Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон - "нури мо, имони мо"?


“Эй шарафу армони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо. Нури мо, имони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо...”

Ин мисраъҳоро Меҳрангез, муҳассили яке аз мактабҳои пойтахти Тоҷикистон, мехонд, ки аз муаллимонаш омӯхтааст. Вай мегӯяд, номи Раҳмон барои онҳо бегона нест ва ҳамарӯза ӯву ҳамдарсонаш акси раисиҷумҳурро аз китоб мебинанд ва навиштаҳои ӯро мехонанд: “Дар синфҳо сурати президент ва гуфтаҳои ӯро овезон кардаанд. Вай ба хонандаҳо муроҷиат карда ва мегӯяд, ”хонед, Шумо ояндаи Тоҷикистонед”. Ин ҳарфҳоро дар роҳравҳо ҳам дидан мумкин аст”.

Ҳамин тавр аксҳои президент Раҳмон, ки то ин замон сари кӯчаҳо ва утоқҳои кории раҳбарони мансабдорро “зеб” медод, акнун роҳи васеътаре дар китобҳои дарсӣ ёфтааст. Агар бархе аз мансабдорон ин аксҳоро ба мисоли “тӯмор”-е нигаҳ медоранд, хонандагон мегӯянд, ки ин рамзи ватандӯстӣ барои ҳар як аз онҳост. Зеро дар саҳфаи нахусти ин китобҳо акси бузурги Эмомалӣ Раҳмонро мебинед, ки ба дӯстони хурдсоли худ муроҷиат карда ва онҳоро ба таҳсил даъват мекунад.

Фаррух, як хонандаи мактаби миёнаи Душанбе, дар сӯҳбате ба Озодӣ гуфт, ки муаллимон ба ӯву ҳамсинфонаш аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони фарди накӯкор ва сулҳофар ном мебаранд. Вай мегӯяд, барои ӯ муҳим нест, ки ҳоло дар Тоҷикистон чӣ мегузарад ва дар чӣ вазъияте қарор дорад. Муҳим барои ӯ ин будааст, ки дар баробари ватанаш президенти худро дӯст дорад ва ба ин содиқ бошад: “Мо дар бораи Раҳмон бисёр чиз медонем. Вай одами хуб ва бомаданият аст. Президенти мамлакати мост. Аксҳои ӯ дар китоб ва роҳраву синфи мо ҳаст ва муаллимон ба мо мефаҳмонанд, ки ӯ кист ва чӣ кардааст”.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, чопи аксҳои Раҳмон дар китобҳои дарсиро талоше барои устувории мақоми раисиҷумҳур медонад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бояд рамз барои ифтихор парчам ва суруди миллӣ бошад, на раисиҷумҳуре, ки дар тӯли ҳабдаҳ соли ҳукуматдорияш натавонистааст рӯзгори мардумро беҳбуд бахшад ва онҳоро аз панҷаи мушкилот бираҳонад: “Имрӯз на барқ асту на кор асту на гармӣ асту на маориф аст ва дар ин ҳол мардумро ба ин расм давъат кардан, ки ин наҷотдиҳандаи Шумост, нодуруст аст”.

Оқои Валиев ин нуктаро ҳам сарфи назар намекунад, ки нашри акси Раҳмон ба ҳайси раисиҷумҳур метавонад интихоби ҳар нафарро маҳдуд кунад. Гузашта аз ин, ба таъкиди вай, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ аст, ки наметавонад акси худро намоиш диҳад ва дар баробари раисони ҳафт ҳизби сиёсии дигар аз мақоми президентияш сӯистифода кунад.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров
Аммо Мӯсо Асозода, раҳбари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Душанбе, мегӯяд, ҳизби ӯ хостори чопи аксҳои Раҳмон дар китобҳои дарсӣ набудааст. Ба гуфтаи вай, ин танҳо мавқеъи вазорати маорифи Тоҷикистон аст, ки аксҳо ва муроҷиати раисиҷумҳурро дар саҳифоти аввали китобҳои дарсӣ нашр мекунад: “Ҳизби мо ба чопи аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар китобҳо ва ҷойҳои дигар, ки шахсони алоҳида омода мекунанд, эҳтиёҷ надорад. Агар суратҳои ӯ дар китобҳо чоп шуда бошад, пас, ин нигоҳи худи вазорат ва муаллифони китоб аст. Лекин ба унвони як рукни асосии ҷомеъаи мо зарур аст, ки аксҳои президент ҳам нашр ва часпонида шаванд, аммо на дар ҳар ҷое, ки рост омад”.

Агарчӣ мақомоти Вазорати маориф дар шарҳи ин мавзӯъ чизе нагуфтанд, аммо Абдусамад Султонов, раҳбари созмони “Ҷавонон ва тамаддун” ин аксҳоро баёни рӯшани шахспарастӣ дар Тоҷикистон медонад, ки мерос аз замони шуравӣ буда ба обрӯи Раҳмон чизе намеафзояд. Ва оқои Султонов дар ҳоле чопи аксҳои рангаи Раҳмон дар китобҳои дарсиро нозарур мешуморад, ки ба гуфтаи ӯ, вазъи вазорати маориф бо ду пой мелангад.

Бо ин ҳама борҳо худи Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи телевизион ишора ба вазирону мансабдорон кардааст, ки аз тавсифи ӯ даст бардоранд, аммо бо нашри аксҳои ӯ дар китобҳои дарсӣ афроди мансабдор беихтиёр аз Раҳмон бори дигар тавсиф ва ҳамин тавр садоқати худро ба қавле ба ҷаноби олӣ баён мекунанд.
XS
SM
MD
LG