Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби Убайдуллоев: Ҷанги... Сурия ҳосили "бегонапарастӣ" аст


Низом Ҳакимов ҳамроҳ бо Саидмукаррам Абдулқодирзода
Низом Ҳакимов ҳамроҳ бо Саидмукаррам Абдулқодирзода

​Муовини шаҳрдори Душанбе дар суханронии худ пеш аз намози Иди Фитр сокинонро барои ҳифзи субот даъват карда ва бо мисол овардани вазъи Сурияву Ироқ онро ҳосили "бегонапрастӣ"-и онҳо номид.

Низом Ҳакимов, муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе даргириҳои Сурияву Ироқ ва Либияро ҳосили бегонапарастии онҳо ва уфтоданашон ба доми ифротгароён донист. Оқои Ҳакимов, ки субҳи 17 июл, пеш аз оғози намози Иди Фитр дар масҷиди марказии Душанбе суханронӣ кард, гуфт, ин даргириҳо агарчӣ дар Ховари Миёна ҷараён дорад, вале ба Тоҷикистон низ бетаъсир буда наметавонад.

“Муноқишаву даргириҳои кишварҳои Миср, Либия, Сурия ва Ироқ, ки фиреби созмонҳои террористиро хӯрдаанд, ба кишвари мо бе таъсир буда наметавонад,” – афзуд ӯ ва илова кард, “бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шукронаи сулҳу ваҳдат ва Ватани оромро кунанд ва бо меҳнати ҳалолу оқилона зиндагии худро беҳтар кунанд.”

Субҳи 17 июл садҳо ҳазор пайравони дини мубини Ислом дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон намози Иди Фитр ё Рамазонро гузоштанд. Ин бор намози ид ба фарқ аз солҳои гузашта хеле барвақттар - соати 6:30-и субҳ оғоз шуд ва бино ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ теъдоди намозугзорон дар масҷиди маркзаии пойтахт ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб дар муқоиса ба солҳои пеш камтар ба назар мерасиданд.

Намози иди Фитр дар масҷиди марказии Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

XS
SM
MD
LG