Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ дар бораи интихобот бо Карзай сӯҳбат кард


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон телефонӣ гуфтугӯ кардааст ва аз у хостааст ба нигарониҳои рақибони интихоботии ин кишвар аҳамият диҳад. Ҷон Керрӣ ҳамчунин нигарониҳои худро аз имкони бесуботиҳо дар натиҷаи ин низоъҳо баён дошт. Вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳамчунин бар “аҳамияти иттиҳоди миллӣ ва раванди сулҳомези сисёӣ” таъкид кард.

Интихоботи расёсати ҷумҳурии Афғонистон нахустин интиқоли қудрати иҷроӣ ба шакли демократӣ дар ин кишвар аст ва он ба даври дуввум кашида шуд. Дар даври дуввум Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ҳам ба рақобат пардохтанд.

Оқои Абдуллоҳ пас аз райгирӣ ва ҳангоми шумориши оро “дар бораи тақаллуби густарда ва созмонёфта” изҳорот дод. Оқои Абдуллоҳ рақиби интихоботии худ Ашрафғанӣ ва Ҳомид Карзай ва ҳамчунин Кумиссиюни мустақили интихоботиро муттаҳам кард, ки онҳо аз таъйиди пирузии вай худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG