Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзона: Беҳтарин тӯҳфаи сол барои ман таваллуди Закия буд


Соли 2015 барои овозхони маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуршед аз хотирмонтарин солҳост. Дар ҳамин сол ӯву ҳамсараш Фаридуни Хуршед соҳиби духтар шуданд.

Таваллуди нахустфарзанд дар соли 2015 роҳи Фарзонаи Хуршед, овозхони шинохтаи тоҷикро дар кору эҷод ду қисмат кард. Акнун барои Фарзона на саҳна, балки тарбияи духтарчааш беҳтарин эҳсосро мебахшад.

Таваллуди фарзанд ба Фарзона на танҳо рӯҳ, балки илҳоми тоза бахшид ва ӯ дар поёни имсол маҷмӯаи таронаҳои нави худро бо номи "Ёри ниқобӣ" сабт кард. Фарзонаи Хуршед мегӯяд, дар зиндагӣ бо афроди "ниқобдор" рӯ ба рӯ шудааст ва вуҷуди нафарони "чанд рӯя" ӯро барои эҷоди чунин оҳанг водор кардааст.

Фарзона духтари хурдии овозхони шинохтаи тоҷик Сурайёи Қосим 10 сол аст, тарона мехонад. Ӯ гуфт,баъд аз зиёрати Ҳаҷ мехост, аз саҳна канор равад, аммо меҳри мухлисон ӯро аз чунин тасмим боздошт. Ҳарчанд худи Фарзона иқрор медорад,феълан шунавандаи асосии оҳангҳояш боз ҳам Закия аст.

Аммо бо ин ҳам дар соли 2015 шумораи ҷоизаҳои Фарзонаи Хуршед бештар шуд, чунки ӯ моҳи сентябр дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple MusicAwards 2015” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон унвон шуд.

Фарзонаи Хуршед, ки ба қавли худаш ошиқи “шоппинг” ва либоҳои брендист дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тӯҳфаи соддаро дӯст намедорад. Ӯ, инчунин, дар ин сӯҳбат чанд орзуи солинавии худро ошкор кард, ки яке аз онҳо таваллуди додараке барои духтараш Закия будааст.

Фарзонаи Хуршед:Беҳтарин тӯҳфа таваллуди Закия аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:55 0:00

XS
SM
MD
LG