гурӯҳҳои "Толибон", "Ансоруллоҳ" ва "Давлати исломӣ" бештар фаъоланд. Ноҳияҳои Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Қумсангир ва Шаҳритуси вилояти Хатлон бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарзанд. Дарозии марзи муштараки Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон ҳудуди беш аз 1300 километро ташкил медиҳад.

Тақсими давъатномаҳо ба ҳазорҳо сарбози собиқ ва ҳамин тавр ҷалби афсарони эҳтиётӣ барои машқ дар размоишгоҳҳо барои такмили омодагии ҷангӣ дар ҳолест, ки дар сафи Артиши Тоҷикистон даҳҳо ҳазор ҷавонон хизмат мекунанд. Ҳар сол ду дафъа - даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ барои хизмат дар Артиши Тоҷикистон анҷом мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Ҷамъи афроди синну соли даъватӣ дар кишвар беш аз 600 000 гуфта мешавад, вале донишҷӯён ва ҳам онҳое, ки саробони ягонаи хонаводаанд, аз хидмати низомӣ озоданд.

Бо вуҷуди хизмати ҳазорҳо ҷавон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба назар мерасад, ки нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, ба хусус таҷаммӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи терорист ва ифротгаро дар наздикии хоки кишвар, мақомоти тоҷикро водор кардааст, ки омода бошанд ва дар сурати зарурат аз нерӯи афсарони эҳтиётӣ ва сарбозони собиқ истифода кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG